Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси адибонро аз манзилаш меронанд


Миралӣ Салимов, раиси созмони минтақаии иттиҳодияи адибон дар Хатлон
Миралӣ Салимов, раиси созмони минтақаии иттиҳодияи адибон дар Хатлон

Созмони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар водии Вахш аз парҳези адибони ҷавон аз узвияти ин иттиҳодия изҳори нигаронӣ мекунад.

Раиси созмони минтақаии иттиҳодияи адибон Миралӣ Салимов, бо тахаллуси адабии Озар, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир синнусоли миёнаи нозимону носирони водии Вахш аз 50 болост ва агар чунин ҳол аст, дар 10-15 соли оянда аз адабиёти ин водӣ кӣ намояндагӣ хоҳад кард, суоли боз боқӣ мемонад.

Озар дар баробари раиси Иттиҳоди нависандагони водии Вахш будан, ҳамчунин раҳбарии маҳфили адибонро дар Қӯрғонтеппа бар дӯш доштааст, ки ҳамоно асосан носирону нозимони кордидаву солдидаро гирди ҳам оварда, ҷавонони эҷодкор, аммо, аз ширкат дар кори чунин маҳофил худдорӣ мекардаанд.

Ба андешаи Озар, ба сурати кофӣ дастгирию ҳавасмандии моддию маънавӣ надоштани адибон аз иллатҳои аслии моил нашудани ҷавонон ба адабиёт аст. Вай мегӯяд, ягона роҳе ки адибони ҷавонро метавонад таҳрик бидиҳад ба эҷод ҷиддӣ машғул шаванд, асар офаранд, вуҷуд ва офариниши чунин асарҳои замонавӣ аз сӯйи адибони феълӣ буда метавонад. Аммо Озар мегӯяд, ҳамин гуна асарҳои мувофиқ ба завқу диду хости мардум имрӯз аҳёнан ба чашм мерасад.

Ҳамон гуна ки Озар гуфт, адами ҳавасмандӣ ва таваҷҷӯҳ ба маҳсули кори ҷавонони эҷодкор як сабаби интихоби касбу ихтисосҳои дигари онон мешавад.

Масалан, худи Озар, ки 40 сол дорад ва шояд аз ҷавонтарин адибони водии Вахш маҳсуб мегардад, мегӯяд, худи ӯ бо мушкилаҳои зиёде бо мақомот рӯ ба рӯ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вай ва ҳафт нафар фарзандаш бо эҳтимоли берун шудан аз манзили истиқоматаш рӯ ба рӯ мебошанд, яъне ҳамон манзиле, ки дар гузашта мақомот ба ӯ ҳамчун кӯмак ба адиби ҷавон додаанд, ҳоло мехоҳанд бозпас бигиранд.

Ва аммо Озар бо таъкид ба бетаваҷҷӯҳии ҷавонони боистеъдоду эҷодкор ба Иттиҳодияи нависандагон ва адабиёт мегӯяд, бо кӯмаки молии мақомоти Хатлон ҳар сол ҳудудан 50 ҳазор сомонӣ барои нашри китобҳои адибони маҳаллӣ ихтисос дода мешавад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, асли ҳол ин аст, ки бо ин маблағҳо ҳама маҳсули эҷоди адибони солманд ба нашр расида, ҳарчанд аз адибони ҷавон даъват мешавад, ки асарҳои худро бан унвони имтиёз, бо ҳамин маблағҳои ҳукуматӣ ба чоп бидиҳанд, акси садои онон шунида намешавад.
XS
SM
MD
LG