Қодири Рустам, коршинос дар умури забоншиносӣ, мегӯяд, бо гузашти 20 сол аз замони мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва таййи 17 соли истиқлол ҳукумати Тоҷикистон барои бақои он кори назаррасе анҷом надодааст. Вай афзуд, таййи ҳудуди 70 соли даврони Шӯравӣ ба забони тоҷикӣ таъсири забонҳои русиву узбакӣ афзуда буд ва мебоист он таййи солҳои истиқлол аз аносири бегона тоза карда мешуд, ки нашуд: «Ин амр метавонад аз дохил ин забонро хароб кунад. Ин ҳам навъе аз мурдан аст. Мо рӯзе ба забоне мерасем, ки мардуми мо 50 сол қабл бо он ҳарф мезаданд ва он на забони Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофизу Хайём аст. Аммо хавф ба забони модариамонро ман дар дохили Тоҷикистон, аз аҳли қаламаш, хусусан хабарнигорон, ки 80 дарсадашон, бидуни шакк, забони модариашонро намедонанд, забонро тариқи ҳафтаномаҳо, радиоҳо ва телевизионҳо ҳамарӯза таҳқиру хароб мекунанд, тариқи вожаҳову ибораҳои хато, ҳарф ба ҳарф тарҷума карданҳо аз русиву узбакӣ».
Иддае дигар аз коршиносон бар онанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун қисмати ҷудонашавандаи забони форсӣ, ки бо он ҳудуди 100 млн. нафар дар гӯшаву канори дунё такаллум мекунанд ва он дар паҳнои интеренет забони дувум аст, ҳеч гоҳ нобуд нахоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир 4 забон дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба гурӯҳи забонҳои миранда ворид шудаанд.
Шодихон Юсуфбеков, раиси Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, забонҳои хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва ишкошимиро соли 1992 дар як ҷаласаи байнулмилалии забоншиносон дар шаҳри Квебеки Канада ба Китоби сурхи забонҳои миранда ворид кардаанд. Ӯ афзуд, ки бо ин забонҳо дар қисматҳое аз Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон сухан мекунанд.
Тибқи иттилоъи Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Тоҷикистон, забонҳои хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва ишкошимӣ дар қатори шуғнӣ, вахонӣ, рушонӣ, сарикулӣ, язғуломӣ, сангличӣ ва мунҷонӣ ба гурӯҳи забонҳои помирӣ, ки дар навбати худ ба гурӯҳи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд, мансубанд. Бо ин забонҳо ҳудуди 300 000 нафар дар Тоҷикистон, Афғонистон, Чин, Покистон ва Ҳиндустон ҳарф мезананд.
Ш. Юсуфбеков мегӯяд, дар Тоҷикистон забонҳои шуғнӣ, вахонӣ, рушонӣ, сарикулӣ, язғуломӣ, сангличӣ ва мунҷонӣ сол то сол ба марҳалаи мирандагӣ наздик мешаванд, зеро онҳо танҳо нақши забони шифоҳиро мебозанд. Ба бовари ӯ, забони яғнобиро, ки дар як қатор бо забони осетинӣ боқимондаи забони суғдӣ маҳсуб мешавад ва ҳоло дар водии Зарафшон ва ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон бо он ҳудуди 10 000 нафар сухан мекунанд, низ чунин сарнавишт интизор аст: «Далели аслии аз байн рафтани забонҳо ҳамоно адами расмулхат, таълиф нагаштани адабиёти илмиву бадеъӣ, таълим наёфтани онҳо дар мактабҳо ва таъсири забонҳои давлативу ҷаҳонӣ аст. Ва як омили дигар ҳам, ки хеле хатарнок аст муҳоҷирати корӣ мебошад».
Тибқи иттилоъи Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар ҳамдастӣ бо ин пажӯҳишгоҳ 24 – 26-уми сентябри соли равон конфронси Бунёди байнулмилалии забонҳои миранда дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бунёди байнулмилалии забонҳои миранда соли 1996 дар Бритониё таъсис шуда, мақарраш дар Лондон аст ва ҳадафаш пешгирии нобудшавии забонҳои миранда ва мусоъидат ба рушди онҳост. Тибқи иттилоъи Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳоли ҳозир дар саросари олам ҳудуди 2500 забон дар ҳоли нобудист.