Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди президент ба Амрико фирор карданист


Роҳат Алиев, собиқ домоди раисҷумҳури Қазоқистон
Роҳат Алиев, собиқ домоди раисҷумҳури Қазоқистон

Дар Пажӯҳишгоҳи Ҳаримани Донишгоҳи Коламбияи Ню Йорк муаррифии филми ҳуҷҷатӣ дар бораи фаъолиятҳои собиқ домоди раисҷумҳури Қазоқистон Роҳат Алиев доир гардид.

Нишаст бо ташаббуси созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи башар “Ибтикори демократии “Авруосиё”, мақараш дар Ню Йорк, баргузор кард. Тавре ки раиси ин созмон Питер Залмаев хабар дод, вақтҳои охир иддаҳое ба гуш мерасанд, ки Алиев бо вуҷуди мақоми паноҳандагияш дар Австрия, кӯшиш дорад аз Аврупо ба ИМА кучад ва ба ҳамин хотир дар иваз ба баъзе маълумоти махсус дар бораи сарвари Қазоқистон ва наздиконаш аз Вошингтон паноҳандагии сиёсӣ хостааст.

Пеш аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар назди ҷамъомадагон раҳбарони бунёди қазоқистонии “Тақдир”, ҳамсар ва хоҳари Жолдас Тимиралиев, Амангул Капашева ва Гулнора Тимиралиева суханронӣ карданд. Онҳо нақл карданд, чи тавр январи соли 2007 Рахат Алиев раҳбарони “Нурбанк” Жолдас Тимиралиев ва Айбар Касеновро рабуда, мавриди азобу шинканҷа қарор дода, онҳоро маҷбур кард, то саҳмияҳои бонк ва баъзе сохтмонҳои бозаргониашонро ба номи ӯ гузаронанд. Баъд аз он шаб ин ду корманди бонк бе ному нишон шуда, то ҳол касе дар бораи куҷо будани онҳо маълумоте надорад.

15 январи соли 2008 Додгоҳи шаҳри Алмаато Алиевро барои одамрабоӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба 40 соли зиндон ғоибона маҳкум кард, чунки Алиев, ки сафири Қазоқистон дар Австрия буд, ба ватанаш барнагашт ва аз мақомоти Вена паноҳандагии сиёсӣ талаб кард. Ҳар чанд, ки Аламато кӯшиш кард, Алиевро ба Қазоқистон истирдод кунанд, аммо ноком шуд. Додгоҳи Австрия гуфтааст, ки мутмаъин намебошад, ки мурофиаи парвандаи Алиев дар Қазоқистон мунсифона анҷом шавад ва худи ӯро мавриди азобу шиканҷа қарор намедиҳанд.

Амангул Капашева ва Гулнора Тимиралиева ба радиои Озоди гуфтанд, ки пеш аз омаданашон ба ИМА дар Австрия бо намояндагони ниҳодҳои додгоҳӣ ва ҳукуматӣ вохурӣ доштанд. Хонум Капашева эълон намуд, ки “мо мехостем, ба иттилои онҳо расонем, ки Алиев ҳеҷ гуна шахсияти мухолифи давлат нест ва барои ақидаҳои сиёсиаш мавриди таъқиби давлат қарор нагирифтааст. Вай як ҷинояткор ва авбошӣ маъмулист ва барои ҳамин ҳам ӯро бояд ба Қазоқистон истирдод кунанд”.

Хонум Капашева меафзояд, “дар ҳар сурат ҷинояткорон бояд ҷазои сазовор гиранд. Бале, шояд Иттиҳодияи Аврупо ва Австрия дар мунсифона будани додгоҳи Қазоқистон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки дар он ҷо боздоштшудагонро мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳанд, аммо Алиев бояд барои ин ҷиноятҳо ҷавоб диҳад.

Мақомоти Австрия албатта инро хуб мефаҳманд ва аммо миёни ду оташ мондаанд. Аз як ҷониб онҳо ҳамчун бахши Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамкорӣ бо Қазоқистон манфиатдоранд ва аз дигар ҷониб, агар Алиевро ба ватанаш баргардонанд, ҳомиёнии ҳуқуқи башар ба онҳо фишор хоҳанд овард. Питер Залмаев, раиси “Ибтикори демократии Евроосиё”, афзуд, ки Алиев дарк мекунад, ки вазъияташ дар Австрия чандон мустаҳкам нест ва роҳҳои ақибнишинӣ ба Бритониё ё Амрикоро ҷустуҷӯ дорад: “Тибқи баъзе хабарҳо, Алиев бо вазорати адлияи Амрико дар тамос шуда, бо кӯшиши пинҳон шудан аз муҷозот паноҳандагии сиёсӣ меҷуяд, чунки дар Австрия боқӣ мондани вай рӯз то рӯз мушкилтар мешавад.

Гуфта мешавад, ки ширкати бонуфузи ҳуқуқии Бейкер Ҳостлер манфиатҳои Алиевро дар Амрико намояндагӣ мекунад. Ба ақидаи таҳлилгарон, собиқ домоди Назарбоев, ки дар мақомҳои мухталиф ифои вазифа мекард ва як замон раҳбарии тамоми ниҳодҳои иктишофии Қазоқистонро бар уҳда дошт, бидуни шубҳа дар даст ҳуҷҷат ва маълумоти зиёди сиррӣ дорад ва ин ҳуҷҷатҳо метавонад мояи тиҷорати вай бо ИМА шавад.

Амангул Капашева ва Гулнора Тимиралиева гуфтанд, ки дар Вошингтон бо сенаторҳо ва конгресменҳои амрикоӣ мулоқот анҷом дода, кӯшиш карданд, онҳоро мутмаин созанд, ки Роҳат Алиев ҷинояткор аст ва Амрико дар ҳеҷ сурат набояд ба вай паноҳандагии сиёсӣ тақдим кунад. Дар Вошингтон раҳбарони бунёди “Тақдир” ба вижа бо сенатор Боб Коркер ва конгрессмен Трент Френкс вохурданд.
XS
SM
MD
LG