Ба иттилоъи идораи маорифи вилоят 40 дарсади макотиби минтақа дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки бештари ин макотиб як вақтҳо ба тариқи ҳашар сохта шуда, ҳар лаҳза эҳтимоли хавфи фурӯрезиашон мавҷуд аст. Дар ҳамин ҳол Фокус - як созмони байнулмиллалӣ дар Хоруғ, ки ба мушкилоти пешгирии зарари офатҳои табиӣ расидагӣ мекунад, иҷрои як барномаро рӯи даст гирифтааст, ки ҳадафи он тобовар сохтани макотиб ба залзала унвон шудааст.
Масъули лоиҳа Ифтихор Ватаншоев изҳор дошт, ки дар як мактаби ноҳияи Роштқалъа бом дар ҳолати фурӯрезӣ қарор дошта, маъмурияти мактаб чун чораи муваққатии ҳалли мушкилот дар байни синфхона сутун гузоштаааст ва бо ҳамин минвол таҳсил дар синф идома дорад. Вай гуфт, ки дар доираи лоиҳа онҳо акнун боми чаҳор синфи мактабро, ки хавфи фурӯрезиашон мавҷуд аст, таъмир ва безарар гардонанд. Вай афзуд, ки онҳо ҳамчунин дар мустаҳкам кардани таҳкурсии ва дигар ҳолатҳои безараргардонӣ ба макотиби мавриди назар кумак мерасонанд.
Намояндаи ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон Саъдоншо Наврӯзшоев таъйид кард, ки ҳамчунин дар бархе аз маворид макотиб дар маҳалли таҳдиди хавфи офати табиӣ сохта шуданд. Ба гуфтаи мутахассиси идораи «Фокус» Раҷабали Зарифов, чанд сол қабл барои зери хатари офати табиӣ қарор доштани як мактаб дар ноҳияи Роштқалъа мақомот маҷбур шуд, ки ин мактабро баста дар ҷойи бехатар мактаби нав созанд.
Аммо муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии Ванҷ Пайшанбе Шоҳзода изҳор дошт, ки бар асари заминҷунбиши ғайриоддӣ, ки чанд вақт боз дар маҳал мушоҳида шудааст, манозили истиқоматӣ ва макотиб зарар дида, мактаби деҳаи Жовид бинобар ба вуҷуд омадани ҳолати садамавӣ барои таҳсил хатарнок дониста шуда, хонандагон дар ду баст ва дар бинои дигар таҳсилро идома доданд.
Дар ҳамин ҳол дар бархе аз макотиби вилоят барномаҳои омодагӣ ва пешгирӣ аз хатароти эҳтимолии офатҳои табиӣ амалӣ гардиданд, ки зиёда аз ҳафт ҳазор хонандагону омӯзгоронро фаро гирифтаанд. Ҳамчунин дар байни хонандагони макотиб барои беҳтарин расм ва шеъру мақола оид ба пеширии хатари офатҳои табиӣ озмун эълон шудааст.