Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш нахоҳад дод


Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (аз тарафи чап), дар Душанбе
Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (аз тарафи чап), дар Душанбе

Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, гуфт, кишвараш ҳаҷми кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро коҳиш нахоҳад дод.

Оқои Блейк, ки баъд аз мулоқот бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, бо мақомоти Тоҷикистон як қатор мушкилоти наверо баррасӣ кардаанд, ки Тоҷикистон дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бо онҳо рӯбарӯ шудааст.

Вай афзуд, бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Амрико ҳаҷми кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро нахоҳад кост. Роберт Блейк гуфт, «Тоҷикистон яке кишварҳои Осиёи Марказист, ки бештар аз ҳама кумаки Амрикоро дарёфт мекунад. Кӯмаки мо буд ва идома хоҳад дошт».

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бузургтарин кишвари кӯмакрасони Тоҷикистон аст, ки тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз 100 миллион ва аз соли 1992 ба ин сӯ беш аз 1 миллиард доллар кӯмаки бебозгашт кардааст.

Ёвари кКотиби давлатии Амрико дар мавриди ҳаҷми кӯмакҳои ояндаи кишвараш ба Тоҷикистон аз ироаи тафсилот худдорӣ кард, аммо афзуд, Амрико барои эҷоди муҳити рушди соҳибкории хурду миёна, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ба Афғонистон бо мусоидати Бонки Осиёии Рушд барои дарёфти қарз аз ин бонк ва Сандуқи байнулмилалии асъор ва ҳамчунин назорати масрафи ин қарзҳо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузориши департаменти давлатии Амрико. Тоҷикистон кишвари авторитарӣ ва дар гузориши созмони Freedom House кишваре арзёбӣ мешавад, ки худкомагӣ рӯ ба тақвият дорад.

Роберт Блейк дар посух ба он суол, ки чаро Амрико бо ҳамчунин як кишвар ҳамкорӣ ва онро сармоягузорӣ мекунад, гуфт, ин ба ҳадафҳои Амрико ва таъмини амният дар минтақа бастагӣ дорад.

Вай афзуд, «мо фикр мекунем, ки барои Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳо тақвияти равандҳои демократӣ, озодии баён ва озодии дин роҳи беҳтарини муҳофизат аз тундгароиву терроризм аст. Ин ҳама ба хотири он аст, ки тундгроиву терроризм дар Тоҷикистон реша надавонад. Қисмате аз кӯмакҳои мо ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон рушд додани ин гуна озодиҳо аст».

Қаблан интиқоли маводи ғайриназомӣ барои сарбозони Амрико ва НАТО дар Афғонистон яке аз тавофуқоте арзёбӣ мешуданд, ки миёни Душанбеву Вошингтон ба даст омада буданд ва мақомоти амрикоӣ ҳам мегуфтанд, ки барои ин мусоидат ба Тоҷикистон маблағ пардохт мекунанд.

Ёвари Котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ гуфт, ҳанӯз интиқоли ин амвол сурат нагирифта ва ин ҳам, ки Амрико барои транзит ба Тоҷикистон чӣ қадар маблағ хоҳад дод, маълум нест.
XS
SM
MD
LG