Aз ҷумла, Абдулазим, як ҷавони мусоҳибам мегӯяд, ҳар дафъае, ки саҳифаҳои интернетиро боз мекунад, ӯро ҳарос фаро мегирад. Тарси он ки боз хабареро аз кушта шудани муҳоҷире дар Русия мехонад. Абдулазим суол медиҳад, ки чаро русҳо нисбат ба тоҷикон чунин ваҳшониятро раво мебинанд?
Абдулазим мегӯяд, ӯ бо боварӣ гуфта наметавонад, ки фардо мушкилоти иқтисодӣ ӯро низ ба сафҳои мардикорони Русия намепайвандад. Камолиддин, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, ҳарчанд вақтаҳои ахир ҳодисаҳои ҳамла ба тоҷикҳо дар Русия афзун мешавад, аммо ҷавонони тоҷик боз ҳам маҷбуранд ба ин кишвар ҳиҷрат кунанд, зеро дигар чорае надоранд.
Фаридун, яке аз дигар мусоҳибонам бар ин аст, ки ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар самти дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик корҳои мушаххасеро анҷом медиҳад, аммо кушта шудани муҳоҷирон, аксаран ҷавонон афзун мегардад.
Умед, як ҷавони дигар гуфт, дар сурати зиёд мунташир шудани хабарҳо дар мавриди куштори муҳоҷирони тоҷик, то ҳадде метавонад ҷараёни муҳоҷиратро ба ин кишвар коҳиш бидиҳад. Аз сӯи дигар, мегӯяд Умед, вақти он расидааст, ки ҷавонони тоҷик барои муҳоҷират кишварҳои дигарро ихтиёр кунанд.
Бино ба омори расмӣ, тайи танҳо 10 моҳи аввали соли 2008 ҷасади 322 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Умед Ҷайҳoнӣ, ҷавони тоҷики муқими Русия мегӯяд, ӯ ва дӯстонаш ният доранд, барои гусели тобути Салоҳиддин Азизов ба фурӯдгоҳ бираванд. Ӯ мегӯяд, ин иқдом оҳанги сиёсӣ надорад. Ба гуфтаи Умед, новобаста ба он ки ӯ солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар мебарад, аммо ҳамарӯза аз ҳаёти хонаводааш дар ташвиш аст.
Ба навиштаҳои сомонаҳои Русия, қариб ҳар ҳафта дар ин кишвар ба чеҳраҳои ғайриславянӣ аз сӯи сартарошидаҳо ва гурӯҳҳои қавмгарои рус ҳамла мешавад.