Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили тобистона бо аробакашӣ ва чойфурӯшӣ


Хуршед имсол синфи панҷумро хатм кард. Вай фарзанди калонии хонадони иборат аз панҷ узв буда, аз 1-уми июн инҷониб дар яке аз бозорҳои пойтахт ба чойфурӯшӣ машғул шуд.

Вай рӯзе ба ҳисоби миёна 5 сомони ба даст меорад. Хуршед мегӯяд, ки модараш дар хона барои ӯ чойро тайёр мекунад ва баъд ў онро дар бозор мефурӯшад. Ба пули коркардааш барои оилаашон хӯрок мехарад: «Аз пули фоида дидагиам шакар, нон ва равған мехарам. Дигар ягон маблағ барои сару либос харидан ба худам намемонад».

Хуршед падар ва модар дорад. Вале бо вуҷуди ин оилаи онҳо ба ёрдами ӯ ниёз доштааст. Хуршед аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳ дар бозор машғули чойфурӯшӣ аст. Вай мегӯяд, мехоҳад, ки дар қатори ҳамсолонаш дар фароғатгоҳҳои мактабӣ истироҳат кунад, аммо буҷаи оилавии онҳо тавони пардохти маблағи фароғатгоҳҳои Тоҷикистонро надоштааст.

Ҳамсӯҳбати дигари Ояндасоз Карим, ки имсол синфи нуҳумро хатм кардааст, мегӯяд, давоми ду сол аст, ки таътили тобистонаро ба аробакашӣ дар бозорҳои пойтахт мегузаронад ва аз ҳисоби он барои худаш сару либоси мактаби мехарад. Вай меафзояд, «ҳар рӯз 10 сомонӣ кор мекунам, ду сомонӣ иҷораи ароба медиҳам, 8 сомонӣ ба худам мемонад. Ҷамъ мекунам барои худам сару либоси мактаби мехарам».

Ба гуфти Комил рӯзе нест, ки онҳо аз тарафи милисаҳои ва савдогарони калони бозор ҳарфи бад нашунаванд. Карим ба хулосае омадааст, ки баъди хатми мактаби миёна аробакаширо дар бозор хотима дода, ба ягон мактаби олӣ дохил шавад, то ки дар оянда соҳибкасб шавад. Аммо, боз ҳам мушкили камбуди маблағ барои дохил шудан ва дурнамои аробкашӣ ӯро нигарон мекунад.

Феълан дар бозорҳои Тоҷикистон даҳҳо Хуршед ва Карим барин наврасон машғули аробакашӣ, селофанфурӯшӣ, чою дигар майдафурушию хизматрасонӣ мебошанд. Аксарияти ин наврасон аз оилаҳои камбизоат буда, буҷаи оилавии онҳо бо дастмузди ин кӯдакон танзим мешавад.

Шояд ҳамин ниёзмандӣ ба пули кӯдак аст, ки волидон одат кардаанд ба монеаву мушкилоти пеши роҳи ҷигарбандонашон ҳангоми кор чашм мепӯшанд.

Ҳар сол 12 июн ҳамчун рӯзи мубориза ба зиди меҳнати кӯдакон таҷлил мешавад. Дар гузориши ихтисосии Созмони ҷаҳонии кор, як ниҳоди вобаста ба СММ, аз тамоюли афзояндаи ҷалби духтарон ба кор изҳори нигаронӣ мешавад.

Имрӯз, мегӯяд ин созмон, 100 миллион духтарони ноболиғ, аксарашон ба шаклҳои сахту хатарноки кор ҷалб шудаанд. Амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон тамоюли коҳиши меҳнати атфолро, ки солҳои охир мушоҳида шудааст, метавонад ба ҳам занад ва зарбаи аслӣ болои духтарҳо мезанад.

Мушкилоти аслии духтарҳои коргар пеш аз ҳама ба нонамо ё аз чашми ҷомеа пӯшида мондани кору хизматрасонии онҳо дар хонаводаҳои бегона вобаста аст, ки дар ингуна шароит онҳо бо хушунат рӯбарӯ мешаванд. Кори зиёд дар хона низ боиси аз таҳсил дар канор мондани духтарҳо ва бартарӣ додани волидон ба таҳсили писарон мешавад ва ниҳоят, мақоми духтарҳо дар аксар кишварҳо заъфпазир, нонамоён ва беарзиш мешавад, гуфтааст ин созмон.

Бунёди атфоли СММ ё UNICEF мегӯяд, вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон аз ин назар ташвишовар мебошад. Як таҳқиқоти ин созмон собит кардааст, ки дар Бадахшон, Хатлон ва Суғд аз 12 то 28 дарсади атфол ва дар саросари ҷумҳурӣ ҳар тифли сеюм ба бозори меҳнат, бозори ғайрирасмиву дар ҳеҷ як санади давлатӣ қайдношуда ворид ҳастанд.

Ин кӯдакон аз вуҷуди Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон ҳам онро имзо кардааст, қонунҳои манъкунандаи меҳнати ноболиғон дар ин кишвар дарак надоранд. Онҳо танҳо ҳаминро медонанд, ки барои дарёфти нон ва розӣ кардани модару падари худ бояд аз субҳ то шом дар хиёбону бозор кор кунанд.

Аз назари коршиносон, як тамоюли мусбате, ки соли ҷорӣ таъкид кардан мумкин буд, ин манъи ҷалби мактабиёну донишҷӯён ба чиниши пахта аз ҷониби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, то порсол ҳудудан 40 дар сади ҳосили пахтаи кишвар бо дасти пахтачинҳои наврас ҷамъоварӣ мешуд.

Вале ба фарқ аз маъракаи аз ҷониби давлат танзимшудаи пахтачинӣ, кор дар бозору хиёбонҳо танҳо бо роҳи амру фармон ва муҷозот аз байн бурда намешавад. Ин ҷо тадбирҳои иқтисодиву иҷтимоӣ лозим аст, ки ин дарду захми ҷомеаи Тоҷикистонро дармон ва аз рӯи қонуни табиӣ ҷалби атфолро ба кор рафъ кунад.

Ҷомеашиноси ҷавон Эраҷи Акмал бар ин назар аст, ки новобаста ба мушкилот ва камбуди буҷа, ҳукумат бояд дар андешаи осон кардани рӯзгору сарнавишти ин кӯдакони коргару сарсон бошад. Вай гуфт, ҳадди ақал барои хонаводаҳои камбизоат, ки фарзандонашон ногузир ба кор машғул мешаванд, бояд имтиёзе қоил бошад, ки то ки ин бачаҳо аз андоза ҳуқуқи иҷтимоии худро ҳимоят карда тавонанд.

Назар ба арзёбиҳои коршиносон, ҳоло ҳар нафари дуюм дар ҷомеаи Тоҷикистон камбизоат аст. Ҳарчанд дар гузашта шумори ин мардум бештар будааст, вале боз ҳам дар бахши қашшоқтарин қишри ҷомеа ҳамин кӯдакону занону пиронсолон ёд мешаванд.

Эраҷи Акмал мегӯяд, ки дар сурати адами як сиёсати вижаи ҳимояти иҷтимоии ин бахши ҷомеа фардо мо бо пайомадҳои ногуворе рӯбарӯ хоҳем шуд.
XS
SM
MD
LG