Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи Афви Байналмилалӣ


ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ҶАҲОН

Гузориши солонаи созмони ҳомии ҳуқуқи башар AMNESTY INTERNATIONAL ва ё Афви Байналмилалӣ, ки рӯзи 28-уми май дар пойгоҳи марказии ин созмони байналмилалӣ дар шаҳри Лондон интишор шуд, таъкид мекунад, ки бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба вазъи ҳуқуқи башар ҳам зарба зада, шумори бештари мардумро дар ҳоли ноамнӣ, ноадолатӣ ва беэҳтиромӣ қарор дод.

Дар маросими муаррифии гузориши солонаи созмони AMNESTY INTERNATIONAL ё худ Афви Байналмилалӣ мудири кулли он Ирен
Мо интизор дорем, ки ҳукуматҳо, пешвоёни бизнес ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба эҳтироми ҳуқуқи башар садоқату масъулияти бештар қоил хоҳанд шуд.
Хан гуфт, дар тӯли соли сипаришуда шумори зиёди ҳукуматҳои олам дар ҳифзи ҳуқуқи башар, ҳаёт ва моликияти мардуми мувоҷеҳ бо бӯҳрони иқтисодӣ ноком буданд. Ба қавли хонум Хан, ба истилоҳ "бепарвоӣ"-и солҳои ахир боис шуд, ки ҳукуматҳо назорати бозорҳои иқтисодиву молиро аз даст доданд ва ҳоло вақти тағйир фаро расидааст: "Мо интизор дорем, ки ҳукуматҳо, пешвоёни бизнес ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба эҳтироми ҳуқуқи башар садоқату масъулияти бештар қоил хоҳанд шуд. Стратегияҳои моливу иқтисодӣ ва барномаҳои дарозмуддати рушд, ки онҳо таҳияву иҷро мекунанд, бояд ҳуқуқи башар, ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаққи инсон ба ғизо, беҳдошт ва ҳамон ҳаққеро дар бар гирад, ки онҳо масъуланд ба он сармоягузорӣ кунад."

Ба гуфти хонум Хан, бӯҳрони иқтисодӣ натанҳо боиси камбуди озуқаву шуғл, оби ошомиданӣ, замин ва макони зист, балки ҳамчунин афзоиши нобаробарӣ, бегонабадбинӣ ё худ ксенофобия ва таъқиб шудааст. Муаллифони гузориши солонаи созмони AMNESTY INTERNATIONAL навиштаанд, ки соли гузашта баъзе ҳукуматҳо амният ва мубориза бо терроризмро далел оварда, ҳуқуқи башарро поймол намуданд. AMNESTY INTERNATIONAL изҳори умед кардааст, ки ҳуқуқи мардуми камбизоат мавриди эҳтиром қарор гирифта, ҳукуматҳо аснои қабули қарорҳои марбути ҳаёту рӯзгори камбағалон фикри онҳоро ҳам ба инобат мегиранд.

Муаллифони гузориш менависанд, ки соли гузашта мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоно назорати шадиди озодии баён, ҷамъомадҳо ва иттиҳодияҳоро идома дода, ҳомиёни ҳуқуқ ва минҷумла занону ҳомиёни ҳуқуқи ақаллиятҳоро таҳти таъқиб нигаҳ доштанд. AMNESTY INTERNATIONAL хотирнишон кардааст, ки соли гузашта бо ҳукми додгоҳ дар Эрон наздик ба 350 нафар эъдом шуда, дар ин кишвар муҷозоти шаллоқ ва қатъ намудани аъзои бадан ҷой доштааст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар навиштааст, ки соли гузашта дар Узбакистон ҳукми эъдом манъ шуд ва акнун дар қаламрави Аврупову Осиёи Марказӣ ягона кишваре, ки чунин навъи муҷозотро ҳифз намудааст, Беларус мебошад.

AMNESTY INTERNATIONAL навиштааст, ки соли гузашта дар манотиқи ҷанубу шарқии Афғонистон ҷунбиши Толибон миллионҳо нафар мардуми осоиштаро азият медод. Ба гуфти муаллифони гузориш ҳукумати Афғонистон низ дар манотиқи таҳти назораташ ниёзмандиҳои азалии мардумро ба таври қаноатбахш таъмин накардааст. Ба қавли ин созмон озодии баён ва ба хусус занони афғон ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз ҷониби Толибон таъқиб мешуданд.

ВАЗЪ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар бахши марбут ба Тоҷикистони гузоришаш Афви байналмилалӣ менависад, дар Тоҷикистон ҳукми эъдом амалан манъ гардидааст. Ба навиштаи AMNESTY INTERNATIONAL, синни миёнаи умри инсон дар Тоҷикистон 66 сол буда, фавти кӯдакони то 5 -сола аз мизони миёнаи ҷаҳонӣ ба маротиб бештар аст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар менависад, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар рафъи мушкили хушунати хонаводагӣ ва зӯроварии ҷинсӣ муваффақияти назаррас касб накардаанд. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон дар ҳоле даст ба амал мезанад, ки занон расман шикоят кунанд. Вале занон аз қассос ҳарос дошта, дар шакли катбӣ ариза наменависанд. Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни ҳифзи ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ба арзёбии вакилони мардумӣ матраҳ нашудааст. Фақру бекорӣ занонро дар муқобили поймолшавии ҳуқуқашон бесилоҳ намудааст. AMNESTY INTERNATIONAL менависад, ки дар Тоҷикистон шумораи издивоҷҳои бидуни сабт дар идораҳои давлатӣ, бисёрзанӣ ва ҳамчунон издивоҷҳои иҷбориву ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон афзоиш ёфтаанд.

Дар бахши дигари марбут ба Тоҷикистон созмони AMNESTY INTERNATIONAL бо ишора ба барномаҳои шаҳрсозӣ таъкид кардааст, ки соли гузашта сокинони манотиқи зиёде аз макони зист маҳрум шуданд. Сокинони аз хонаву ҷой маҳрумшуда шикоят мекунанд, ки ба онҳо ҷуброни муносиб ва ё макони қобили таваҷҷӯҳ барои бунёди манзили нав тақдим накардаанд. Моҳи апрели соли гузашта гурӯҳе аз сокинони Душанбе бо мақсади ҳифзи хонаҳояшон гирдиҳамоии осоишта ба роҳ андохтанд, вале ходимони милиса онҳоро пароканда ва 20 занро боздошт карданд. Ба қавли созмони ҳомии ҳуқуқи башар, занон фақат баъд аз он, ки ваъда доданд, ҳеҷ гоҳ дар эътирозҳо дастаҷамъӣ ширкат нахоҳанд варзид, озод шуданд.

Дар ин идомаи гузориши солонаи AMNESTY INTERNATIONAL омадааст: “Моҳи июн мақомот канисаи яҳудиёнро маҳв гардониданд. Як моҳ пас аз он калисои насрониҳои протестант тахриб шуд ва аслан дар тӯли соли гузашта дар Тоҷикистон ақаллиятҳои динӣ зери фишори мақомот қарор доштанд: фаъолияти чандин ҷамоаи насронӣ манъ ва ё муваққатан мутаваққиф шудааст.”

Моҳи октябр ва ноябри соли гузашта намояндаи AMNESTY INTERNATIONAL аз Тоҷикистон дидан намуда буд.

Билохира муаллифони гузориши AMNESTY INTERNATIONAL ёдовар шудаанд, ки дар моҳи августи соли 2008-ум Барномаи Озуқаи СММ (WFP) бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз гуруснагӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар маблағи 10 миллион доллар кумак ирсол намуд.
XS
SM
MD
LG