Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квота барои духтарони раисҳо?


Мавсими санҷиши донишҳои духтарони манотиқи кӯҳистон барои тариқи квотаи президентӣ дохили донишгоҳҳои кишвар шудан расидааст.

Аммо сарфи назар аз он, ки квотаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ба хотири пуштибонии ҷавонҳои лаёқатманди рустоҳои дурдасти Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳо ҷорӣ шудааст, вале таҷрибаи чандинсолаи татбиқи он нишон медиҳад, ки хеле зиёд ҳолатҳои сӯйистифода аз он сурат мегирад.

Масалан, ҳодисаҳое кам нест, ки ба ҷои як духтари боҳушу доништалаби деҳқоне ба феҳраст исми духтари кадом як раиси ноҳияи дурдаст меафтад ва афзун будани ин гуна мавридҳо бисёр довталабони таҳсил дар мактабҳои олиро дар деҳот дилсарду ноумед мекунад.

Марҳабо, ки зодаи яке аз навоҳии дурдаст аст, мегӯяд, ки ду сол пеш бо ҳамроҳии 10 нафар духтари довталаби ноҳияашон аз озмун гузашта, соҳиби квота ё роҳхати таҳсил дар донишгоҳ шудааст. Баъдан ӯ ва як ҳамсинфашро барои гузаштани даври ниҳоии озмун ба Душанбе ба вазорати маориф оварданд. Ҳангоми аз сӯҳбати масъулини вазорат гузаштан, мегӯяд вай, ӯро "аз имтиҳон афтонда" ба ҷоий ӯ духтари рақибашро, ки амакаш як корманди вазорати маориф будааст, соҳиби квота карданд.

Аз соли 1997 то соли 2008-ум ҳамагӣ 6 ҳазору 212 нафар духтарон тариқи квота ба макотиби олии Тоҷикистон дохил шуда, 2 ҳазору 196 нафар соҳиби тахассус шудаанд. Вале 458 нафари дигар дар ин давом бо сабабҳои гуногун хориҷ шудаанд...
Марҳабо мегӯяд, «чанд маротиба барои квота муроҷиат кардам, ба президент нома навиштам. Ҷавобам доданд, ки дастгирӣ мекунем. Баъд моро дар ноҳия имтиҳон гирифтанд, ду нафари фаъолро ба вазорати маориф барои сӯҳбат бурданд. Баъди сӯҳбат ба ман гуфтанд, ки донишат паст аст. Ва гӯё аз духтари ҳамроҳи ман беҳтар будааст. Ҳарчанд гуфтам, падар надорам, маро дастгирӣ кунед, гуфтанд, ки вай духтар ҳам падар надорад. Баъд маълум шуд, ки падараш дар Русия будааст ва як хешаш дар вазорати маориф кор мекардаст».

Вай меафзояд, баъд аз сӯҳбати вазорати маориф бо раҳбарияти ҳукумати ноҳияашон дар мавриди сӯйистифода ва тақаллубкориҳояшон шикоят кардааст. Марҳабо гуфт, ки ҳарчанд раҳбари ноҳия ӯро мутақоид кардааст, ки бар асоси мактубе вайро ба донишгоҳ дохил мекунад, аммо ӯ ингуна пешниҳодро рад кардааст. Худи ҳамон сол Марҳабо ҳуҷҷатҳояшро ба яке аз донишгоҳҳо месупорад ва донишҷӯ мешавад. Баъдан ӯ дигарбора донишҷӯи яке аз дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон шуда, айни ҳол дар курси дуввум таҳсил дорад.

Тариқи квота дохил шудани духтарони минтақаҳои кӯҳистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Он бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 ба роҳ монда шудааст. Аз соли 1997 то соли 2008-ум ҳамагӣ 6 ҳазору 212 нафар духтарон тариқи квота ба макотиби олии Тоҷикистон дохил шуда, 2 ҳазору 196 нафар соҳиби тахассус шуданд. Вале 458 нафари дигар дар ин давом бо сабабҳои гуногун хориҷ шудаанд.

Квотаро як имтиёзи мусбат барои ҷалби духтарони минтақаҳои дурдаст ба таҳсили олӣ унвон мекунанд, аммо на ҳама духтарҳое, ки ба ин тариқ шомили донишгоҳҳо мешаванд, таҳсилро то охир мерасонанд. Як сабаби аслӣ дар танқисии моддии онҳост, ки зиндагии шаҳр барояшон хеле вазнин меафтад.

Ба гуфти Ҳоким Валиев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касб ва баъди тахасусии вазорати маориф, соли гузашта 20 нафар донишҷӯён бо ҳамин сабаб хориҷ карда шуданд.

Имсол вазорати маорифи Тоҷикистон барои 16 донишгоҳи кишвар 1150 имтиёз ё квотаи таҳсил муқаррар кардааст. Ва усули санҷиши довталабон бо квота низ нисбат ба солҳои гузашта имсол тафовут дорад. Аз ин теъдод 635 квота барои духтарон ва 516 квотаи дигар барои писарон пешбинӣ карда шудааст.

Рақобати имсола низ пуршиддат аст, чунки барои як квота се нафар мубориза хоҳанд бурд. Ҳарчанд вазорати маориф оид ба шумори ҳодисаҳои шикояту даъво аз болои ҷой доштани тақаллуб ё ба истилоҳ тағабозиҳо ҳангоми ҷалби ҷавонҳои рустоӣ ба таҳсил тариқи квота иттилое надораду талош мекунад ин масъаларо рӯшод бо расонаҳо баррасӣ накунад, вале имсол аз забони масъулин чунин як тасмим садо дод, ки тавассути имтиҳонҳои комиссияҳои сайёр бевосита дар интихоби довталабони арзанда ва шоиста саҳм хоҳад гирифт.

Сармутахасиси вазорати маориф Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, ки вазорат тасмим гирифтааст, ки имсол шафофияти довталабони арзандаро барои гирифтани квота таъмин намояд. Оғои Амиров мутмаин аст, ки ҳаргуна сарусадоҳо дар мавриди ба хешовандони мансабдорон додани квота асос надорад. Вай гуфт, “гӯё таққалуб ҷой дошта бошад, асос надорад. Барои як ҷой се нафар қувваозмоӣ мекунад ва арзандаҳо соҳиби квота мешаванд”.

Имсол довталабон дар ҳузури намояндагони мақомоти маҳаллӣ, устодони донишгоҳҳо ва падару модарони худ имтиҳон месупоранд. Ба гуфти намояндагони вазорати маориф, ин усул ба таъмини шаффофияти тақсимоти квота ба довталабони лаёқатманд мусоидат мекунад. Қарор аст, ки пагоҳ дар вазорати маориф даври ниҳоии довталабони навоҳии шаҳри Душанбе, Ҳисор, Файзобод ва Ваҳдат барои гирифтани квота доир гардад.
XS
SM
MD
LG