Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши майл ба миллисозии бонкҳо дар Ғарб


Чарлз Рекнегел

Миллисозии бизнес мавзӯе нест, ки барои ҳукуматҳои ғарбӣ хушоянд бошад. Ва ба хотири кӯмак ба наҷоти бонкҳо аз бӯҳрон ҳукуматҳо дар Вошингтону Лондон ва ҳам дар саросари Аврупо барномаҳои мухталифи наҷотро қабул карданд. Онҳо мизони мафоди бонкиро то ҳадди мумкин поин бурда, ба бонкҳои хусусӣ имкон фароҳам оварданд, ки аз хазинаи давлат бо баҳраи кам қарз гиранд. Ва баъдан онҳо ба таври мустақим бар ивази саҳмияҳо ба бонкҳо сармоягузорӣ карданд, яъне бо ҳамон роҳе рафтанд, ки сармоягузорони хусусӣ мебоист аз он пайравӣ мекарданд.

Аммо бо вуҷуди чунин тадбирҳо, ба назар мерасад, чизе наметавонад, майли бонкҳоро ба оғози дубораи вомдиҳӣ зинда кунад. Дар ивази ин бонкҳо пули воридотиро маҳкам нигоҳ дошта, талош доранд ҳамон зиёни дидаи худро бар асари шикасти бозори маскан аз ҳисоби ин пулҳо барқарор кунанд.

Ҳовард Вилдон мутахассиси молии ширкати "BGC Partners" дар Лондон мебошад. Вай вазъро ингуна шарҳ дод: "Ҳукуматҳо омодагӣ мебинанд, ки бонкҳоро бо сармояҳои бештар таъмин кунанд ва онҳо ҳамин тавр ҳам карданд. Аммо бо ин вуҷуд, мо ҳанӯз ба таври куллӣ ба ҳеҷ пешрафт даст наёфтем ва бо нигоҳ ба вазъи имрӯзаи қарздиҳӣ мебинем, ки вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Ба он хотир, ки дарки нирӯмандии бонкҳо ва он чи ки онҳо ба даст овардаанд, яъне ҳаҷми зиёди сармояҳои ба истилоҳ мурда ва ё заҳролудшуда, хулоса ҳамаи ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз эътимод ба бонкҳо аз нав барқарор нашудааст".

Дар чунин шароити бефаъолиятии бонкҳо иқтисод низ ҳамоно дар ҳоли рукуд аст. Аксари ҳукуматҳо андеша доранд, ки бо кадом роҳ метавонанд мудохила кунанд ва ҳоло дар фикри се роҳи ҳал мебошанд: аввалӣ ин аст, ки ба бонкҳо пули бештар бидиҳанд, аммо бо шароити сахттар, то ки онҳо тавонанд ҷараёни қарздиҳиро шурӯъ кунанд. Роҳи дуюм ин таъсиси бонкҳое аст, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд: яъне таъсиси ба истилоҳ бонкҳои "бад" ё бонкҷои гирдоваранда, ки дороиҳои беқадршударо ҷамъ мекунанд. Ин роҳ ба дубора сиҳҳатсозии низоми бонкӣ кӯмак мекунад. Ва роҳи сеюм ин аст, ки умури бонкҳои дучори мушкилшударо ба қавле ба дасти худ гирифта онҳоро миллӣ гардонанд. Таҳлилгар Вилдом мегӯяд, ки роҳи сеюм, яъне миллисозӣ роҳи сахттарин аст ва аз он танҳо дар сурати нокомии ду роҳи дигари ҳалли масъала мешавад кор гирифт:

"Дар сурати шикасти ҳама дигар роҳҳои наҷоти вазъ миллисозӣ метавонад ҳамчун охирин роҳи ҳале арзёбӣ шавад. Дар сурате ки бонкҳои хурд миллӣ гардонда шаванд, як тадбире барои бурунрафт аз вазъ метавонад таъсиси бонкҳои ҷамъоваранда шавад, ва ба назари ман, ҳоло бозорҳо ҳам ба ҳамин шакл ба масъала нигоҳ мекунанд."

Ва аз ҳоло ҳам ба назари таҳлилгарон нишонаҳое аз ҷараёнҳои миллисозии тадриҷӣ ба мушоҳида мерасад. Дар давоми чанд моҳи гузашта Вашингтону Лондон бо ҳадафи наҷоти вазъ, қисмате аз саҳмияҳои чанд бонки азими ҷаҳониро ба даст оварданд. Масалан, ҳукумати Амрико бо ин ки 6 % саҳмияҳои "Бонки Амрико"-ро дар даст дорад, саҳҳомдори азимтарини ин бонк маҳсуб мешавад. Дар мисоли Citigroup ҳукумат 8 % саҳмияҳоро ба ихтиёри худ гирифтааст.

Айнан мисли ҳамин, ҳукумати Бритониё саҳмдори аслии Бонки хусусии салтанатии Шотландия гардид ва ҳоло 70 %-и саҳмияҳои ин муассисаи молиро дар ихтиёр дорад.

Табиист, ки саҳҳоми аслии бонк будани ҳукумат барояш ҳақ медиҳад, дар умур ва сиёсати он таъсир ва нуфузи бештар дошта дар ҳолати зарурӣ аз фишор ҳам кор гирад.

Аммо ҳукуматҳо бояд дар андешаи он ҳам бошанд, ки сиёсати миллисозӣ метавонад паёмадҳои муаяйне дошта бошад. Аввал ин ки бо миллишавии бонкҳо, сармоягузорон тадриҷан аз ин муассисаҳои молӣ рӯ мегардонанд. Дигар ин ки, дар сурати ба ихтиёри давлат гузаштани назорат аз бонкҳо, ин хатар вуҷуд дорад, ки онҳо зери фишори шадиди сиёсӣ ҳам қарор гиранд. Чунки дар ҳолати пеш омадани бӯҳрон, масалан, бонкҳои хусусӣ метавонанд, даст ба иқдоми барои муштариҳояшон зиёновар зананд, аммо бонкҳои зери назорати давлат ингуна иқдом карда наметавонанд, чунки зери фишори мардум мемонанд.

Вале дар ҳамин ҳол, коршиносон дар бораи роҳҳои манфиатовари сиёсати миллисозӣ ҳам сӯҳбат мекунанд. Аввал ин ки мардуми одие, ки пасандози худро дар бонкҳо барои рӯзи мабодо ва ба хотири нафақа нигоҳ медоранд, бо ҳар вуҷуд аз ҳама гуна шикастҳо эмин мемонанд. Чунки дар ин ҳолат замонати амнияти пулро давлат ба дӯш мегирад.
XS
SM
MD
LG