Муаллиф: Энтони Блуа
Дар шаш кишвари мавриди таҳқиқи ин гузориш дар миёни солҳои 2006-2008 шумори корбарони интернет ду баробар афзоиш ёфта, телефонҳои мобил дар се кишвар бо чунин афзоиш рӯбарӯ шудааст. Ва дар ин замина, мегӯяд Роберт Гуерра - мудири барномаҳои интернетии Freedom Hous, як тамоюли нигаронкунандаро мушоҳида кардан мумкин аст:
"Мо мебинем, ки ҳукуматҳо, ба вижа дар кишварҳои саркӯбгар, ҳарчи бештар тадбирҳоеро рӯи даст мегиранд, ки на танҳо ба сонсури мӯҳтавои матолиби интернетӣ равона шудааст, балки ҳамчунин дастрасӣ ба фанновариҳоро маҳдуд мекунанд, то ки мардумро назорат кунанд, баъзе аз мубоҳисаву баррасиҳоро шакл дода тавонанд. Онҳо инчунин дар Интернет бо таъини мавқеъ ё нуқтаи назар машғул мешаванд, ки ба афкори умум таъсир карда хеле ҳукуматгаро мебошад".
Таҳқиқот дар 11 давлат нишон дод, ки матолиби сиёсии интернетӣ дар ин кишварҳо ҳадди аққал як бор мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Шаш кишвар масъулони сайтҳои интернетиро ба зиндон андохта ва панҷтоашон қонунҳои нави маҳдудкунандаи маводи интернетиро қабул кардаанд. Дар ҳама кишварҳои мавриди назар методҳое аз сонсуру назорати кори блогҳо мушоҳида шудааст. Нишондоди пасттаринро дар гузориш Куба соҳиб шудааст, чунки ин ҷо, ба қавли мардуми маҳаллӣ, "Фидел Кастро назорати пурраро болои корбарони интернет ҷорӣ кардааст". Дар қатори Эрону Чин ва Тунис ин кишвар дар сафи давлатҳои "ғайриозод" ҷо гирифтааст.
Мақомоти Чин дар рӯзҳои наздик имкони табодули наворҳои видеоиро дар сомонаи YouTube масдуд кард. Ин иқдом баъди он гирифта шуд, ки як навори видеоии латукӯби эҳтимолии як тазоҳургари тибетӣ аз ҷониби полис дар ин сомона ҷо дода шуд.
Як муҳаррари ин таҳқиқот Карин Карлекар дар мисоли Эрон гуфт, ки мақомоти ин кишвар усулҳои мухталифро барои маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба Интернет истифода мекунанд:
"Эрон яке аз он кишварҳои таҳқиқшаванда буд, ки як системаи филтери маводи иттилоотиро тавассути ISPs, яъне хадамоти таъмини интернетро ҷорӣ кардааст. Ин яке аз он кишварҳоест, ки истифодаи фарогир аз тамоми василаҳои интернетро маҳдуд карда шуморе аз наворҳои видеоӣ ва ё маводеро, ки мардум мехоҳанд барои худ нусхабардорӣ ва ҳифз кунанд, нобуд мекунад. Ва инчунин Эрон аз таҷрибаи таъқиби корбарони оддии Интернет кор мегирад".
Гузориш илова ба ин мегӯянд, ки Эрон аз усулҳои таҳдиду фишор, боздошт ва шиканҷаи блоггерҳо истифода мекунад. Соли 2008 мақомоти Эрон аз даҳ нафар зиёд блоггерҳоро зиндонӣ карда тарҳи қонуни ҷорикунандаи муҷозот ба фаъолиятҳои интернетиро барои тасвиби парлумон равона кардааст.
Дар сафи кишварҳои аз ин ҷиҳат қисман озод исми Мисру Ҳинд, Кенияву Малайзия, Туркия ва Русияву Гурҷистон оварда мешавад.
Тибқи ин гузориш, мақомоти русӣ агар ҳам ба масдудкунии хеле рӯшод ё филтри сайтҳо даст назананд ҳам, аммо онҳо то рафт бештар ба матнҳои чопшуда тағйирот ворид мекунанд. Инчунин блоггерҳои Интернет дар Русия ҳар чи бештар бо ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ рӯбарӯ мешаванд. Freedom Hous мегӯяд, ки ҳукумат то рафт маблағҳои бештарро барои таблиғи худ дар ҳама сайтҳои интернетӣ масраф мекунад.
Дар Гурҷистон вазъ ингуна аст, ки ҷомеаи ннтернетӣ тоза афзоиш меёбад, аммо, ба қавли Карлекар, ҷанги соли гузаштаи миёни Русияву Гурҷистон озодии интернетиро дар ин кишвар ба ҳам зад: "Ҷанг бо Русия ба озодиҳои интернетӣ аз назари басташавии сайтҳо ва ҳамлаҳои усулӣ болои сайтҳо таъсир гузошт. Ин яке аз масоили муҳим дар Гурҷистон буд".
Дар миёни кишварҳои озод аз назари фаъолиятҳои интернетӣ, аз рӯи таҳқиқоти Freedom Hous Бразилияву Бритониё, Эстонияву Африқои Ҷанубӣ номбар мешаванд. Дар таҳқиқоти мазкур инчунин бархе таҳаввулоти мусбатро низ мешавад таъкид кард. Ба ҷуз Бритониё, назар ба озодии матбуот озодиҳои интернетӣ, бахусус дар Русияву Гурҷистон, бештар ба мушоҳида мерасад. Ва дар давлатҳои саркӯбкунандаи демократия фаъолияти шаҳрвандон ё довталабон тавассути Интернет бештар ба чашм мехӯрад.
Карлекар афзуд, ки "блоггеру фаъолон аз Интернет барои даъвати маъракаву чорабиниҳо барои пахши иттилои бештар истифода мекунанд. Дар Эрон чанд гурӯҳ Интернетро барои баррасии идеяву пешниҳод ё барои шурӯи бархе фаъолиятҳо ва ё даъвову шикоятҳо кор мебаранд. Аз ин рӯ, ин як манбаи хеле мусбат барои озодиҳо аст ва мо мебинем, ки ба ин шакл идома ҳам пайдо хоҳад кард".