Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои талху ширини водии Вахш


Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон порае аз саҳифаҳои таърихи талхи миллати тоҷик аст.

Захмҳои ин ҷанги бардаркуш ҳанӯз дар тани ин миллат боқист ва ёдбуди гузаштаву сӯҳбат аз ин ҷанг барои мардум хеле нороҳаткунанда аст. Аммо боз ҳам намешавад он солҳои мудҳиш, он саҳнаҳои харобиовар ва он фалокати миллатро фаромӯш кард. Танҳо ҳақиқат аст, ки шифо меорад.

Дар солгарди имзои созишномаи истиқрори сулҳ, ки Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эълон шудааст,, вақт аст, ки порчаҳое аз он рӯзҳоро ба хотир оварем ва ба ин ваҳдати гаронарзиш арҷ гузорем.

Нашри навбатии маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» аз ҳаводиси 17 сол пеши Тоҷикистон ва назари мардум аз баландии 17 сол ба ин ҳаводис қисса мекунад.

Дар пайроҳаҳои ҷанги Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00


Соли 1992 ҳаммоми собиқ совхози "Туркманистон" бо овозаҳое машҳур шуда буд, ки гӯё дар ин ҷо мардуми бегуноҳ мавриди шиканҷа қарор гирифта, як силсила қатлҳои дастаҷамъӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар худи деҳа наздик ба 200 хона сӯзонда шудааст.

Гурӯҳи эҷодии маҷаллаи "Як рӯз бо Шумо" ба ин деҳа сафар кард ва нахуст ба назди ҳаммоми машҳур омад. Овозаи он солҳо, ки зерхонаи ин ҳаммом ба зиндон табдил ёфта буд, исбот нашуд, зеро ҳаммом ҳаргиз таҳхонае надоштааст.

Як манзили нообод низ таваҷҷӯҳи моро ба худ кашид, ки соҳиби он пас аз як бозгашти кӯтоҳ ба зодгоҳаш дубора рахти муҳоҷират бастааст. Ин бор на аз ҷанг, балки аз тангдастии рӯзгор.

Беҳтараш худ бубинед ва худ сухани шоҳидони он солҳоро бишнавед.

"Ҳаммом"-и совхози Туркманистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:06 0:00



Агар қиссаҳои зиёде гуфта шаванду сухане аз фирори даҳҳо ҳазор нафар дар зимистони сард аз обҳои одамхори рӯди Панҷ ба Афғонистон садо надиҳад, ин қисса нотамом хоҳад буд. Шоҳидон нақл мекунанд, ки зери тирпарониҳо ва садои ваҳшатангези тӯпу тонк онҳо маҷбур буданд, ватани азизи худро тарк кунанд.

Чӣ қадар зану марду кӯдак дар оби сарди дарёи Панҷ ғарқ шуд ва чӣ теъдодеро дар рӯйи амадҳои худсохт аз соҳил сари тир карданд, касе дақиқ намедонад. Танҳо вақте ба он соҳил гузаштанд ва барои аз хунукӣ намурдан хандақҳо кофта манзили зист карданд, он гоҳ падар ба ҷустуҷӯи фарзанд сар карду фарзанд ба ҷустуҷӯи волидайн ва хешу наздикон...

Хотираҳои фирор ба Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00


Хотираҳои давраи мудҳиш дар барномаҳои дигари мо идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG