Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби «Тоҷикони Қазоқистон» нашр шуд


Бори нахуст дар Қазоқистон китоби «Тоҷикони Қазоқистон» ба се забон — тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ - нашр гардид.

Ин кор бо кӯшиши Фарҳод Ҷӯраев, пажӯҳишгари тоҷик, ки дар омӯзиши ҳаёти тоҷикони минтақа таҷрибае ҳосил кардааст, пиёда шуд. Китоб аз мақолаҳои гуногун, аз ҷумла «Ҳаёти дирӯзаву имрӯзаи тоҷикони Қазоқистон», «Ҳаёти фарҳангии тоҷикон», «Тоҷикон дар Қазоқистон», «Дӯстии ба дил наздик» ва «Муносибати фарҳангии тоҷикон ва қазоқҳо дар замони истиқлолият», иборат буда, муаллиф дар онҳо дар бораи таърих, зиндагӣ ва урфу одати тоҷикони ноҳияҳои Махтааралу Сариоғоч, ки дар он ҷо ағлаби тоҷикони бумӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин тоҷикони шаҳрҳои Шимкент, Туркистон, Костанай, Петропавловск, Алмаато ва ноҳияи Сайрам ҳикоят мекунад.

Дар китоб, аз ҷумла зикр гардидааст, ки бо кӯшиши чанд тан аз рушанфикрони кишвар дар солҳои гуногун 9 маркази фарҳангии шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии тоҷикон таъсис гардидаанд, ки онҳо дар пешбурди корҳои фарҳангиву ҳифзи анъаноту расму русум ва забон ва робита бо ватани бобоиашон - Тоҷикистон нақши назаррас бозидаанд. Ҳамчунин муаллиф дар бораи одамони обрӯманди кишвар аз ҷумлаи тоҷикон, мисли иқтисодшинос ва соҳибкори шинохта Дилбар Туркбенбоева, ховаршиноси маъруф Сафар Абдулло, профессорҳо Пӯлод Элдаров, Неъматулло Сайфуллоев, Шоаҳмад Раҷабматов, соҳибкори муваффақ Миразиз Усмонов, овозхонҳо Парвиз Назаров ва Ситора Назарова, нахустин омӯзгорон ва созмондиҳандагони марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон Зикрулло Шоалиев ва Ҷаҳонгир Давронов, рӯзноманигори шинохта Матлуба Шоалиева, боғдори номӣ Шоалӣ Мирзоюсуфов ва даҳҳо нафари дигар, маълумоти мухтасар додаст.

Дар ин китоб ҳамчунин мақолаи профессор Абдусаттор Нуралиев дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии тоҷикону қазоқҳо ҷой дода шудааст. Ҳамчунин дар китоб дар боби равобити сиёсиву иқтисодии ду кишвар, ба вижа ёрии Қазоқистон дар роҳи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон чун кишвари миёнҷигар сухан меравад.

Бори нахуст чоп ва ба дасти хонанда расидани китоби «Тоҷикони Қазоқистон»-ро бархеҳо, аз ҷумла Ҳикматулло Холиқов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, чун падидаи хуб арзёбӣ намуда, аз сӯи дигар афзуд, ки китоб бидуни машвара бо аҳли назар ва бо як навъ шитобкорӣ навишта шудааст ва дар натиҷа, баъзе паҳлӯҳои зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон инъикос нагардидаанд.

Оқои Холиқов мегӯяд, ки «аз мо касе як калима напурсидааст. Пеш аз он ки чизе бинвисанд, як маслиҳат мепурсиданд, ки чӣ ва дар бораи чӣ менависанд. Бо сафорати Тоҷикистон як маслиҳат мекарданд ва ё хайр бо мо маслиҳат накарданд, ақаллан бо аҳли назар, мисли Сафар Абдулло, машвара мекарданд. Каме шитобкорӣ карданд. Мегӯянд, ки «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд», аз ин хотир пеш аз навиштан як ҷамъ омада маслиҳат мекарданд, мо ҳам баъзе андешаҳо доштем».

Ба гуфтаи сарвари Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ва баъзе аз тоҷикони муқими Алмаато, дар китоб дар бораи тоҷиконе, ки баъди нобасомониҳо дар Тоҷикистон ба ин ҷо омада шаҳрванди ин кишвар шудаанд ва дар бисёр риштаҳо ба пешрафтҳои калон ноил гардидаанд, ва ҳамчунин дар бораи ҳамин таърих маълумоти зарурӣ дода нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аввалҳои соли навад беш аз 50 ҳазор тоҷикон ба Қазоқистон омадаанд ва дар ин ҷо паноҳгоҳ ёфтаанд. Бар илова, дар китоб ҳатто шумораи умумии тоҷикон дар Қазоқистон зикр нагардидааст.

Ин дар ҳолест, ки тавре дар китоб омадааст, муаллиф Фарҳод Ҷӯраев дар омӯзиши таърих ва фарҳангу анъаноти тоҷикони минтақа таҷрибае андӯхтааст ва асарҳое бо номи «Тоҷикони Қирғизистон» ( бо ҳамдастии Абдуҳалим Раҳимҷонов ва Баҳромҷон Марасулов), «Тоҷикони Учқӯрғон» ( бо ҳаммуаллифии Абдуҳалим Раҳимҷонов ва Саидазим Пӯлодӣ), «Тоҷикони Лайлак», «Ҷуғрофияи таърихии тоҷикони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона» офаридааст. Вале, чуноне ки худи муаллиф ҳам таъкид кардааст, чун ин нахустин кӯшиш барои ба хонанда ошно кардани тоҷикони Қазоқистон аст, шояд дар ин кор камбудиҳо низ ҷой дошта бошанд ва бо ёрии хонанда ин камбудиҳо дар нашрҳои минбаъда ислоҳ хоҳанд шуд.

Китоби «Тоҷикони Қазоқистон» бо ёрии молии соҳибкорони муваффақи тоҷики муқими Қазоқистон Миразиз Усмонов ва Бекпӯлод Тошпӯлодов бо ороиши ранга дар чопхонаи «Жетти жарғӣ»-и шаҳри Алмаато 3000 адад ба нашр расидааст.

XS
SM
MD
LG