Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави қатли раҳбари мухолифини қазоқ


Олтинбек Сарсенбоев, яке аз чеҳраҳои машҳури мухолифони Қазоқистон, феврали соли 2006 дар Алмаато ба қатл расида буд
Олтинбек Сарсенбоев, яке аз чеҳраҳои машҳури мухолифони Қазоқистон, феврали соли 2006 дар Алмаато ба қатл расида буд

Китоби Роҳат Алиев парда аз рӯи хеле кушторҳои мармуз мебардорад. Аз ҷумла аз қатли яке аз раҳбарони мухолифин Олтинбек Сарсенбоев.

Сарварони мухолифин изҳор карданд, ки хешовандони Олтинбек Сарсенбоев дар робита ба куштори ин сарвари мухолифон ва ду ёвари ӯ метавонанд бозрасии наверо аз ниҳодҳои интизомӣ тақозо намоянд. Аз ҷумла Владимир Козлов, узви эътилофи сиёсии «Ҳокимияти мардумӣ» ва раиси Ҳизби сабтиномнашудаи «Алға» - Интихоби демократии Қазоқистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Алмаато гуфт, дар китоби «Падарарӯс»-и Роҳат Алиев, ки онро ӯ хондааст, дар ин бора маълумоти тоза оварда шудааст. Узви эътилофи сиёсии «Ҳокимияти мардумӣ» гуфт, «дар китоб ҷузъиёт ва номи ашхосе, ки ба тахмини Роҳат Алиев дар куштори Олтинбек Сарсенбоев ширкат кардаанд, оварда шудаанд ва агар он гуфтаҳоро бо ҷараёни тафтишот ва ҳукми додгоҳ муқоиса намоем, инҳо ҷузъиёт ва номҳои комилан дигар ҳастанд. Аз ин хотир ман чунин меҳисобам, ки бар пояи пайдо шудани ин далелҳои тоза хешовандони Олтинбек Сарсенбоев метавонанд аз сар гирифтани бозрасиро талаб намоянд».

Вале дар ҳамин ҳол Рисбек Сарсенбоев, бародари Олтинбек Сарсенбоев, изҳор кард, ки чунин талабро худи оқои Козлов ва аҳли ҷомеа низ ба миён гузошта метавонанд. Рисбек Сарсенбоев таъкид намуд, ки аз ибтидо онҳо ба натиҷаи бозрасӣ ва ҳукми додгоҳ розӣ набуданд, зеро додгоҳ фармоишгарони ҳақиқии куштори Олтинбек Сарсенбоев ва ду ёварашро муайян накард ва онҳоро ба муҷозот накашид.

Аз сӯи дигар Рисбек Сарсенбоев бар ин аст, ки «алъон ҳарчанд онҳо чунин даъворо ба миён гузоранд, он натиҷае нахоҳад дод, зеро дар ин куштор шахсоне даст доранд, ки дар ҳокимият ҳастанд ва ниҳодҳои интизомӣ наметавонанд алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намоянд. Агар мардум моро ҷонибдорӣ кунаду баробари мо чунин талабро ба миён гузорад, дар ин ҳолат каме умеде пайдо хоҳад шуд, ки мо ҳокимияти мавҷударо маҷбур месозем, бори дигар ин парвандаро тибқи талаботи қонуни Қазоқистон ва қонуни байнулмилалӣ баррасӣ намоянд».

Вале дар бораи ин, ки дар китоби Роҳат Алиев дар бораи куштори Олтинбек Сарсенбоев чӣ маълумоте оварда шудааст, оқои Козлов иттилои дақиқ надод. Зеро паҳн кардани маълумоти китоби «Падарарӯс»-и Роҳат Алиевро додситонии кулл мамнӯъ эълон кардааст ва барои чунин амал кас ба маҷозот кашида мешавад. Ҳамчунин ба Қазоқистон ворид кардани китоб низ мамнӯст ва фарҷомаш ҷавобгарии ҷиноист.

Қаблан баъди нашри китоби «Падарарӯс»-и Роҳат Алиев, ки дар Олмон сурат гирифт, додситонӣ ҳатто мутолиаи онро низ амали ҷиноӣ хонда буд. Вале дирӯз додситонии кулли Қазоқистон бо пахши иттилоияе изҳор кард, ки расонаҳои хабарӣ иттилои ин ниҳоди интизомиро нодуруст шарҳ додаанд. Дар иттилоияи нави додситонӣ омадааст, ки барои хондани китоб касе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад, вале паҳн ва ба Қазоқистон ворид кардани ин китоб амалест ҷиноӣ, зеро дар китоб Роҳат Алиев, ки солҳо дар ҳукумати Қазоқистон кору фаъолият дошт, бисёр асрори давлатиро фош кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Олтинбек Сарсенбоев - яке аз чеҳраҳои машҳури мухолифони Қазоқистон ва ду ёвари ӯ 11 феврали соли 2006 дар Алмаато ба қатл расида буданд. Дар ин куштор 20 нафар гунаҳгор дониста шуданд, ки дар байни онҳо мансабдорони давлатӣ ва кормандони ниҳоди вижаи амнияти кишвар низ ҳастанд. Ва акнун Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳур, ки барои одамрабоиву куштор ва кӯшиши ғасби ҳокимият дар Қазоқистон дар маҷмӯъ ба муддати 40 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст, бо чопи китоби «Падарарӯс» дар ин куштор далелу номҳои наверо овардааст, ки онҳо алъон ҳарчанд ба хонандаи Ғарб маълум гардидаанд, вале барои аҳли ҷомеаи Қазоқистон чун ҳама мӯҳтавои китоб номаълум боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG