Ҷинояткорони хориҷӣ дар Хатлон
Иззатулло Исмоилов, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, гуфт, дар натиҷа 30 нафарашон бо маблағи умумии 63 ҳазору 50 сомонӣ ҷарима шуда ва 36 нафари дигарашон огоҳонида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 10200 сомонӣ ҷарима ситонида шуда буд.
Ба гуфтаи оқои Исмоилов, аксари афроди ба муҷозот кашидашуда табааи Афғонистон будаанд. Вай афзуд, ин афрод бидуни қайди расмӣ дар қаламрави вилояти Хатлон будубош мекардаанд. Биноан, 7 нафар аз онҳо иҷборан аз вилояти Хатлон ба хориҷ аз кишвар депорт шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомии маҳаллӣ, шумори шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҷануби Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёт дастгир шудаанд, низ кам набудааст. Асосан, шаҳрвандони кишвари Афғонистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз боздошт мешудаанд. Ҳамчунин, як шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон ва як шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар содир намудани ҷиноёти ахлоқӣ муттаҳам шудаанд. Агар аввалӣ ба паҳнсозии маводи порнографӣ машғул буда, дуввумӣ ба духтари ноболиғи тоҷик оиладор шудааст, ки низ хилофи қавонини Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон беш аз 1300 шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки аз ин миён танҳо 90 нафар бо сафари хидматӣ ворид шудааст.
Ҷинояткорони хатлонӣ дар хориҷ
Мақомоти интизомии вилояти Хатлон ҳамчунин аз мизони ҷинояткории сокинони вилояти Хатлон дар хориҷ аз кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, дар хориҷ аз кишвар, асосан дар Русия танҳо бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гардиш додани маводи мухаддир дар соли ҷорӣ 5 сокини навоҳии вилояти Хатлон ба даст афтодаанд. Онҳо аз Ҳамадонӣ, Қумсангир, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Норак будаанд.
Як масъули оҷонси мубориза бар зидди маводи мухаддирот мегӯяд, ҳаҷми умумии маводи мухаддири аз онҳо мусодирашуда баробар ба 2 кг 308 гр аст. Ин масъул мегӯяд, теъдоди афроди боздоштшуда нисбат ба соли гузашта як нафар кам аст, аммо ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда хеле бештар аст.
Бо назардошти ин ҳама, мақомоти интизомии вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, аз ин ба баъд бо сокинони маҳаллӣ, ки азми сафар ба хориҷа доранд, ба истилоҳи ҳуқуқшиносӣ умури профилактикӣ доир карда, ҳамчунин назорати вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Хатлонро таҳким бахшанд.