Париноз мегӯяд, аз сӯҳбату таваллои бенатиҷаи волидонаш хаста шудааст ва фикр мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо бояд барои мисли ӯ ҷавонони хостори таҳсил дар хориҷа ниҳодҳое кӯмак кунанд, ки аҳамияти таҳсилу хонишро барои волидон дуруст шарҳ дода тавонанд.
Ба назари ӯ бояд «аз тарафи вазоратҳо ва кумитаҳо як ташкилоте таъсис дода шавад, то ба падару модарони мо дар чунин ҳолатҳо маслиҳат диҳанд, ки барои мо таҳсил дар хориҷа хуб аст».
Ба гуфти Париноз, бояд ӯ дар асоси Барномаи омӯзишии ИМА ба муддати як сол ба Амрико мерафт ва дар яке аз оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, дар чунин ҳолат вай имкон пайдо мекард, ки дар муддати як сол бо фарҳанги хонаводагии амрикоӣ аз наздик шинос шуда, ҳамзамон дар баробари таҳсил бо ҳамсолони хориҷиаш забони англисии зудро беҳбуд бахшад.
Аммо падару модараш бо нигаронӣ аз зиндагии духтари наврасашон дар як кишвари бегона ва аз андешаи он, ки мушкилоти ҷиддие пеш наояд, намехоҳанд ӯро аз назорати худ дур кунанд.
Монанди Париноз даҳҳо духтарони хонаводаҳои тоҷик меҳоханд, ки дар хориҷ таҳсили илм гиранд. Вале бисёри онҳо бо мушкилоти ҳамсони Париноз маҷбуранд дар хона бимонанд.
Ба гуфти вазорати маорифи кишвар, феълан бо роҳхати онҳо дар хориҷи Тоҷикистон беш аз 50 духтари тоҷик таҳсил мекунанд. Як мақоми вазорат гуфт, ки аксари онҳо аз хонаводаҳои дорову сарватманд буда, бархе аз хонаводаҳои мансабдорони кишвар мебошанд ва онҳо аз ҳисоби буҷаи давлати Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Назар ба арзёбиҳои ҷомеашиносон, маъмулан ин духтарҳо аз хонаводаҳои одамони босавод ҳастанд, ки мефаҳманд, саводу дониш ва маълумоти олии хуб метавонад барои бунёди карйераи хубе дар оянда ба духтарашон кӯмак кунад, то ки онҳо тавонанд танҳо бо такя ба донишу ихтисоси худ фардо зиндагии худро бичархонанд.
Париноз, ки мегӯяд, бо дониши худ шонси таҳсил дар хориҷаро ба даст овардааст, ҳоло бо як монеа - набуди хоҳиши волидон рӯбарӯ шудааст. Ин масъала ӯро хеле дилсард мекунад, мегӯяд Париноз. Вай мегӯяд, мехоҳад дар оянда табиби хуб шавад.
Париноз меафзояд, «мехоҳам, ки дар оянда касби бузург интихоб кунам, табиб шавам. Барои ҳамин хостам ба хориҷа равам, он ҷо табибони замонавӣ тайёр мекунанд. Акнун оянда низ аз розигии падар ва модарам вобаста аст. Агар иҷоза надиҳанд, маҷбурам наравам».
Пас дар ҳоле ки бисёр хонаводаҳои тоҷик аз таҳсили духтаронашон дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ андеша доранд, аз назари бархе уламои дин масъалаест, ки созиш мехоҳад. Дини Ислом таҳсили занону духтаронро истиқбол мекунад, гуфт як донишмани мазҳабӣ ба мо, ва ин ҷо масъулияти волидон ҳам хеле бузург аст, ки аз хурдӣ духтарҳои худро ба роҳи росту пок ҳидоят кунанд, то ки фардо, вақте зиндагии мустақилро оғоз карданд, ба каҷравӣ роҳ надиҳанд.
Мусоҳиби дигари мо Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфт, «Ислом хонданро барои духтарон фарз гуфтааст. Агар духтар дар оилаи батавфиқу худотарс тарбия ёфта бошад, дар хориҷ ҳам равад ва тавфиқро нигоҳ кунад, ягон хатар надорад».
Рӯшанфикрон мегӯянд, ки маълумотнокии занону духтарон ҳамеша ба манфиати онҳо ва аҳли хонаводаашон мебошад, чунки зани соҳибмаълумот фардо модари боҳуш мешавад, ки дар хонаводаи ӯ фарзандон ботарбияву сиҳҳатманд ба воя расида, барои пешрафти кору зиндагии худ талош хоҳанд кард.