Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ шикояти Ҳизби наҳзати исломиро рад кард


Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олӣ, ҳангоми қироати қарори додгоҳ
Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олӣ, ҳангоми қироати қарори додгоҳ

Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои Ҳизби наҳзати исломӣ алайҳи Кумисюни марказии интихобот ҷиҳати таъйиди номзади ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси Намояндагонро напазируфт.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як моҳ пештар бо номае аз Кумисюни марказии интихобот хоста буд, ки ваколати Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раҳбари ин ҳизб ва нафари севвум аз феҳристи умумиҳизбиро ба ҷойи намояндаи собиқи ин ҳизб дар парлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзода таъйид кунад. Аммо Кумисюни марказии интихобот ин дархости ҳизби наҳзатро аз рӯйи моддаи 57-и қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки акнун мояи баҳси дуҷониб шудааст, ғайримумкин шумурд.

Тоҳир Қодиров, додраси ин мурофиа натиҷаи таҳқиқи баҳси мазкурро чунин арзёбӣ кард: “Додгоҳи олӣ ба ин натиҷа расид, ки шикояти Ҳизби наҳзати исломӣ барои бекор намудани қарори Кумисюни марказии интихобот таҳти рақами 122 аз 25 майи соли 2009 рад карда шавад. Аз болои ҳалнома шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст”.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ваколатдори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми додгоҳро нодуруст шуморид. Вай гуфт, чунин натиҷагирии додгоҳ ғайримунсифона буда, бо таъсири бархе аз ниҳодҳои ҳукуматӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифтааст. Вале оқои Сайфуллозода, мушаххасан аз кадом як ниҳоди ҳукуматӣ ном набурд: “Бо таассуфи зиёд ҳоло ҳам метавонам, зикр кунам, ки чунин як фарҳанги қабул надоштани бандҳои қонун натанҳо дар ниҳодҳои поёнӣ, балки дар Додгоҳи олӣ ҳам ҷой доштааст. Сирф кадом манфиатхоҳиҳои гурӯҳҳои муайян аст, ки ҳатто рафтааст то дохили парлумон…”

Ҳикматулло Сайфуллозода дар ин ҷо аз посухи Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси Намояндагон, ки дар мурофиаи додгоҳӣ аз сӯйи намояндаи Кумисюни марказии интихобот пешниҳод, шуд, изҳори ташвиш кард. Оқои Сайфуллозода гуфт, ин дар ҳолест, ки онҳо то ҳанӯз расман посухи Маҷлиси Намояндагонро ба номаи худ барои шарҳу тафсири моддаи 57-и қонуни интихобот дарёфт накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, ки дар ин баҳси додгоҳӣ аз мавқеъи ин кумисюн тарафгирӣ мекард, даъвои Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар бораи таъсири гурӯҳе болои қарори онҳоро радд кард. Вай гуфт, Кумисюни марказии интихобот ниҳодест, ки аз ҳич ҳизбе тарафгирӣ намекунад, ҳатто аз ҳизбе, ки раисиҷумҳур раёсати онро ба ӯҳда дорад: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ хеле фикр кунад, фикр кардан гирад. Аммо Кумисюни марказии интихобот дар итоати ягон ҳизби сиёсӣ нест. Мо беғаразона рафтор мекунем: чи президент аст, чи Ҳизби наҳзати исломӣ ва ё аҳзоби дигар…”

Ба ин тартиб, Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати хулосаи додгоҳ изҳори норизоӣ карда, ба гуфтаи намояндаи ваколатдори он Ҳикматулло Сайфуллозода акнун раёсати ҳизбаш тасмим хоҳад гирифт, ки иқдоми баъдии онҳо аз ҳукми Додгоҳи олӣ чӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG