Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Яман


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳини нишасти матбуотӣ
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳини нишасти матбуотӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои сафари аввалини ҳамтои яманиаш ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Оқои Раҳмон гуфт, тайи ин мулоқот ду санади ҳамкорӣ - яке баёнияи муштараки равобити дуҷонибаи дӯстиву ҳамкорӣ ва дигарӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиб ба имзо расид.

Ин аввалин сафари расмии раисҷумҳури Яман ба Тоҷикистон дар посух ба сафари раисҷумҳур Эмомалии Раҳмон аст, ки декабри соли 2008 сурат гирифта буд. Он замон чор санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, тиб ва ёддошти тафоҳум рӯйи машваратҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман, бо ишора ба равобити таърихиву қадима ва дурнамои неки ҳамкориҳои Тоҷикистон ишора карда, гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш ба масоили минтақавӣ низ пардохтаанд: «Ба ҷузъ масъалаҳои дуҷониба масоили минтақа низ мавриди баррасиҳои мо буд, аз ҷумла бӯҳрони Арабу Ироил дар Навори Ғазза. Ҳамчунин ишора намудем ба ҳуҷуми ваҳшиёнае, ки сари фаластиниён дар Навори Ғазза сурат гирифт. Мо ҷонибдории олами исломро дар ин масъала тақозо кардем. Мо ин масъаларо дар Яман пайгирӣ мекунем ва пешниҳод дорем, ки дар Ховари Миёна ин сиёсати ҷангҷӯёнаро пеша накунанд».

Раисҷумҳури Яман гуфт, кишвараш барои намояндагии Тоҷикистон дар Санъо бино ҷудо хоҳад кард. Раисҷумҳурон ҳамчунин ба мақомоти зидахл ҷиҳати таъсиси ҳарчи зудтари комиссиюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Яман дастур доданд.

Яман яке аз кишварҳои қашшоқи олами араб маҳсуб мешавад. Тибқи иттилоъи расмӣ, аҳолиаш беш аз 20 миллион нафар буда, ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилиаш беш аз 18 млрд долларро ташкил медиҳад.

Равобити дипломатии Санъову Душанбе январи соли 1997 ба роҳ андохта шудааст ва дар мавриди гардиши коло миёни ду кишвар рақаме вуҷуд надорад. Коршиносон мегӯянд, ошноии тоҷикон бо ин кишвар ба ҷуз пешинаи таърихие, ки раисҷумҳури Яман ишора кард ва даврони қадими аҳди Куруш ва таърихи исломро дар назар дошт, бештар ба даврони шӯравӣ рабт дорад. Дар замони Шӯравӣ теъдоди бузурги тарҷумонщо ва табибони тоҷик дар Яман дар барномаҳои гуногун фаъолият мекарданд.

Маъруфи Абдусамад, коршинос дар умури байнулмилал ва яке аз онҳое, ки дар замони шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон дар Яман фаъолият кардааст, мегӯяд, дар Яман дар ҳоли ҳозир бештар табибон ва донишҷӯёни тоҷик кору фаъолият мекунанд, ки тибқи иттилоъи расмӣ, беш аз 800 нафар ҳастанд. Вай афзуд, маҳз масъалаи муҳоҷират ва маориф самтҳои рӯшани ҳамкориҳои Тоҷикистону Яман буда метавонанд, зеро ин кишвар худ ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ аст:

«Сармоягузорӣ аз Яманро набояд интизор шуд. Ин кишвари ба монанди Қатар ё Саудӣ нест, ки дар минтақа нақши бузург доранд. Мушкили дохилии Яман зиёд аст ва ҳамин мушкилоташонро ҳал кунанд, барои мо ҳам хеле хуб аст. Ин рафтуомадҳои мо оянда самар хоҳад дод»

Оқои Абдусамад гуфт, маҳз масъалаи муҳоҷират яке аз самтҳои умдаи ҳамкории ду кишвар ва барои пеш аз ҳама Тоҷикистон судманд буда метавонад, бахусус тавсеаи муҳоҷират ба кишварҳои дигари олами араб. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Яман ягона кишвари ин минтақа аст, ки дар он ҷо теъдоди назарраси муҳоҷирини тоҷик фаъолият мекунанд ва мутахассисини тоҷик шароити хуби корӣ ва эҳтиром доранд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури Яман ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе гулчанбар гузошт ва аз нерӯгоҳи Норак дидан кард. Сафари ӯ рӯзи 28 феврал баъд аз мулоқот бо раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG