Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи кони бузурги тило дар Ромит


Дар минтақаи Покрӯди Ромит кони бузурги тило кашф шудааст, ки ба гуфтаи мутахассисон, захираи он бештар аз 28 тоннаи пешакӣ муайян шудааст.

Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин манбаъ корҳои кашфиётӣ идома дорад.

Кони тилои Покрӯд дар соли 1972 кашф шуда буд. Ин кашфиётҳо аз сӯи ширкати «Покрӯд» ва корхонаи воҳиди раёсати умумии геологияи минтақаи ҷануби Тоҷикистон анҷом шудааст. Корҳои иктишофии он аз сӯи ширкати бритониёии «Крисо Рекобсез» сармоягузорӣ шудааст. Ин ширкат 4 миллион доллар масраф кардааст ва ба гуфтаи Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ширкат талош дорад, барои истихроҷ ва коркарду тавлиди тило дар манбаи Покрӯд барои сохтмони як корхонаи тавлиди тило сармояҳои худро ҷалб кунад.

Азим Иброҳим афзуд, «дар ҳоли ҳозир як ширкати русӣ ва як ширкати бритониёӣ ба ин тарҳ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Вале дар ҳоли ҳозир дар ин замина санаде ба имзо нарасидааст. Бо вуҷуди ин мо умедворем, ки яке аз ин ширкатҳо барои сохтмони корхонаи коркарди тило дар покрӯд иқдом хоҳад кард. Тарҳи барномаҳо дар ин замина омода мешавад».

Азим Иброҳим аҳамияти кони тилои покрӯд ва истихроҷи тило аз он барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистонро муҳим хонд ва гуфт, баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин корхона аз 400 то 800 нафар ба кор таъмин мешаванд ва тавони содироти Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ афзун хоҳад шуд.

Абдуллоҳ Нурматов, муовини сарраёсати идораи рушди индустриявию иноватсионии вазорати рушди иқтисод ва саавдои Тоҷикистон, низ омодагии ҳукумат дар тарҳҳои барномаи баҳрабардорӣ аз кони тилои Покрӯдро таъйид кард.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистони ғанӣ аз захираи тило ва нуқра 3 кони тило аз ҷумла конҳои тило дар Шуғнон, Панҷакент ва Қайроқум, фаъол аст. Дар чанд соли охир истеҳсоли тило дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 тонн дар сол истеҳсол мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисони саридораи геологияи ҷумҳурӣ, Тоҷикистон аз захоири ғании металҳои гаронбаҳо бархурдор аст. Вале истихроҷи ин манбаъҳо ба сармояҳои хориҷӣ ниёз дорад. Ба ин далел, ки Тоҷикистон аз тавони фанновариҳо дар ин бахш бархурдор нест.
XS
SM
MD
LG