Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нави Тошканд дар бораи Роғун ва Қамбар-Ота


Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо нашри як баёния бори дигар хостори бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқат кардани барномаҳои эҳдоси нирӯгоҳҳои бузург дар рӯдхонаҳои фаромарзии минтақа шуд. Ин ниҳод мегӯяд, иттихози чунин қарорҳо бидуни дарназардошти манофеъи кишварҳои ҳамсоя, вазъи таъмини об дар манотиқи поёноби ҳавзаҳои Амӯдарё ва Сирдарё ва ҳамин тавр, вазъи муҳити зист дар робита ба хушкшавии баҳри Аралро бадтар хоҳад кард. Дар баёния омадааст, ки Узбакистон ҳамчунон ба зарурати анҷоми таҳқиқи байналмилалии тарҳҳои бузурги энержӣ таъкид карда, ба вижа, экспертизаи ҷиддиву мустақили нирӯгоҳи Қамбар-Ота –1 дар Қирғизистон ва нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистонро лозим медонад.
XS
SM
MD
LG