Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳдид" ба субот дар шарқи Тоҷикистон?


Хабаргузории "Ройтерз" навиштааст, ошӯбгарони исломӣ мехоҳанд, дар Тоҷикистон ҳамлаҳои худро аз сар гиранд.

Пойгоҳи ин хабаргузорӣ дар Алма-ато навиштааст, ошӯбгарони исломӣ дар баёнияе гуфтаанд, ки ба ошӯбҳои худ бар зидди ҳукумат идома медиҳанд.
Раҳбарони феълии ҲИУ, ба бардошти ман дастнишондаи ҳукумати Узбакистон ҳастанд ва шояд ин, ки ин эълони ахир ҳам боз ҳаминтаврӣ набошад...

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон даҳ рӯз пеш аз кушта шудани Мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар шарқи Тоҷикистон хабар дода ва гуфта буданд, ки ҳеҷ гурӯҳи дигаре, ки битавонад амниятро ба хатар андозад дар минтақаи шарқи кишвар вуҷуд надорад.

"МУҶОҲИДИН" ТАҲДИД МЕКУНАНД

Аммо акнун дар баёнияи тӯлоние, ки дар як вебсайти ифротгароён бо забони тоҷикӣ нашр шудааст, гурӯҳе, ки худро муҷоҳидони Тоҷикистон хондаанд, таҳдид кардаанд, ки барои қатли фармондеҳашон Мулло Абдулло ниқор хоҳанд гирифт.

Суоле, ки акнун посух мехоҳад ин аст, ки то куҷо ин таҳдид воқеист ва чӣ пайомадеро аз он метавон интизор дошт?

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки таҳдиде вуҷуд надорад ва баёнияи гурӯҳеро, ки террорист бошад шарҳ нахоҳанд дод. Аммо таҳлилгарон умдатан ба ин боваранд, ки ҳарчанд гурӯҳҳои таҳдидгар мавҷуд ҳастанд, аммо тавони онҳо дар ҳадде нест, ки амният ва суботро ба хатар мувоҷеҳ кунад. Даъвати онҳо барои мухолифати мусаллаҳона бо давлат дар ҷомеа пуштибонӣ нахоҳад ёфт, балки аслан маҳкум хоҳад шуд.

ҲУСАЙНӢ: "ИН ИҒВОАНГЕЗӢ АСТ"

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини аввали ҲНИТ чунин даъватеро як навъ иғвоангезӣ унвон карда ва мегӯяд, ки ин гурӯҳ ҳарчанд худро
Cаидумар Ҳусайнӣ
тоҷикистонӣ муаррифӣ кардааст, аммо омили хориҷӣ аст. Ҷаноби Ҳусайнӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин гурӯҳ омилони ҲИУ мебошанд, ки мехоҳанд назарфиребӣ кунанд: "Дар солҳое, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, (худо раҳматаш карда бошад), бо Толибон ҷанг мекард, як гурӯҳ аз ҲИУ ба тарафи Толибон гузашт ва бар муқобили Масъуд бо номи муҷоҳидини тоҷик меҷангид. Номашонро ҳам муҷоҳидини Тоҷикистон гузошта буданд, ҳадафашон сард кардани муносибати Масъуд бо тоҷикон буд. Раҳбарони феълии ҲИУ, ба бардошти ман дастнишондаи ҳукумати Узбакистон ҳастанд ва шояд ин, ки ин эълони ахир ҳам боз ҳаминтаврӣ набошад. Вагарна аз фарзандони тоҷик ин кор ҳеҷ имкон надорад, ки ба вуҷуд биояд."

Ба гуфтаи Сайидумар Ҳусайнӣ, ҲНИТ танҳо роҳи маъқули мубориза барои расидан ба ҳадафро дар бистари рақобатҳои сиёсӣ мумкин медонад ва муборизаи хушунатомез ва мусаллаҳонаро маҳкум мекунад.

ПУШТИ ИН СОЗМОН КӢ ҚАРОР ДОРАД?

Дар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари умури минтақаӣ мегӯяд, албатта, дар Тоҷикистон мушкилоти фаровоне мавҷуд аст, ки давлат бояд ба он расидагӣ кунад. Аммо ин мушкилот ва ихтилоф ба ҳадде нест, ки бо роҳи сиёсӣ бартараф кардани онҳо мумкин набошад.

Ҷаноби Бекмуҳаммад мегӯяд: "Мушкилоти мушобеҳ ба кишварҳои арабӣ дар кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо мушкилоти мушобеҳ ҳанӯз ба ин маъно нест, ки мардум омодаи иқдомоти тунд ба хотири тағйири низом ва суқути давлати Тоҷикистон бошанд. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки пушти ин созмон хадамоти вижаи хориҷӣ қарор дорад ва ба хусус он кишварҳое, ки дар Тоҷикистон дорои манофеъи мустақим мебошанд. Ин кишварҳо мехоҳанд аз ин тариқ ба ҳукумати
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа
Тоҷикистон паём бидиҳанд, ки бояд дар фикри онҳо низ бошад.»


Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои ошӯбталаб мавҷуданд ва қудратҳое, ки дар Тоҷикистон манфиати бевосита доранд, мехоҳанд аз ин гурӯҳҳо баҳрабардорӣ кунанд. Як сӯ, ҳассосияти мазҳабии гурӯҳҳоро доман мезананд, ки саранҷоми кор аз ислом як чеҳраи ошӯбталаб ба намоиш гузошта мешавад.

СУЛҲИ НОПУРРАИ ТОҶИКОН


Тоҷикистон дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии сулҳ ба ҷанги дохилии панҷсолаи худ хотима дод. Аммо бархе гурӯҳҳо, аз ҷумла гурӯҳи Мулло Абдулло ин шароитро напазируфтанд ва ба мухолифиати худ камокон идома доданд. Аз ду соли пеш авзоъ дар шарқи Тоикистон, ки саҳнаи аслии даргириҳо миёни мухолифон ва давлати Тоҷикистон буд, дубора ба вахомат гароид.

Ин бесуботӣ бо куштани Мирзо Зиёев, вазири пешини умури истирории Тоҷикистон ва фармондеҳи собиқи мухолифин оғоз шуд ва мақомот мегӯянд, ки бо куштани Мулло Абдулло акнун поён ёфтааст. Аммо ба назари коршиносон, баёнияи ахир бо истифода аз васоити интернетӣ баёнгари он аст, ки гурӯҳҳое ҳамчунон дар пайи бозовардани бесуботӣ ба шарқи Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG