Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳре мусулмоннишин дар қалби Аврупо


Масҷид дар маркази шаҳри Сараево
Масҷид дар маркази шаҳри Сараево

Мела Софтич нӯшидани машруботро як моҳ пеш бас кард, зеро барои рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон омодагӣ мегирифт, ки рӯзи душанбеи гузашта шурӯъ шуд.

Мела Софтич 24 сол дорад ва ҳазломез худро “мусулмони бо батарея” меномад, зеро, ба гуфтаи худаш, танҳо дар моҳи Рамазон мисли фарди эътиқодманд рафтор ва тамоми муқаррароти исломро иҷро мекунад.

Хабаргузории «Ройтерс» зимни гузорише аз шаҳри Сараево пойтахти Босния навиштааст, Мела Софтич аз насли ҷавонони мусулмони боснӣ аст, ки ҳангоми ҷангҳои 1992-1995 ба мазҳаби худ рӯ овардаанд, ки босниҳои мусулмон дар ин ҷангҳо азияти бисёре кашидаанд. Насли нав аз хонаводаҳои мусулмонони мӯътадиланд, ки замони Югославияи собиқ ва сотсиалистӣ аксаран аз мазҳаб дур буданд. Ин ҷавонон гӯшти хук намехӯранд вале дар моҳҳои дигар аксарияташон шароб менӯшанд. Тамоми дӯстони ман рӯза медоранд” гуфтааст, як хонуми олуфтаи сокини шаҳри Сараево ба хабарнигори «Ройтерс».

Ин шаҳр бо ҳамзистии осоиштаи пайравони мазҳабҳои мухталиф, мусулмонону, католикҳои романӣ, масеҳиёни ортодокс ва ҳамчунин яҳудиён тайи панҷ қарни гузашта маъруф аст, аммо баъди ҷангҳои хунини замони Югославияи собиқ ҳоло Сараево шаҳри умдатан мусулмонишин шудааст. Зилка Спаҳич Силяк, ҳамоҳангсози пажӯҳишҳои умури мазҳабӣ дар Донишгоҳи Сараево, ба «Ройтерс» гуфтааст, пас аз солҳои 90 аксарияти аҳолии Босния худро аз рӯи мазҳаб муаррифӣ мекунанд. Ӯ сабаби падидаи мазкурро дар ҷанг ва тағйири низоми сиёсиву иҷтимоӣ баъди аз ҳам пошидани Югославияи собиқ медонад.

Пеш аз ҷанг дар миёни мусулмонони Босния мазҳаб ба ҳайси бахше аз фарҳангу суннати мардумӣ ҳифз мешуд, аммо анъанаҳои мазҳабиро бисёр кам риоят мекарданд. Ба гуфтаи Зилка Спаҳич Силяк, дар солҳои 90–ум мазҳабро аз ҳаёти ҷомеъа берун карда шуда буд, вале баъди расидани озодӣ ва тағйири вазъ мардум озодона доир ба мазҳабу эътиқоди худ сӯҳбат карданд.

Мела Софтич ба хабарнигори «Ройтерс» гуфтааст, тамоми донишҷӯёни мусулмон дар донишгоҳ моҳи Рамазон рӯза медоранд ва ҳамсабақони ғайримусулмонашон онҳоро эҳтиром мекардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳатто баъзе аз дӯстони католик ва масеҳии ортодакси Мела Софтич ба Рамазон эҳтиром гузошта ва дар ин моҳ шароб наменӯшидаанд. Ба гуфтаи вай, Рамазон моҳи махсусе барои ӯст, зеро ӯ эҳсос мекунад, ки дар ин моҳ мардум воқеан якдигарро эҳтиром мекунанд.

XS
SM
MD
LG