Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарҳои масҷидҳо ба рӯи наврасон баста мешавад


Дигар дар бархе аз масоҷиди Душанбе кӯдакону наврасонро, ки пештар дар ҳар намози ҷумъа ҳозир мешуданд, намебинед.

Ҳарчанд ду сол пеш ҳам вазорати маорифи Тоҷикистон, ба қавле, “дӯстона” аз муллоҳои масоҷид хоста буд, ки наврасону кӯдакони ба 18 нарасидаро ба ибодатгоҳҳо роҳ надиҳанд, аммо дар ин масоҷид намозгузорони наврасро бисёр медидед.

Вазорати маориф мегуфт, ки ширкати наврасон дар намози ҷумъа, ба ҷараёни дарсҳо халал ворид мекунанд ва бисёр вақт рӯзҳои ҷумъа теъдоди зиёди кӯдакон аз дарс мемонанд, ин корест бисёр бад. Аҳмади 13-сола, ки аз масҷиди Имом Тирмизии шаҳри Душанбе берун мешуд, ба мо гуфт, дигар ҳамсабақони донишомӯзаш наметавонад дар ҳамаи намозҳои ҷумъа ширкат кунанд, зеро ҳоло омӯзгорон намегузоранд, онҳо дарсро монда ба намозгузорӣ бираванд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотӣ аз он ибрози нигаронӣ кард, ки бештари наврасон ва донишҷӯён ба хотири ҳузур дар намози ҷумъа ба мактаб ва ё донишгоҳ намераванд. Вазири маориф ҳамзамон гуфт, аз ҳоло бархе аз имомхатибон ҳангоми ваъзгӯӣ таъкид мекунанд, ки кӯдакону наврасон дар рӯзҳои таҳсил бояд ба дарсҳои худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошанд ва бо иҷозаи волидон фароизи динии худро анҷом бидиҳанд. Аммо, гуфт Абдуҷаббор Раҳмонов, ҳанӯз ҳам наврасони зиёде анҷоми фароизи диниро аз рафтан ба мактаб, ки илмҳои муҳими дунёвӣ дар он омӯхта мешавад, беҳтар медонанд.

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, вазорати маориф ҳамчун истисно барои донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз соати 12 то 14 танаффус эълом кардааст, то онҳо битавонанд намози ҷумъаи худро гузоранд. Ин донишгоҳ дар бинои масҷиди Имом Тирмизии шаҳри Душанбе - бузургтарин масҷиди пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва кӯдакону наврасон ҳузур дар намози ҷумъаи ин масҷидро мояи ифтихор медонанд. Аммо ба гуфтаи як хонуми тоҷире, ки дар назди масҷид ба майдафурӯшӣ машғул аст, дигар вай мисли пештара кӯдакону наврасони зиёдро дар намози ҷумъаи ин масҷид намебинад. Ба гуфтаи ин хонум, баъзан маъмурони интизомӣ намегузоранд, то кӯдакону наврасон ба масоҷид ворид шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон нигаронанд, ки таваҷҷӯҳи зиёди наврасону хурдсолон ба фароизи динӣ онҳоро аз таҳсили улуми дунявӣ дур мекунад ва ба сатҳи дониши онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ва ин дар ҳолест, ки макотиби кишвар ҳам китобу омӯзгори кофӣ надоранд ва сатҳи дониши муҳассилин ҳатто ба меъёрҳои муқарраркардаи худи давлат мувофиқ набудааст. Истифода аз муқаррароти маъмурӣ барои ҷалби ҳарчӣ бештари наврасон ба мактаб ва аз ҷумла монеъи масҷдид рафтани онҳо шудани мақомот, боиси нороҳатии баъзе аз рӯҳониён шудааст ки мегӯянд, мақомоти расмӣ ҳуқуқи озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунанд.
XS
SM
MD
LG