Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чамангул аз "ҷанги шармандагӣ" мегӯяд...


«Моро «чашм» расид. Ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ набуд, ҷанги шармандагӣ буд. Вақти ҷавониамон ин гуна андеша дар тасаввур ҳам намеғунҷид, ки бародар бародарро мисли фашист мекушад, хоҳар хоҳарро. Даҳҳо кӯдак бепадар шуду садҳо модар ҷигарбандашонро аз даст дод. Даҳшат буд. Агар ёдам ояд он рӯзҳо, ларзаам фаро мегирад, бисёр шармандагӣ кардем…»

Ин порае аз андешаҳои Чамангул Абдусаломова, як зани ҷабрдида ва шоҳиди бевоситаи харобкориҳои он даврон аст, ки низоъҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро "ҷанги шармандагӣ" меномад. Ӯ мегӯяд, то ба ҳол аз зикри зодгоҳи худ ва ин, ки аз кадом минтақаи Тоҷикистон аст, чашми тарс дорад.
Он вақт нав 22-сола будам. Бо машаққат асбобу ашёи хонаро ҷамъ карда будем. Ҷанг сар шуд. Ноилоҷ гурехтем. Баъди омадан дар хона чизе наёфтам...

Ба андешаи хонум Абдусаломова, дар он ҷанги таҳмилӣ бештару пештар аз ҳама занони водии Вахш ҷабр диданду азият кашиданд.

Ҳазорон нафар ба хотири ҳифзи ҷони худу фарзандон аз маҳалли сукунат фирор карда ва дар ниҳоят аз ҳама молу мулк ва дороиҳо ва ҳатто пайвандонашон маҳрум гардиданд.

Он гуна, ки худи Ч. Абдусаломова мегӯяд, соли 1993 вай нав оиладор шудаву дар муддати се моҳи гуреза шуданаш ба минтақаи Кӯлоб ҳама дороиҳои манзилашро ҳамсоягонаш рабуданд.

Чамангул Абдусаломова меафзояд, «он вақт нав 22-сола будам. Бо машаққат асбобу ашёи хонаро ҷамъ карда будем. Ҷанг сар шуд. Ноилоҷ гурехтем. Баъди омадан дар хона чизе наёфтам. Чизу чораи хонаи моро ғармиҳову кӯлобиҳо надуздиданд, он боевикҳое, ки аз диданашон дар кӯчаву паскӯча сахт меҳаросидем ва ҳамаро оташ мезаданд, надуздиданд, балки ҳамин ҳамсояҳои худам рабуданд. Баъдтар дар хонаи ҳамсояҳо дидам, аммо дигар чизе гуфта натавонистам…».

Ва хонум Абдусаломова ягона касе набуд, ки чунин сарнавишт насибаш шудааст.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ занон ба ҷуз аз таъминоти рӯзгор ва сарпарастии фарзандон дар танҳоӣ, инчунин ба иборае, кори давлат низ мекарданд, аммо ҳамон ҳам бемаош буд.

Масалан, Сангимоҳ Исоева, сарвари яке аз мактабҳои ҳамагонии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, он замон бо ҳарос дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезад ва гоҳе зери садои тиру тӯп ба сӯйи мактаб мешитофт. Ба сӯйи мактабе, ки бисёре аз волидон фарзандони худро намегузоштанд, ба дарс раванд, ба сӯйи мактабе, ки холӣ аз садои тифлон буд.

Ҳамин гуна, холаи Момахол ҳам аз тарси ҷони фарзандонаш аз ноҳияи Данғара, ки замони ҷанг нисбатан тинҷу ором буд, ба Қӯрғонтеппа, мавзеъи ҷангзада фирор мекунад.

Вай мегӯяд, волидони шавҳараш тамоми пайвандони худро дар як манзил ҷамъ карда, дар як ҷо беш аз 25 нафар ба сар мебурдаанд. Холаи Момахол дар соли 1992 фарзанди саввуми худро таваллуд кард, аммо ҳамин ҷанг боис шуд, ки писари ӯ маъюб ба дунё ояд.

Вай мегӯяд, «ҳамин дод зада вориди хона шуданду гуфтанд, ки ана ба шаҳр даромаданд, ҳамаро мекушанд. Он замон, ки зани умедвор будам, шояд аз тарс бошад, ки писарчаамро таваллуд кардам ва вай ноқис ба дунё омад. Ин ҳам ҳамон асари ҷангу ҷидол буд, ки ҳоло фарзанди 17-солаам маъюб аст…»

Аксар аз ҳамсӯҳбатон, асосан бонувоне, ки шоҳиди ҷангу харобкориҳои солҳои 90-ум дар водии Вахш буданд, мегӯянд, то ҳанӯз дар рӯзу рӯзгорашон осори ҷанг эҳсос мешавад.

То ҳанӯз ин занон аз пайвандони худ, ки қурбони низоъҳои ҳамватанӣ шудаанд, бо гиряву нороҳатӣ ёд мекунанд.

То ҳанӯз, чунин ба назар мерасад, ки бисёриҳо аз кушодани сӯҳбат дар бораи ҷанги гузашта бисёр ҳарос доранд ва бо мушкил аз ёддоштҳои худ қисса мекунанд. Ва то ҳанӯз бисёр чиҳоро намегӯянд, ё гуфтан намехоҳанд.
XS
SM
MD
LG