Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиноиҳо кони маъдан мехоҳанд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар дидор бо Чжан Син
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар дидор бо Чжан Син

Як ширкати чиноӣ гуфтааст, бар ивази як кони муҳими маъдан дар Бадахшон, бунёди як маркази гармидиҳии барқӣ дар Душанбе, эҳдоси як нерӯгоҳ дар Нуробод ва таҷдиди корхонаи тавлиди трансформатории Қурғонтеппаро ба зимма мегирад.

Чжан Син, раиси Шӯрои мудирони Tebian Electric Apparatus мегӯяд, дар мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқи усулӣ сари маблағгузорӣ ва иҷрои ин се тарҳ дар ивази як кони маъдани Тоҷикистон ҳосил шудааст. Аммо ӯ аз ироаи маълумот дар хусуси чӣ захира доштани ин кон худдорӣ кард.

Ҷаноби Син гуфт, ширкаташ метавонад маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанберо бо иқтидори беш аз 200 мегаватт, бо 30 миллион доллар дар 18-20 моҳ бисозад. Вай афзуд, феълан, ширкаташ интизори баҳодиҳии фаннии нерӯгоҳи обии Нуробод дар рӯдхонаи Хингоб, дар маркази Тоҷикистон бо иқтидори 200 мегаватт аст. Ба қавли ӯ, тарҳи таҷдиди корхонаи тавлиди трансформатор дар шаҳри Қурғонтеппа низ дар баррасии ин ширкат қарор дошт.

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо тасдиқи ин иттилоъ гуфт, ояндаи наздик миёни ин вазорат ва ин ширкати чиноӣ қарордоди ҳамкорӣ дар ин замина ба имзо мерасад. Аммо, таъкид кард вазир, Тоҷикистон ҳанӯз муайян накардааст, ки кадом кони маъданро ба ивази иҷрои ин се тарҳ дар ихтиёри ширкати чинӣ гузорад.

Дар Тоҷикистон захираи маъданҳои гуногун, аз ҷумла, уран, волфрам, тилло, нуқра ва дигар филизоти гаронбаҳо кашф шудааст ва баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки шояд ҳадафи Чин дастрасӣ ба ангишт набошад.

Феълан, ширкати Tebian Electric Apparatus сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500-киловаттии мавсум ба "Ҷануб-Шимол"-ро бар ӯҳда дорад ва тибқи қарордоди ҳамкорӣ интизор меравад, ки ин тарҳ дар соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Чжан Син гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин ширкат хостааст, ки ин проект то охири соли равон мавриди истифода қарор бигирад. Ин ширкат эҳдоси хатҳои интиқоли нерӯи барқи 220-киловотии мавсум ба "Лолазор-Хатлон"-ро бо сармояи худ дар соли гузашта анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG