Дар ин бора кумитаи ҳолатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Дар натиҷаи селоб ҳамчунин як қатор марказҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бемористони маҳаллӣ, зарар дидааст. Мардуми зарардида ва беморони бемористони харобгашта дар мактабҳо ва дигар марказҳои аз сел эминмонда ҷой дода шудаанд. То ҳол талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тайи як моҳи ахир бори дуввум аст, ки дар ин минтақаи ноҳияи Хуросон селхезии харобиовар рух медиҳад. Қаблан дар авоили моҳи апрел дар як қисмати дигари деҳаи "18-ум Партсъезд"-и ин ноҳия дар пайи бориши зиёд наздик ба 90 манзили зист тахриб шуда, садҳо сокини маҳаллӣ бе сарпаноҳ монда буданд.
Боришоти пайваста ва шадид тайи моҳҳои апрел ва май дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон обхезиву селобро дар пай дошт, ки боиси ҳалокати 16 нафар гардид. Тибқи бархе аз сарчашмаҳо, шумори зарардидагони боронгариҳо дар кишвар то имрӯз 2,5 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, боришоти ахир ба кишвар беш аз 40 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.