Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби махсуси лӯлиён дар Восеъ


Кӯдакони лӯлӣ дар яке аз рустоҳои атрофи Душанбе
Кӯдакони лӯлӣ дар яке аз рустоҳои атрофи Душанбе

Дар ноҳияи Восеъ 3 сол боз як мактаби вижа барои кӯдакони лӯлӣ фаъолият дорад.

“Муаллими меҳрубон,
Меҳратон дар дилу ҷон.
Лафзи ширини равон,
Мо аз шумо омӯхтем.
Ба ҳар савол ҷавобро,
Донистани ҳисобро,
Ҳам хондани китобро,
Мо аз шумо омӯхтем. “

Ин порчаи шеър аз қироати Қахрамони 15-сола, як навраси лӯлист, ки ҳамакнун дар синфи саввуми мактаби деҳаи Бешариқи ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ таҳсил мекунад. Қаҳрамон дар синни 13-солагӣ чун аввалин хонандаи мактаби вижа барои лӯлиён ба синфи якум қадам гузошт ва тасмим дорад дар 24 солагӣ мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намояд.

Синфхонаи онҳо аз синфхонаҳои дигар тафовут дорад, чунки дар ин синфхона метавон наврасони синну соли гуногун - аз 9 то 15-
Мо шодем, ки фарзандони мо мехонанд ва соҳиби касбу кор мешаванд
соларо пушти як мизи дарсӣ дид. Аҷобат дар он аст, ки хоҳари 9-сола ва 11-солаи Қаҳрамон низ бо ӯ ҳамсабақанд. Ва Ҳамроҳ Қудратов, падари вай аз камшумор падаронест, ки барои таҳсили фарзандон худ ризоият додааст: “Мо шодем, ки фарзандони мо мехонанд ва соҳиби касбу кор мешаванд.”

Бахтулло Мирзоев, директори мактаби махсуси лӯлиҳо дар ноҳияи Восеъ мегӯяд, се сол қабл замоне, ки мактаб таъсис ёфт, шӯъбаи маорифи ноҳия ба мушкили ҷалби фарзандони лӯлиҳо ба таҳсил дучор гардид. Зеро мувофиқи урфу одатҳои қадима, лӯлиён танҳо роҳи зиндагии худро бо гадоӣ ё ба истилоҳ талбандагӣ пушти дарҳои мардум мебинанд ва рағбати чандоне ба саводомӯзии фарзандон надоранд. Мушкили дигар ин буд, ки ягон фарзанди лӯлӣ шаҳодатномаи таввалуд надошт ва волидайн низ рӯзу соли дақиқи ба дунё омадани фарзандонашонро намедонистанд. Бахтулло Мирзоев мегӯяд: “Як чиз хандаовар аст, аммо воқеист, ки мо ду сол боз хонандаҳоро аз рӯи дандонҳояшон ба мактаб қабул мекунем. Яъне вақте мебинем, ки кӯдак дандонҳояш рехтааст, маълум мекунем, ки ӯ ҳафт сола аст ва бояд ба синфи якум биравад. Аммо соли аввал мо аз 7-сола то 14-сола ҳамаро ба синфи якум қабул намуда будем. “

Бо вуҷуди 3 соли фаъолият ҳанӯз маъмурияти мактаб муваффақ нашудааст, то тамоми фарзандони синни мактабии лӯлиҳоро ба таҳсил ҷалб кунад. Дар ҷамоати Пахтаобод 400 оилаи лӯлиён ба сар мебаранд, ки аз ин ҳисоб беш аз 500 нафар кӯдакону наврасонашон ба синни мактабӣ расидаанд, вале дар мактаб танҳо 132 нафар лӯлибача таҳсил менамоянд.

Маҳмадалӣ Усмонов, як сокини Пахтаобод, мегӯяд, андешаи дигаре, ба ҷуз урфу одат садди роҳи ба мактаб омадани лӯлиён мегардад,
Агар зиндагии тоҷикон пасттар шавад, зиндагии мо боз пасттар мешавад. дар дастурхони онҳо як лаби нон бошад, ҳатман нисфаш ба мо ҳам мерасад.
мушкилоти хонаводагӣ ва бардошти онҳо аз зиндагист. Зеро агар кулли фарзандони лӯли ба мактаб ҷалб шаванд, таъмини хонавода бо маводи озуқа зери суол қарор мегирад. Аз сӯи дигар вай мегӯяд, дар ҳоле, ки тоҷикон наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд, дар мавриди бо ҷои кор таъмин намудани лӯлиҳо ва аз касбӣ аҷдодӣ маҳрум намудани онҳо аз мантиқ берун аст: “Ҳоло ба мардуми Тоҷикистон низ кризис таъсир кардааст. Агар зиндагии тоҷикон пасттар шавад, зиндагии мо боз пасттар мешавад. Дар дастурхони онҳо як лаби нон бошад, ҳатман нисфаш ба мо мерасад.”

Аммо Бахтулло Мирзоев, директори мактаби мазкур мегӯяд, аксари лулиён тарс аз он доранд, ки ҳангоми таҳсил дар мактаб номи онҳоро барои хизмати ҳарбӣ сабт менамоянд. Ба қавли Мирзоев мактаб дар як замини кӯчак бунёд ёфта, на майдончаи варзишӣ дораду на макони дилхушӣ ва аз ҳисоби кам будани синфхонаҳо дар ин ҷо лӯлиён танҳо то синфи чорум метавонанд таҳсил кунанад.

Мактаби лӯлиён дар соли 2006 аз ҷониби Бунёди Миллӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағи 60 ҳазор долари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Ва ба қавли масъулин, ин ягона мактаби вижа барои лӯлиён дар Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG