Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷунун. Соли 93"-ро манъ карданд?


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоишномаи Барзу Абдураззоқов «Ҷунун. Соли 93»-ро манъ кардааст.

Оқои Абдураззоқов ба Радиои Озодӣ гуфт, манъи намоиш бо фармони шифоҳии вазири фарҳанг ва муовинаш сурат гирифта, дар ин вазорат касе ҳозир нашудааст, ки ба ӯ то сабаби манъи намоишномаашро баён кунад:
«Агар хатои ман мебуд, бояд ба ман мебуд. Не! Онҳо ба дигарон гуфтанд. Соати 11 шаб тамоми эълонҳоро аз шаҳр барканданд. Ба бачаҳои театр ҳам чиҳое гуфтаанд»

«Ҷунун. Соли 93» асари нави Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури тоҷик аст, ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс «Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат, ки аз сӯйи дастаи ҳунармандони клиникаи психиатрии Шарантон иҷро шудааст», рӯи саҳна омадааст. Ҳодисаҳо замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дарбар мегирад.

Намоиши аввали он рӯзи 17 март дар Театри академии русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки дар он мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафирони Русияву кишварҳои Аврупо низ ширкат доштанд. Оқои Абдураззоқов мегӯяд, шахсан сафирони Русия, Олмон ва Инглистон ӯро табрик кардаанд, аммо масъулини вазорати фарҳанг кадом як ҳамгуниҳоеро дидаанд, ки гӯё инқилобӣ будаанд: «Агар инқилоб буд, танҳо инқилоби эҷодӣ буд, на инқилобе, ки табар гираму ба сари касе равам. Ман дар шокам. Дирӯз ва парерӯз назди вазири фарҳангу муовинаш рафтам. Аммо онҳо банданд. Намедонам ба чӣ кор, ки маро қабул намекунанд»

Дар вазорати фарҳанг аз тафсили ин иқдом худдорӣ карданд. Ва фақат як масъули ин вазорат гуфт, шояд ин иқдом муваққатӣ бошад, яъне то гузаштани чорабиниҳои наврӯзӣ. Барзу Абдураззоқов иқдоми вазорати фарҳангро бетартибӣ арзёбӣ кард: «Ин худсарӣ, беназмӣ аст. Туфе, ки карданд ба ҳукумат ва обрӯи кишвар аст»

Вай афзуд, иқдоми вазорати фарҳанг театрҳои Тоҷикистонро аз ӯ мегурезонанд ва ӯ маҷбур аст, ватанро тарк кунад. Вай афзуд, қаблан ҳам як намоишномаи ӯро таҳти унвони «Нидо», ки дар Аврупо муваффақият дошт, вазорати фарҳанг манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG