Хатари бурузи бемориҳои сироятӣ бар асари афзоиши ҳаҷм ва масоҳати партовгоҳи ғайриқонунӣ дар маҳалаи 14-уми шаҳри Қӯрғонтеппа хеле бештар шуда, ба нигарониҳои мақомоти вогиршиносӣ ва сокинони атрофи партовгоҳ сабаб шудааст.
Дар пайи эътирозоти шадиди сокинони атроф ва гузоришҳои расонаӣ дар мавриди хатари ин партовгоҳ, додситонии вилояти Хатлон нисбат ба масъулини бахши манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хадамоти поккорӣ дар шаҳрдории Қӯрғонтеппа якбора се парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Баҳодур Нозимҷонов, корманди масъули додситонии Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, парвандаҳо нисбат ба Носир Раҳимов, раиси корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии Қӯрғонтеппа ва ду корманди ин муассиса ва ҳамчунин алайҳи як масъули корхонаи фаръии давлатии «Боғбунёд» боз шудаанд.
Вай мегӯяд, дар масоҳати чанд ҳектор замини яке аз маҳаллаҳои марказии Қӯрғонтеппа партовгоҳи ғайрирасмие ташкил шуда, корхонаи хоҷагии коммуналии шаҳр бар хилофи тадобири амнияти экологӣ ва беҳдоштии сокинони маҳаллӣ тамоми партови Қӯрғонтеппаро он ҷо гӯр мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки замини партовгоҳ ба сокинони Қӯрғонтеппа фурӯхта шуда, андаруни он чандин оила ҳоло дар як шароити барои саломатии худу кӯдакон хатарнок ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон бо изҳори нигаронӣ аз вазъи партовгоҳи Қӯрғонтеппа ва эҳтимоли хурӯҷи бемориҳои сироятӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз раиси вилояти Хатлон хостори мусоидат дар ҳалли ин масъала шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои экологӣ ва коршиносони мустақили масоили ҳифзи муҳити зист эҳтимоли хурӯҷи бемориҳои сироятиро дар Қӯрғонтеппа дар ин мавсим воқеӣ мехонанд. Дар партовгоҳи маҳаллаи 14-уми Қӯрғонтеппа сар карда аз паспартоби аҳолӣ то ба беморхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва партоби корхонаҳои саноатӣ низ партофта мешавад.
Мунира Раҳматуллоева, коршиноси масоили экологӣ, мегӯяд, феълан зарурати ҳатмии ба берун аз ҳудудҳои Қӯрғонтеппа кашида шудани тӯдаҳои партоби ин партовгоҳ ба миён омадааст. Тибқи арзёбиҳои идораи ҳифзи муҳити зисти Хатлон ҳаҷми зарари расида аз ин партовгоҳ ба экологияи Қӯрғонтеппа болиғ аз як миллиону 15 ҳазор сомонӣ будааст.
Шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар ҳамин ҳол, иқрор мекунад, ки дар ҳоли ҳозир имкони молию фаннии поккорӣ кардан ва кӯч додани партовгоҳи чандҳектораро надорад.