Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гузориши Клинтон дар Конгресс


Вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, агар талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба фаъолиятҳои атомии Эрон бенатиҷа анҷомад, таҳримот алайҳи ин кишвар тақвият дода хоҳад шуд.

Клинтон ба аъзои Кумитаи робитаҳои хориҷаи Конгресс гуфт, Кохи сафед бовар дорад, ки чунин бархӯрд эътибор ва нуфузи Амрикоро миёни дигар кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад ва он кишварҳо ба шиддат бахшидани таҳримҳо мусоидат хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Эрон кӯшиши даст ёфтан ба тавлиди силоҳи ҳастаиро қотеъона рад мекунад. Хабаргузории расмии Эрон “ИРНО” хабар дод, Теҳрон муколамаи “судманд”-ро бо қудратҳои ҷаҳонӣ атрофи барномаи ҳастаиаш истиқбол мекунад, аммо таъкид менамояд, ки фаъолиятҳои ғанисозии уранро қатъ нахоҳад кард.

Ин изҳороти Теҳрон дар посух ба даъвати Амрико, Британия, Фаронса, Чин, Олмон ва Русия дар бораи оғози даври нави гуфтушунидҳои ҳастаӣ садо дод. Замон ва макони ин музокирот мушаххас нашудааст. Клинтон афзуд, маъмурияти Кохи сафед мутмаин аст, ки бо ёрии муттаҳидони байналмилалӣ, агар лозим шавад, алайҳи Эрон таҳримҳои фаротари ҳамаҷониба ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин нахустин гузориши Клинтон ба ҳайси вазири корҳои хориҷа дар назди аъзои Конгрес баъд аз ба вазифа таъин шуданаш буда, аз нигоҳи таҳлилгарон, конгрессменҳо ба вай дӯстона бархӯрд мекарданд. Аъзои комиссия ғолибан ба вай саволҳо дар бораи Эрон, таҳдидҳои ифротгароӣ дар Покистон ва сиёсати маъмурияти нав дар мавриди Куба медоданд.

Дар посух ба пурсиш дар бораи ҷоришавии қонуни шариат дар минтақаи шимолуғарбии Покистон, Клинтон Исломободро ба боди танқид кашида, гуфт, мақомоти Покистон ба Толибон ва ифротгароён таслим шуданд. Баъдан, вай илова намуд, ки Кохи сафед бовар дорад, ки Исломобод мисли Вашингтон мехоҳад тероризмро шикаст диҳад. Раиси комиссия, намояндаи ҳизби демократӣ Ҳовард Берман пурсид, ки барои гирифтани натиҷаҳо дар мавриди Эрон чӣ қадар вақт зарур хоҳад шуд? Клинтон посухи мутлақ надод ва аммо гуфт, бовар дорад, ки бо ҷалби бештари муттаҳидон ва тамоси мустақим бо Эрон мешавад ба пешравӣ ноил гашт.

Зимни суханрониаш дар назди комиссия Клинтон гуфт, ҳадафи аслии стратегияи зиддитеррористии раисҷумҳур Барак Обама - ин шикаст додани ал-Қоида ва пешгирӣ аз бозгашташ ба Афғонистон мебошад. Оқои Берман гуфт, комиссияро афзоиши нуфузи ифротгароёни исломӣ дар Покистон нигарон кардааст.
XS
SM
MD
LG