Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хони наврӯзии "Ояндасоз"


Радиои Озодӣ, Барномаи наврӯзии «Ояндасоз»!!!!

Дуруди наврӯзӣ, ҳамсолони азиз, шунаванда ва хонандаи хубу гиромӣ. «Ояндасоз» ин ҷашни баҳорро ба ҳамаи шумо муборак мегӯяд, орзу дорем, ки аз накҳати Наврӯз зиндагии ҳар яки мо хушу пуртароват бошад. Наврӯз, ки бо қадамҳои худ ба кӯҳу саҳро, гулу гиёҳ ва ба долу дарахтон нафаси тозаву қабои зебои баҳорӣ мебахшад, бигзор зиндагии шуморо низ рангину пурфайз гардонад.

Чун дастархони пурнозу неъмат ва бобаракати наврӯзӣ хони идонаи “Ояндасоз” низ пур аз таронаҳои дилошӯб ва сӯҳбату гузоришҳои ҷолиб аст. Пас ҳатман гуфтори Ояндасозро бишнавед, то аз сӯҳбатҳо роҷеъ ба вижагиҳои Наврӯз дар манотиқи мухталифи кишвар, аз таърихи эҳёи ин ҷашни қадимӣ дар замони Шӯравӣ ва аз ҳама ҷолиб аз сӯҳбатҳо бо Бобои Наврӯз - як падидаи нав дар ҷашни имсолаву паёмҳои наврӯзии ҷавонони тоҷик, ки ин идро дур аз Вватан таҷлил мекунанд, бебаҳра намонед.

Зимнан, бархе аз овозхонони ҷавону маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Сироҷиддин Фозилов низ тариқи “Ояндасоз” Наврӯзро ба Шумо табрик мегӯянд.
XS
SM
MD
LG