Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсили дубора барои диплом


Донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон ягона муассисаи таълимиест, ки имсол хатмкнунанда надорад.

Бо тағйир ёфтани мақоми Донишгоҳи Исломӣ ба Донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон ҳамакнун барномаи таълимии ин муассиса тағйир ёфтаву донишҷӯёни соли охираш ҳам бояд барои гирифтани дипломи донишкадаи давлатии исломӣ таҳсилро аз соли дуввум бар асоси барномаи тоза шурӯъ кунанд.

Абдуҷалол Ализода, раҳбари Донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, имрӯз дар меҳмонии Ояндасоз буд ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар ин 2 соли фаъолият чун донишкадаи давлатии исломӣ муассисаи онҳо чӣ тозагӣ, тағйирот ва чӣ бурду бохте дорад?

Абдуҷалол Ализода: «Қаблан бояд гуфт, ки 2 ноябри соли 2007 дар ҳаёти динии мусалмонони кишвар як таҳаввулоте ба вуқӯъ пайваст, ки Донишкадаи давлатии Исломии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт. Имрӯз дар донишкада беш аз 800 донишҷӯ аз рӯи 5 ихтисос таҳсил доранд, ки 88 нафари онҳо духтаронанд. Тамоми донишгоҳ бо утоқҳои корӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Мақолаву таҳқиқоти илмии устодону донишҷӯёни донишкада дар байни ходимони динии кишвар мавқеъ пайдо карда истодаанд. Ва ҳоло мо тасмим дорем, то соли нави хониш дар донишкада як маркази махсуси омӯзиши забон арабӣ ва китобхонаи электронӣ таъсис дода, барои донишҷӯён имконияти фаррохтар муҳайё созем».

Суол: Аммо дар барномҳои таълимӣ чӣ тағйирот ворид шудааст ?

Абдуҷалол Ализода: «Мо албатта барномаву нақшаи таълимиро бо омӯзиш аз барномаҳои донишгоҳҳои бузургӣ исломӣ, чун донишгоҳи Азҳари Ҷумҳурии Мисри араб, Донишгоҳи исломии ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи исломии Федератсияи Руссия, таҳия кардем. Ва имрӯз дар вазорати маорифи кишвар ба тасвиб расидааст, то ки ҳар нафаре, ки донишкадаи исломиро хатм мекунад, дониши ӯ ё дипломе, ки ӯ мегирад, мисли дигар донишгоҳу вазорат қабул ва эътироф карда шавад. Мо ба наздикӣ ба донишгоҳи Ал–Азҳари Мисри араб сафар доштем ва дар он ҷо як пешниҳоде шуд, ки шояд дар моҳҳо наздик мо қарордоде ба тасвиб мерасонем, ки тибқи он донишҷӯёни мо метавонанд таҳсили аспирантиву доктории худро дар ин кишвар идома бидиҳанд. Мо ҳамчунин тасмим дорем устодони дараҷаи болотар, яъне чанд нафар олимонро аз донишгоҳи Ал-Азҳар даъват кунем, ки дар донишгоҳи мо таълим диҳанд ва ин албатта барои пешбурди таълим дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон мусоидат мекунад».

Суол: Вале бо ин ҳама тозагиву муваффақият ва нақшаҳо донишкада имрӯз ба кадом мушкил рӯ ба рӯ аст?

Абдуҷалол Ализода: «Баъзе фанну барномаҳои дарсие, ки имрӯз ба роҳ мондем, бояд барои онҳо ба ҳамон муҳтаво китобҳои дарсӣ чоп шавад. Ва мушкили дигар ҳам ин хобгоҳ барои донишҷӯён ва таъсиси синфхонаҳои боз хубтару ҷавобгӯи талаботи замон аст. Мушкил зиёд аст, аммо бо ин вуҷуд имрӯз донишҷӯёни мо бисёр пешравиҳо доранд. Ва чизи дигар дар робита ба тағйири мавқеъ кардани донишкада ин аст, ки донишҷӯёни соли охири донишкадаи исломӣ, ки мехостанд бо дипломи мақоми давлатидоштаву эътирофгардида донишгоҳро хатм кунанд, бо пешниҳоди ариза курсҳои муайянро гузашта, имрӯз дар курси 3-юм таҳсил мекунанд. Ва баъди як сол, иншоаллоҳ, дар соли оянда мо аз рӯи низоми таҳсилӣ бакалаврӣ нахустин хатмкунандаҳои худро аз донишгоҳ гусел мекунем».

Суол: Вале бо гирифтани дипломи давлатӣ то куҷо кафолат аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи Исломӣ дигар ба мушкили дарёфти ҷойи кор рӯ ба рӯ намешаванд. Чун тавре маълум аст, бо дипломҳои қаблӣ аксари хатмкардаҳои донишкада ба сохторҳои давлатӣ қабул намешуданд.

Абдуҷалол Ализода: «Албатта ҳар давлате, ки як кор ё иқдомеро пеш мегирад, як ҳадаф дорад. Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ҳам бо ҳадафи таъмини масоҷиду мадрасаҳо бо кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯи замони муосир аст. Мо аз ҳоло дар ин маврид омодагӣ мебинем ва нахустин хатмкунандаҳои мо барои фаъолият дар ихтисоси имом хатиб пешбарӣ хоҳанд шуд. Аз сӯи дигар, имсол дар Тоҷикистон забони арабӣ дар баробари дигар забонҳо дар макотиби миёна барои хонандагони аз синфи 5 боло ба роҳ монда мешавад. Фориғултаҳсилини донишкадаи мо метавонанд дар ин кор саҳм бигиранд. Инчунин дар мактабҳои ҳамагонӣ барои синҳои 8 ва 9 як фанни нав барои шинохти маърифати исломӣ роҳандозӣ мешавад ва ман фикр намекунам, ки онҳое Донишкадаи Исломиро имрӯз хатм мекунанд, бекор монанд. Эҳтиёҷот ба онҳо зиёд аст».

Суол: Бо мақоми Давлати гирифтани Донишкадаи Исломӣ дар ин ду сол талаботи ҷавонон барои таҳсил дар ин донишгоҳ чӣ тавр аст, довталабон зиёданд?

Абдуҷалол Ализода: «Гуфта метавонам, ки довталабон имрӯз ду баробар афзудааст. Агар дар давраи фаъолияти донишкада ҳамчун Донишгоҳи Исломии Имом Тирмизӣ ҳамасола ҳудуди 200 нафар довталабӣ мекарданд ва аз ин танҳо 100 ё 120 нафар қабул мешуд, аммо як сол қабл мо беш аз 400 нафар қабул кардем ва хоҳишмандон 2 баробар зиёд буд. Сабаб ҳам ҳамин эътироф шудани донишгоҳ ҳамчун донишкадаи давлатӣ ва дипломҳо аст. Албатта ҳар ҷавон зимни интихоби донишгоҳ фикр мекунад, ки баъд 5 соли таҳсил ман чӣ кор карда метавонам. Солҳои қабл хатмкардаҳои моро бо дипломҳои пешин дар оддитарин мактабҳо ба кор қабул намекарданд».

Суол: Донишкадаи Исломӣ ҳам акнун тобеи вазорати маориф аст ва бояд аз қоидаву қарорҳо риоя кунад. Дар мавриди сару либоси таълими вазорати мазкур низомномаи махсус дорад. Оё он ба донишкадаи шумо ҳам рабт дорад?

Абдуҷалол Ализода: «Ҳар як донишкадаву донишгоҳ оинномаи худро дорад ва вақте ин донишкадаи исломӣ аст, аввал ин ки номаш бо худаш ҳаст. Мо ҳеҷ вақт, на раҳбарияти вазорати моариф ва на дигар ташкилотҳо он меъёрҳоеро, ки дини мубини Ислом ва шариати исломӣ ва мазҳаби Ҳанифа муайян кардааст, наметавонем сарфи назар кунем. То имрӯз мо мушкили сару либос надорем».

Суол: Ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои динии дигар кишвар, ба хусус кишварҳои исломӣ, чи андеша доред? Чун дар ин маврид ақидаҳо мухталифанд ва бархе бар инанд, ки бо таҳсили ҷавонон дар мадрасаву донишгоҳҳои бархе аз кишварҳои исломӣ онҳо ба ҳар гуна равияву ақидаҳо пайваст шуда, баъдан кӯшиши роҳандозии он дар Тоҷикистонро мекунанд?

Абдуҷалол Ализода: «Ин мушкилоте ҳаст, ки имрӯз тамоми олами исломӣ ин мушкила доранд. Мо вақте фарзандони худро барои таҳсил ба хориҷ мефиристем, бояд хуб огоҳ бошем, ки ӯ дар куҷо ва чӣ мехонад. Як соддагии бархе аз мардуми мо ин аст, ки агар як кас гуфт, ман фарзанди туро ба хондан ба хориҷ мефиристам, ӯ дигар аз шодӣ намепурсад ба куҷо, ба кадом ҳадаф мефиристад ва ӯ дар он ҷо дар кадом шароиту муҳит зиндагӣ хоҳад кард. Дуруст аст, ки имрӯз на ҳамаи он ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар мехонанд, ба манфиати миллати мо ва ба манфиати кишвар аст. Вале мо гуфта ҳам наметавонем, ки ҳама донишҷӯёни дар хориҷ таҳсил карда хатарноку бар зараранд. Вале мо бояд донем, ки ҷавонро куҷо равон кунем, кадоме ба манфиати мо ҳаст, куҷо не. Ман медонеам, ки дар як оила аллакай 2 ва 3 ақида пайдо шудааст, яке ақидаи шиа дорад, дуввумӣ салафӣ аст ва дигарӣ - ҳанафӣ. Чӣ тавр ин оила метавонад ором бимонад?»

Суол: Пас шумо чӣ пешниҳод доред?

Абдуҷалол Ализода: «Ман фикр мекунам, ки давлат бояд назорат дошта бошад, мардуми мо бисёр бесару нуг ба хориҷ мераванд. Масъалаи дигар ин аст, ки вақте дар ҷомеа гуногунандешӣ аст, бояд назорат ҳам бошад, то як андеша ба дигарӣ бархурд накунад».
XS
SM
MD
LG