Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такзиби як хабари бостоншиносӣ


Гурӯҳи вижаи бостоншиносон пас аз тадқиқи чаҳорсоата рӯзи 28-уми март ба хулосае омаданд, ки хабари пайдо шудани склети 2-метраи ангуштаридошта дар деҳаи Тӯдакафши минтақаи Кӯлоб дурӯғе беш нест.

Ин гурӯҳро, ки Юсуфшоҳ Яъқубов, раиси пажӯҳишгоҳи бостоншиносии фараҳангистони Улуми Тоҷикистон, раҳабарӣ менамуд, зимни суҳбат дар маҳалли тадқиқшуда ба радиои «Озодӣ» гуфт, маълум мешавад, ки дар ин мавзеъ танҳо чанд ҷасади маъмулиеро дар асрҳои 5 – 6-и милодӣ ба таври зардуштӣ гӯронидаанду тамом. Ба қавли ӯ, ин ҷасадҳо замоне гӯронида шудаанд, ки ҳамроҳашон ашёе ҳамроҳ намудан мумкин набуд: «Устухонҳо чида, якҷо гуронида шудаанд, ки ин ба урфияти зардуштӣ рабт дорад. Мо устухонҳои яке аз бузургтарин ҷасадҳоро ҷамъоварӣ намудем, ки тахминан 30-35 сол умр дорад ва қади ӯ на беш аз 1 метру 60 сантиметр аст».

Аммо Холмад Сафаров, устоди риштаи бостоншиносии Донишгоҳи Кӯлоб, мегӯяд, шумори чунин гуристону ҷасадҳо дар минтақаи Кӯлоб бешумор аст. Вай мегӯяд, онҳо воқеан склетҳои аз ин ҳам аҷиб пайдо намуда буданд, вале ҳеч кадоме аз онҳо диқати ВАО-ро ба худ ҷалб нанамуда буд: «Мо дар қасри шоҳони Ҳулбук аз аҳди биринҷӣ ҷасад пайдо намудем, ки болои онҳо махсус косаҳо гузошта шуда буд. Инчунин соли 2008 дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ чунин ҷасадҳои бузургҷусса ва устухонпаҳнро пайдо намуда будем, ки нисбати ҳамаи чунин склетҳо фарқкунанда буданд. Ҳатто бархеи онҳо бо аслиҳаи ҷангии худ гуронида шуда буданд».

Бад-ин тартиб ҳангоми кофтуковҳои бостношиносӣ ба бостоншиносон муяссар шудааст, ки гӯрҳои зиёди дастаҷмъиро кашф намоянд. Охирин гӯрҳои дастаҷамъона дар минтақаи Кӯлоб ба хуҷуми артиши шӯравӣ дар солҳои 1920 – 1922 рост меояд. Бостоншиносон мегӯянд, ки гӯрҳои дастаҷамъӣ, ки кашфу омӯзиши онҳо сафҳае аз таърихи моро равшан мекунанд, дар минтақаи Кӯлоб ба таври пурра тадқиқ нашудаанд.

Аммо хабари пайдо шудани склети 2-метраи дар даст ангуштаридоштаро бостоншиносон як дурӯғи «1-уми апрелӣ» унвон намуда, аз идомаи тадқиқи он даст кашиданд.
XS
SM
MD
LG