Вале бо гузашти ду ҳафтаи коромӯзӣ ин донишҷӯён сари таҳсили худ бармегарданду аз онҳо ҳама фаромӯш мекунанд ва ҷараёни кор боз ҳам бо ҳамон маҷрои пешинааш идома кардан мегирад.
Абдулло як ҷавони оддии суғдӣ аст, ки аз хурдӣ орзу доштааст як кори бомасъулияти давлатӣ дошта бошад, дар тасмимгириҳои ҷиддиву сарнавиштсози кишвараш иштирок кунад ва саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузорад. Вале талошҳои вай то имрӯз барои роҳ ёфтан ба сохторҳои давлатӣ натиҷа надодааст ва таҷрибаи вай нишон додааст, ки шахси тасодуфиву ноошно, ба қавле, мутахассиси дипломдор аз кӯча ҳеҷ гоҳ ба ин даргоҳ роҳ намеёбаду ба қавли Абдулло, як корҷӯи "бесоҳиб" ё бепуштибону бевосита дар сохторҳои давлатӣ набояд вақти худро беҳуда ба ин масъала сарф кунад.
Абдулло мегӯяд, «ман шахсан шоҳиди чандин чунин ҳодисаҳо ҳастам. Масалан нафаре, ки мактаби милисагиро хатм мекунад, агар пушту паноҳ надошта бошад, ҳеҷ вақт вай милиса шуда наметавонад. Ё бар ивази маблағ соҳиби вазифа соҳиби ҳамон мансаб мешаванд».
Вале сахттар аз ин ҳама, ба қавли Абдулло, масъалаи маҳалпарастӣ аст, ки монеаи ҷиддии дигар барои ҷавонони соҳиблаёқат дар пайдо кардани кор мешавад.
Дар ҳамин ҳол Абдуҷобир Шомуродзода, муҳандиси ҷавон, ки се сол аст донишгоҳро хатм карда бекор мегардад, мегӯяд, аз рӯи шунидаш, нақши маблағ низ хеле муҳим аст, ки шуморо ба ҳайси нафари арзанда барои гирифтани вазифа арзёбӣ кунанд.
Вай меафзояд, «барои дар зинаҳои боло рафтан, дар ин замона маблағи зиёд, ё ки пуштии ягон шахси боваринок, уро ба зинаҳои болои барад.»
Аз назари бархе ҷомеашиносон, набуди бозори гарми кор барои мутахассисони ҷавон чанд сабаб дорад: аз як сӯ камбуди худи ҷойҳои корӣ дар кишвар ва бекорӣ, аз тарафи дигар, дониши нокофии кадрҳои ҷавон, ки кайфияти хуби донишҳои онҳоро имрӯз, ба қавли мунаққидон, ҳеҷ як дипломи аъло кафолат дода наметавонад. Ва ниҳоят, вуҷуди мушкили ришват, ки роҳёбии одамҳои наву тоза ва ношиносро ба системаи аллакай шаклгирифтаву ба хости гурӯҳи муайян танзимшудаи корӣ иҷоза намедиҳад.
Алишери Толиб, як ҷавони сугғӣ, мегӯяд, аз он розӣ нест, ки ҳоло ҳам аз усули замони шӯравӣ кор гирифта, намемонанд, ки дар канори мутахассисони пиру таҷрибадида нирӯи ҷавоне сари кор ояд, то ки хуни сохторҳои давлатии Тоҷикистон тозаву нав шавад. Ӯ мегӯяд, то ин замон дар ин самт як таҷдиди кадрие мушоҳида нашудааст, ки дар ниҳояти кор, боз ҳам ба беҳбуди худи Тоҷикистон хоҳад буд.
Ба қавли ӯ, «роҳ наёфтани ҷавонон ба мансабҳои давлатӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон фикре ё тамоюле пайдо нашудааст, ки насли замони шӯравӣ барои ҷавонони Тоҷикистон шароит хубе фароҳам орад ва курсиҳои мансабиро дар Тоҷикистон ҷавонон соҳибӣ кунанд. Насли калонсол ҳам намехоҳад имрӯз сари курсиҳои роҳбарӣ ҷавонон омада бошанд».
Ба қавли Алишер, ҳамин масъала боис шудааст, ки ҷавонҳо имрӯз ба дарёфти ҷои кор дар сохторҳои ҳукуматӣ эътимоди зиёд надоранду аз сӯи дигар аз бекориву адами имконияти татбиқи донишҳояшон дар ҷойҳои дигари корӣ азият мешаванд. Ин бошад, паёмадҳои дигари номатлуб ба бор меорад.