Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тиллои сафед" бо обилаи дасти кӯдакон


Дар Узбакистон ҳарсола барои чидани пахта аз меҳнати садҳо ҳазор кӯдак истифода мешавад
Дар Узбакистон ҳарсола барои чидани пахта аз меҳнати садҳо ҳазор кӯдак истифода мешавад

Ҷулёт Уилямс раҳбари барномаӣ ва муассиси Бунёди адолати экологӣ дар Лондон аст.

Ин созмон тайи чанд соли охир барномаи вижаи мубориза бо меҳнати иҷбории кӯдаконро дар майдонҳои пахта ба роҳ монда, тамаркузи вижаро болои Ӯзбакистон равона кардааст. Вай мегӯяд, Ӯзбакистон тавлидкунандаи азими пахтаи хом дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб мешавад ва онҳо барои баррасии вазъ дар ин кишвар маҳз ба ҳамин хотир ин кишварро ҳадаф қарор додаанд.

Вай мегӯяд, сабаби дигар дар ин буд, ки созмони онҳоро масъалаи сафарбаркунии кӯдакони мактабхон ба майдонҳо, ки дар сатҳи давлатӣ танзим шуда, хеле фарогир мебошад, дар ташвиш гузоштааст. Аммо ба андешаи вай, вазъи Ӯзбакистон метавонад то андозае хоси ҷумҳуриҳои дигари минтақа, мисли Туркманистон ва Тоҷикистон ҳам бошад.

Дар баробари тарҳҳои вижаи иттилоотӣ онҳо як филми мустанадро дар Ӯзбакистон ба навор гирифтаанд, ки "Тиллои сафед" ном дорад, ва роҷеъ ба қимати хеле баланди ҷамъоварии пахта, ки ҳаёти садҳо ҳазор сокинони ин кишварро асар мекунад, сӯҳбат мекунад. Хонум Ҷулёт Уилямс дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт:

"Дар бисёр кишварҳо кӯдакон ба кор ҷалб мешаванд: онҳо дар хоҷагиҳои оилавӣ, дар бозорҳо кор мекунанд ва ин чиз дуруст нест. Мо тарафдор нестем. Аммо масъалаи истифодаи кӯдакон барои чидани пахта як чизи ғайримуқаррарӣ аст. Мо дар Ӯзбакистон мавридҳои зиёди ҷалби кӯдаконро ба пахтачинӣ қайд кардем, ки бидуни ҳақмузд кор мекунанд ва барои хотима додан ба ин корҳо тайи се сол ё каме бештар таблиғоти зиёд ба роҳ мондем".

Яке аз натиҷаҳои кори Бунёди адолати экологӣ ва фаъолони дигари ҳуқуқи кӯдак ва журналистони ғарбӣ дар ин самт ин буд, ки соли ҷорӣ чанд ширкати азими тавлидкунандаи моли пахтагӣ дар Аврупову Ғарб аз харидории пахтаи Ӯзбакистон даст кашиданд. Ва ҳоло ҳам, ба назари Ҷулёт Уилямс, барои рафъи пурраи ин мушкил дигар харидорон ҳам бояд аз ин иқдом пайравӣ кунанд:

"Масрафкунандаҳои пахтаи Ӯзбакистон дар Ғарб бояд аз харидории он даст кашанд ва бо ин амали худ паёми мушаххасе бидиҳанд, ки таҷрибаи истифодаи нерӯи кӯдак бояд хотима дода шавад. Мо тӯли якуним-ду сол бо ширкати Tesco, яке аз ширкатҳои азими нассоҷии ҷаҳонӣ, музокира кардем. Ин ширкат як мушти зӯри иқтисодӣ дорад ва ҳарфи он дар таъйини сиёсати иқтисодӣ хеле муҳим аст. Ва онҳо ҳам ба ин иқдом даст зада, гуфтанд, ки аз харидории пахтаи Ӯзбакистон даст мекашанд. Маъмулан, ширкатҳои бузург намедонанд, ки пахтаи кадом кишварро истифода мекунанд. Мо бояд кори зиёдро дар оянда барои таъмини шаффофияти бештари ин соҳа ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар нуқоти дигари ҷаҳон анҷом диҳем. Мо бо Tesco, Marks & Spencer, Wal-Mart - яъне ширкатҳои азими ҷаҳонӣ сӯҳбатҳо анҷом додем ва ҳамаи онҳо гуфтанд, ки аз харидани пахтаи Ӯзбакистон даст мекашанд. Акнун корхонаҳои онҳо дар Бангладеш, Шарқи дур намехоҳанд пахтаи Ӯзбакистонро истифода кунанд. Бояд таъкид кунам, ки мо бо соҳаи пахтакорӣ мушкил надорем, мо ба тарзи тавлиди он мухолифат дорем. Мо мехоҳем, ки кишоварзон аз тавлиди пахта манфиат бинанд ва муҳити зист ҳам дар ин манотиқ устувор бошад. Ва паёми харидорони ғарбии пахта ҳам ин аст, ки таҷрибаи ба кор ҷалб кардани кӯдакон бояд хотима дода шавад".

Вай мегӯяд, аз он хотир ки кӯдакон нерӯи арзон барои чиниши пахта буда, калонсолон дар кишварҳои ҳамсоя бо мардикорӣ машғуланд ва ё ин ки дар майдонҳои кишти Қирғизистону Қазоқистон даромади бештар ба даст меоранд, мақомоти Ӯзбакистон ба нерӯи кӯдакон рӯ меоранд. Бунёди адолати экологии Бритониё ба арзёбии вазъи кӯдакон дар майдонҳои пахтаи Ӯзбакистон ҷиддан пардохта, мегӯяд, аз рӯи арзёбиҳои онҳо дар ҳар мавсим то ду миллион кӯдаки мактабхон ҷалб мешаванд ва ҳамаи онҳо дар сангинтарин шароит кор мекунанд:

"Хурдтарин кӯдаконе, ки мо онҳоро дар майдонҳои пахта ба қайд гирифтем, ҳафтсола буданд. Ва ин бачаҳо тамоми рӯз зери офтоби сӯзон халтаҳои вазнини пахтаро ба пушташон бор карда, дар шароити сахте кор мекарданд. Онҳо ба ғизои муносиб дастрасӣ надоранд ва обро аз каналҳои обгузар истеъмол мекунанд, ки ба саломатиашон зарар дорад. Онҳо маҷбуранд кор кунанд. Бисёри онҳо барои корашон ҳақмузд намегиранд, бепул кор мекунанд. Аз ҳамин хотир, масъалаи шароити кори кӯдакон бисёр сахт аст".

Дар ҳама кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, меҳнати иҷбории кӯдакон манъ аст, вале вақте сухан аз чиниши ҳосили пахта меравад, гоҳо мақомот баҳонаҳои мисли "онҳо барои кӯмаки волидонашон дар хоҷагиҳо ҷалб мешаванд"-ро баҳона меоранд. Вай мегӯяд, ҳукумати Ӯзбакистон барномаи вижаи муқобила бо меҳнати кӯдакро ба роҳ мондааст, аммо вақте ки дар чиниши ҳосил ва фурӯши он хонаводаи раисиҷумҳурӣ ва ё чанд сарватманди наздик ба ҳукумат манфиатдор ҳастанд, чӣ тавр мешавад аз ҷалби садҳо ҳазор нерӯи бепули кӯдакона даст кашид?

"Мо шак дорем, ки онҳо дар як шаб метавонанд аз меҳнати иҷбории кӯдакон даст кашанд. Онҳо гуфта наметавонанд, ки "бале, мо дигар кори кӯдаконро манъ мекунем", чунки ин ҷо чанд сабаб аст, аз ҷумла ин ки воқеияти иқтисодӣ дигар аст. Кишоварзон муваззаф ҳастанд, ки нерӯи кӯдакро истифода кунанд. Дар марҳилаи кунунӣ онҳо интихоби дигар надоранд. Чунки ҳукумат бояд фикр кунад, ки чӣ гуна бояд ба калонсолон ҳақмузд бидиҳаду кулли ҷараёни чиниши пахтаро бо мошинҳо ба роҳ монад. Бояд дар масъалаи муносибати ҳукумати Ӯзбакистон ба пахта як тағйироти усулӣ ба миён ояд. Пахта маҳсулоти стратегӣ аст. Ва тағйирот ҳам бояд тавре шавад, ки даромади фурӯши пахта на ба кисаи чанд сарватманд дар ҳукумати ин кишвар, балки ба кисаи мардум равад ва онҳо бояд ҳақи интихоб дошта бошанд, ки пахтаро кишт кунанд ё на".

Ҷулёт Уилямс раҳбари барномаӣ ва муассиси Бунёди адолати экологӣ дар Лондон мегӯяд, созмони онҳо дар оянда ҳам ин масъаларо аз наздик дунбол хоҳад кард ва болои кишварҳое, ки аз нирӯи кӯдак бераҳмона ва дар мавсими хониш истифода мекунанд, фишор хоҳад овард.

"Мо дар оянда ҳам назоратро аз болои ин масъала идома хоҳем дод ва барои иҷрои ӯҳдадориҳои Ӯзбакистон фишор хоҳем овард. Ҳамчунин барои либерализатсия ё озод шудани соҳаи пахтакории Ӯзбакистон пофишорӣ мекунем. Ва инчунин ба вазъи кишварҳои дигар ҳам ҳамоно дида хоҳем дӯхт ва агар шароити ҳамсонро дар кишварҳои дигар бинем, ҳатман онро дунбол хоҳем кард, то ин ки харидорон ва ширкатҳо бедор шаванд ва ҳар тағйироте, ки метавонанд, ҷорӣ кунанд, то ки шароити зисти мардум дар Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Ҳинд беҳбуд ёбад. Ҳадафи мо ин аст, ки муҳити иҷтимоиро дар саросари ҷаҳон беҳтар гардонем".

Дар баробари як мушкили ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ будани соҳаи пахтакорӣ, Ҷулёт Уилямс аз он ба унвони як фоҷеаи экологӣ ҳам ёд кард, ки захираҳои обии минтақаро кам карда, аллакай боиси аз байн рафтани дарёчаи Арал шудааст.

XS
SM
MD
LG