Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории ҲХДТ ва Ақ-Жол ба куҷо мебарад?


Раисони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон Қурмонбек Боқиев ва Эмомалӣ Раҳмон
Раисони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон Қурмонбек Боқиев ва Эмомалӣ Раҳмон

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ду ҳизби ҳоким дар Тоҷикистону Қирғизистон вокунишҳои мухталифро миёни аҳзоби дигари мухолиф ба бор овардааст.

Агар иддае аз онҳо ҳамкории ду ҳизби ҳоким – Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ақ-Жолро ба манфиат медонанд, иддае дигар ин ҳамаро талоше барои танг кардани ҷойгоҳи аҳзоби дигари сиёсӣ унвон мекунанд.

Бо ин вуҷуд Георгий Норов, муҳаррири нашрияи интернетии “Tribun.tj”, ки марбут ба Ҳизби халқӣ-демократӣ аст, мегӯяд, ин тасмим ба дунболи ҳифзи манофеи ду кишвар, ба хусус дар бахши истифода аз захоири обу энержии Осиёи Марказӣ, гирифта шудааст: “Ҳизбҳо дар навбати худ барои тавсеаи ҳамкориҳои ҳукуматҳо мусоидат мекунанд. Албатта, манофеи давлати Тоҷикистону Қирғизистон ин ду ҳизбро ба он водор кардааст, ки ҳамкориҳоро таҳким бахшанд. Аммо гузашта аз ин ҳама, ин ду ҳизбро манфиатҳои ду ҷониба дар мавриди истифода аз захираҳои гидроэнергетикӣ наздиктар мекунад”.

Аммо Амният Абулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз мухолифони сиёсати ҳукумати Раҳмон аст, ба оғози ҳамкориҳои ин ду ҳизб баҳои мусбат намедиҳад. Вай мегӯяд, ин ду ҳизб, ки аксаран барои пуштибонии манфиати нафарони аввали ҳизбашон талош мекунанд, бори дигар нишон медиҳанд, ки дар баробари аҳзоби дигар дастдарозанд ва аз мақоми раҳбарони худ сӯистифода мекунанд:

“Инҳо манфиатҳои шахсиро дунбол мекунанд ва мехоҳанд ҳизбҳои худро нерӯ бахшанд. Вале дар маҷмӯъ ин ба нафъи давлат нахоҳад буд. Бигузор, ҳамчун раисҷумҳурони ду кишвар ба ҳамаи ҳизбҳо муносибат кунанд. Ба ин хотир ки кулли ҳизбҳо баробар бошанд. Аммо талошҳои онҳо бори дигар нишон медиҳад, ки ҳизбҳои боқимонда ҳуқуқи маънавии камтар доранд ё умуман надоранд”.

Наздикшавии ҳизбҳои ҳокими Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, баҳамоии ҳизбҳои, ба истилоҳ, оппозитсионӣ ё мухолиф метавонист ташвиш ва изтироби ҳукуматҳоро ба по кунад. Вай мегӯяд, ин таҷрибаи ба қавле нодир аст, ки як ҳизби сиёсии Тоҷикистон бо ҳизби кишвари дигаре ҳамкорӣ мекунад, аммо, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, чун ин роҳро ҳизбҳои ҳоким боз кардаанд, дигарон низ бояд аз ин маврид истифода кунанд:

“Ҳич кас манъ накардааст, ки ҳизбҳои сиёсии оппозитсионии минтақа бо пайравӣ ва ҷонибдорӣ аз ин ибтикоре, ки ҳизбҳои ҳоким нишон доданд, як роҳбурдҳо ва чораҳои ҳамкориро бубинанд. Чунки ин гуна ҳамкориҳоро метавонанд ҳизбҳои оппозитсионӣ ҳам анҷом диҳанд. Аммо маъмулан ҳаракатҳои ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус, ҳизбҳои мухолиф боиси ташвиш мешавад”.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки соли 1994 ташкил шудааст, яке аз ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон аст ва раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад. Ин ҳизб, ки дар Тоҷикистон ба унвони ҳизби нерӯманд унвон мешавад, ба гуфтаи масъулонаш бештар аз сад ҳазор аъзо дорад ва ҳаштод дарсади вакилони парлумон низ аъзои он ҳастанд. Аммо масъулони ҳизбҳои сиёсии ба истилоҳ оппозитсионӣ ин ҳизбро барои сӯиистифода аз мақоми раисиҷумҳур ба унвони раҳбари ҳизб башиддат танқид мекунанд ва роҳ ёфтани аъзои он ба парлумон ва идораҳои давлатиро таҳти суол мегузоранд.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, ҳам мегӯяд, ин ҳизбҳои ҳоким, ки аксаран бо номи раҳбарони аввали худ ном ёфтаанд, заминаи мардумӣ надоранд ва танҳо барои имрӯз ва танҳо баро иафроди алоҳида хидмат мекунанд. Бо ин ҳол, ҳамкории як ҳизби сиёсии Тоҷикистон бо ҳизби сиёсии кишварҳои дигар ҳодисаи “нодир” будааст. Ҳарчанд то кунун Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо Ҳизби коммунисти Чин ҳам як созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG