Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмии Камароб: "Ман аз он дунё баргаштам..."


Ҳабибулло Намозов
Ҳабибулло Намозов

Ҳабибулло Намозов аз шумораи ками сарбозонест, ки аз ҳамлаи силоҳбадастон дар Камароб, ҷон ба саломат бурдааст.

Ҳабибуллои 21-сола, сокини шаҳри Сарбанд, ҳамроҳ бо ҳамсинфаш Содиқ Каримов, ки дар шабехуни Камароб кушта шуд, якҷо ба хизмати аскарӣ рафта буданд.

Вай аз ҷумлаи 5 сарбози хуштолеъ аст, ки пас аз "тирборон" шудани мошини ҳомили қариб 40 сарбозу афсари Вазорати дифоъ, ҷон ба саломат бурд. Аммо аз зарби гулӯла ва тиру тирпораҳо шадидан маҷрӯҳ шуда, ҳоло ба пойи худ роҳ гашта наметавонад.

ҲАБИБУЛЛО АЗ ФОҶЕА МЕГӮЯД...

Вай мегӯяд, бо гузашти беш аз ним сол аз шабехуни Камароб, то ҳанӯз шабҳо дар хобаш манзараи ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони сарбозон ва ҳалокати ҳамхизматҳояшро мебинад: «Як рӯз қабл аз Иди Рамазон моро гуфтанд, ки дар минтақаи Рашт баъзе гурӯҳҳои мусаллаҳ гаштугузор намуда истодаанду зарурати пеши роҳи онҳоро гирифтан ҳаст. Тавассути чархболҳо ва мошинҳои ҳарбӣ рафтем. Дар 10 шабонарӯзе, ки мо дар пост будем, ҳеҷ ҳамлаву ҳодиса рух надод. Баъди 10 шабонарӯз моро бояд иваз мекарданд ва ба мошинҳои калон савор шуда, бармегаштем. Ҳангоми ба маркази ноҳия баргаштан бо сарбозон, ки дер боз якдигарро надида будем, шӯхиҳо мекардем, ҳатто ба командирамон гуфтем, ки ҳама ҷо оромӣ будааст, ягон ҷангу тирпарронӣ нашуд. Баъди ягон 20
Ҳабибулло бо ҳамроҳии ҳамхизматонаш
дақиқа аз самти номаълуме аввал бо гранатамёт ва баъдан аз автомату пулемётҳо ба нақлиёти мо ҳуҷум карданд. Аксарият фавтиданд. Сипас, чанде аз ҳамлаварон ба назди сарбозу афсарони кушташуда омада, онҳоеро, ки захмӣ буданд, парронданд ва яроқҳоро гирифта рафтанд. Маро, ки бисёр сахт ҷароҳат бардоштам, аввал хостанд, ки парронанд, аммо баъд гуфтанд, ки бе он ҳам худаш мемирад…»


Ҳабибулло афзуд, охирин тасвире, ки пеш аз беҳуш шудан дидааст, бадани оғуштаи хуни ҳамяроқонаш буд, ки бархе аз онҳоро шинохта намешуд.

УМЕДЕ ПАС АЗ НОУМЕДИҲО

Шамсинисо Намозова, модари Ҳабибулло мегӯяд, пизишкон аслан бовар надоштанд, ки писараш бо ҷароҳатҳои сангини бардоштааш зинда мемонад.

Вай афзуд: «Дар пайи ҳамла сутунмӯҳрааш тир мехӯрад, гурдаи чапу рӯдаи борикаш аз бадан берун шуда, рӯдаи дигараш ҳам захмӣ мешавад. Узвҳои баданаш хеле захмию беҷо шуда буданд. Баъди тақрибан якуним соат милисаҳо ба ҷойи ҳодиса расида омаданду онҳоеро, ки
Ҳабибулло бо модараш ҳини адои хизмат
зинда дарёфтанд, бо чархболҳо ба бемористони Душанбе оварданд. Аммо Ҳабибуллоро, ки ҳолаташ вазнинтар буд, ба бемористони Рашт бурданд. Худо умри ҷарроҳеро дароз кунад, ки писарамро наҷот дода тавонист. Ҳатто профессорони бемористони шаҳри Душанбе ҳайрон шуда, ба он духтури раштӣ аҳсант хонданд, ки Ҳабибуллоро аз марг наҷот дод. Қариб ҳеҷ кас бовар надошт, ки вай зинда мемонад…»


ҲАБИБУЛЛО РАНҶ МЕКАШАД

Вале имрӯз ҳам агарчи сиҳатиии Ҳабибулло хеле беҳтар шудааст, ҳамоно аз шиддати захмҳо ранҷ мекашад. Дар қафаси синаи ӯ шаш пораи тир боқӣ монда, пизишкон гуфтаанд, то он замон, ки саломатии Ҳабибулло мӯътадил нашавад, анҷоми амали ҷарроҳӣ номумкин будааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба мӯҳтоҷии Ҳабибулло, шаҳрдории Сарбанд ваъда супурдааст, ки як қисми хароҷоти табобат ва харидории аробачаи маъюбиро барояш ба ӯҳда хоҳад гирифт. Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд, гуфт: «Мо ба ин хонавода кӯмакҳои ғизоӣ расонидем. Дар беморхонаи ноҳия ҳам як давраи муолиҷаашро гирифт. Ба ӯ аробачаи маъюбӣ бурдем, аммо Ҳабибулло гуфт, ки мехоҳад аробачае дошта бошад, ки худаш идора кунад, бе кӯмаки дигарон. Барои ҳамин аз Душанбе аробачаи наве фармош додем, ки ба зудтарин фурсат барояш мерасонем…»

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ САРБОЗИ МАҶРӮҲ

Ҳукумати маҳаллӣ ҳамчунин барои Ҳабибулло қитъаи замин ихтисос хоҳад дод, то барояш манзили зист бунёд бикунад. Аммо барои Ҳабибулло, сарбози бригадаи 7-уми савораи десантӣ, аз манзилу замин, дубора ба пой бархестан муҳимтар аст. Пизишкон ҳам моҳҳои тӯлонӣ Ҳабибуллоро дар бемористон таҳти муроқибат қарор дода, хароҷоти муолиҷаи ӯро вазорати дифоъ, бархе ширкатҳо ва соҳибкорон, ҳамчунин пайвандонаш ба дӯш
доштаанд.

Ҳабибулло мегӯяд, ягона пушаймониаш аз замони хизмати аскарӣ ин будааст, ки дӯстони хуберо дар симои ҳамхизматони кушташудааш аз даст додааст. Зимнан, вай орзу дорад, ҳарчи зудтар ба пой хеста, ба дараи Камароб сафар кунад ва он ҷо ба оромиши рӯҳи ҳамхизматони шаҳидаш фотеҳа хонад.

ҲАБИБУЛЛО "ЧАШМИ ТАРС" НАДОРАД

Вақте аз Ҳабибулло пурсидам, ки «агар, дубора барои пайвастан ба сафи артиш даъват шавад, чӣ мекунад?», - гуфт, дигар «чашми тарс» надорад ва ба хизмати Ватан ҳамеша омода аст.

Вай афзуд: «Ман ҳоло ҳам умедамро аз қисми ҳарбӣ, аз хизмат кандагӣ нестам. Оянда агар фарзанддор ҳам шавам, бо сари баланд ӯро ба хизмати Ватан мефиристам. Аз хизматам дар аскарӣ пурра розиям, ҳарчанд маҷрӯҳ баргаштам. Зарур шавад, боз хеста меравам ба аскарӣ. Чуноне, ки як таронаро зиёд месурудем дар хизмат:

Модарам гӯш кун маро,
Меравам ба аскарӣ.
Нолаю фиғон набардор,
Чунки бар ман модарӣ…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз ҳамла ба низомиён дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, теъдоди ихтиёриён ба артиш ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Аммо Шамсиннисо, модари Ҳабибулло мегӯяд, омода аст, ки писари дуввуми донишҷӯяшро хам ба хизмати аскарӣ гусел кунад, агар ба бехатарии ӯ ба ҳангоми хизмати ҳарбӣ мутмаин шавад.
XS
SM
MD
LG