Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси роҳҳои коҳиши худкушӣ


Ҳизбҳои сиёсии Суғд бо баргузории як ҳамоиш дар рӯзи 2–юми июн дар бораи роҳҳои коҳиши худкушӣ дар вилояти Суғд баҳс карданд.

Бар пояи маълумоти расмӣ, дар панҷ моҳи аввали соли равон худкушии одамон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 70 дарсад афзудааст.

Дар ин давра 74 нафар бо роҳи худкушӣ худро ба ҳалокат расонида, 39 нафари дигар қасди худкушӣ кардаанд, ки 14 нафари онҳо ноболиғ ва тақрибан баробар занону мардон мебошанд. Ҳамчунин, дар артиши Тоҷикистон низ 38 сарбоз даст ба худкушӣ зада, танҳо як нафар аз онҳо наҷот дода шудааст.

Вале чӣ омил ва сабабу ангезаҳо одамонро барои дасти дил шустан аз ҷонашон водор мекунад ва чӣ тавр метавон аз афзоиши он пешгирӣ намуд?

Бар пояи маълумоти расмӣ, дар панҷ моҳи аввали соли равон худкушии одамон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 70 дарсад афзудааст ...
Аз нигоҳи сарони бахшҳои суғдии 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон, халои маънавӣ дар ҷомеа ва дар канори он – мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ сабаб ва омилҳои аслии афзоиши худкушӣ дар миёни сокинони Суғд мебошанд.

Наим Самиев, раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар ҳамоиши мазкур ҳамчун гузоришгар иштирок мекард, сабабҳои асосии ба вартаи худкушӣ расонандаи одамонро дур будан аз таълимоти исломӣ, бекориву нодорӣ, нобоварӣ ба оянда, таъсири манфии бӯҳрони молӣ, номукаммалии таълиму тарбия ва муноқишаҳои оилавӣ аз надоштани маърифтаи хонадорӣ номбар кард.

Аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш бо такя ба маълумоти расонаҳои хабарӣ гуфта шуд, ки худкушӣ дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баланд нест. Дар Тоҷикистон худкушии одамон ба ҳар 100 ҳазор нафар 2.5 нафар рост меояд, дар ҳоле ки дар Русияву Қазоқистон тақрибан 30 кас ва дар Чин беш аз 60 нафар аз ҳар 100 ҳазор бо роҳи худкушӣ тарки ҷон мекунанд.

Аммо сарони бахшҳои аҳзоб мегӯянд, нигаронкунанда он аст, ки дар минтақаи шимолии Тоҷикистон худкушӣ дар солҳои ахир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Амин Шарифов, аз масъулини бахши идеологии ҳукумати Суғд, намоянда аз ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ, гуфт, бар ин ки омили аслии даст ба худкушӣ задани сокинон ноогоҳӣ аз таълимоти исломӣ бошад, розӣ нест.

Вай афзуд, «сабаби худкушии 39 нафарро тафтишот маълум накардааст. Синну соли онҳо калон аст ва агар таълимоти пурраи исломӣ надошта бошанд ҳам, медонанд, ки худкушӣ аз нигоҳи динӣ кори нораво ҳисобида мешавад. Шояд муноқишаҳои оилавӣ, ваъзи бади иқтисодӣ ва дигар мушкилот онҳоро то вартаи худкушӣ расонида бошад. Аз тарафи дигар, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии одамон аз имрӯз бадтар буд, аммо онҳо кам худкушӣ мекарданд. Шояд иродаи онҳо мустаҳкам буд ва имрӯз суст гаштааст ва ба фардои худ хушбин нестанд».

Вай афзуд, ки мақомот барои пешгирӣ аз афзоиши худкушӣ дар ҳамдастӣ бо донишмандони дин корҳои тарғиботиву маърифатиро миёни аҳолӣ ба роҳ мемонад.

Вале ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев, намоянда аз бахши суғдии ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон, гуфт, ҳарчанд дар банди аввали сарқонун Тоҷикистон «давлати иҷтимоӣ» номида шудааст, вале дар асл сиёсати дурусти иҷтимоӣ ба роҳ намондааст.

Вай бар он аст, ки «аксарияти мардум аз ҷониби давлат дастгирии иқтисодиву иҷтимоӣ намебинанд. Ягон мақомот ба доди онҳо намерасад. Ҳатто барои ҳамоишу эътирозҳои расмӣ ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки баромада, дили худро холӣ кунанд. Акнун буҳрони иқтиодӣ бар мушкили одамон афзуд. Шояд аз ҳамин ҷост, ки дар як–ду соли ахир шумори мардони худкуш дар Тоҷикистон афзудааст. Чунки дар Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳам бештар бори зиндагиро мардон бар дӯш доранд».

Вай мавриди хушунату зӯроварӣ қарор гирифтани занон дар оила ва бемориҳои мухталиф, дастнорасӣ ба хадамоти равонпизишкиро сабабҳое номид, ки занони тоҷикро то вартаи худкушӣ мерасонад.

Зимнан, дар ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ афзоиши бемориҳои рӯҳӣ ба таъсири фишорҳои зиндагӣ дар солҳои ахир як сабаби зиёд шудани худкушӣ дар миёни сокинони Суғд арзёбӣ гардид . Файзулло Файзиев, раҳбари бахши суғдии Ҳизби демократии Тоҷикистон.ю гуфт, дар кишвар хадамоти равонпизишкӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст ва сокинони деҳот ба равонпизишк дастрасӣ надоранд.

Ба ақидаи Файзиев, ислоҳоти куллӣ дар ҳама бахшҳо ва талқини муҳаббат ба зиндагӣ - ду омилест, ки одамонро аз роҳи худкушӣ бозмедорад ва аҳзоби сиёсӣ онҳоро ба одамон талқин кунанд.
XS
SM
MD
LG