Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Тоҷикистон алтернативи комили Манас буда наметавонад"


Дейвид Ҳобс ҳангоми дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дейвид Ҳобс ҳангоми дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Маҷмаъи порлумонии НАТО дурнамои ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон арзёбӣ шуд.

Ҳамкорамон Искандари Хоҷамирзода, бо раҳбари ҳайат, Дабири кулли Маҷмаи порлумонии НАТО, Дейвид Ҳобс ва узви ин ҳайат хонум Руксандра Попа, ки дар роҳи бозгашт ба Брусел буданд, мусоҳиб шуда, ибтидо аз Дейвид Ҳобс хост, ки зиёрат аз Тоҷикистонро натиҷагирӣ кунад:

Ҳобс:

" Сафар ба Тоҷикистон пурсамар буд. Ин аввалин зиёрати ҳайати Маҷмаи парламентии НАТО аз тоҷикистон буд ва аз ин рӯ, мо ба истилоҳ шунидему омӯхтем. Мо хушҳол ҳастем, ки бо парламент ва ҳукумати ин кишвар равобити расмӣ ташкил кардем. Вале Маҷмаи парламентии НАТО тавре аз номаш бармеояд, муассисаи парламентӣ буда, вазифаи асосии он танзими равобит парламентҳо ва аз ҷумла парламенти Тоҷикистон мебошад. Мо василаҳои мухталифи таҳкими чунин равобитро дар ихтиёр дорем ва умед дорам, ки баъди зиёрат равобит тавсеа меёбаду мо шоҳиди барномаҳои тамринӣ барои ҳайатҳои парламентиву ходимони парламент хоҳем шуд. "

Искандар:
"Дар расонаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, ки аснои мулоқоти ҳайати Маҷмаи парламентии НАТО бо президенти Тоҷикистон "пешниҳодҳо баҳри дар Тоҷикистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази наҷотдиҳӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтугӯи судманд сурат гирифт." Мехостам дар ин бора маълумот диҳед"

Попа:
" Бале, эҳтимол дар ҷараёни сӯҳбати мо чунин пешниҳод аз тарафи президенти Тоҷикистон матраҳ шуда буд, баҳсе дар ин бора ҷараён нагирифт, зеро Маҷмаи парламентии НАТО ҳаққи қабули қарор дар ин масъаларо надорад."

Искандар:
"Хонум Руксандра Попа бигӯед, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон кадом масъалаҳоро баррасӣ кардед?"

Попа:
"Ба ваҷҳи умум аз масъалаҳои асосии сӯҳбатамон метавон вазъи Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар таҳкими назму суботи минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, экстремизми диниву терроризм, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва равобити ин кишвар бо кишварҳои қудратманди минтақа: Русия, Чин, Эрон, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро ёд кард."

Искандар:
"Овозаҳо зиёданд, ки баъди қатъи ҳамкориҳои низомии ИМА ва Қирғизистон дар пойгоҳи Манас Тоҷикистон имкон дорад ба пойгоҳи минтақавии НАТО дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?"

Попа:
"Тоҷикистон воқеан кишвари муҳим дар интиқоли молу ашё ба Афғонистон аст. Вале дар ҳоли ҳозир мо наметавонем, ки гӯем, ки Тоҷикистон дар ҷараёни транзити мол ба Афғонистон ба нуқтаи асосӣ табдил ёбад. Роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд. То ҷое медонам, масъалаи табдили Манас бо пойгоҳи дигар матраҳ нест. Хулоса, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ алтернативаи комил барои Манас буда наметавонад. "

Искандар:
"Дар поёни сӯҳбат мехоҳам аз дабири Кулли Маҷмаи парламентии НАТО Дейвид Ҳобс пурсам, ки оё акнун шумо мизбони ҳайати парламентии Тоҷикистон ба Маҷмаи парламентии НАТО хоҳед шуд?"

Ҳобс:
"Мо бо парламентҳои кишварҳои гуногун равобит барқарор кардаем. Дар Осиёи Марказӣ ин ҷараён дар ҳамин авохир шурӯъ шудааст. Бахше аз сафари мо ба арзёбии имкноти тавсеаи равобит бо парламенти Тоҷикистон бахшида шуда буд. Мо баъзе иқдомҳои баъдиро низ мадди назар гирифтаем. Ман бо раҳбарони сиёсиамон ин ташаббусҳоро матраҳ хоҳам кард. Умедворам, ки мо ҳайатҳои хурди парламентиро барои ширкат дар чорабиниҳоямон даъват мекунем. Ҳоло номгӯи ин чорбаиниҳо бояд мушаххас гардад."
XS
SM
MD
LG