Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба ҳамлаи Исроил ба Эрон иҷоза надодааст


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико

Маъмурияти раисиҷумҳури ИМА хабарҳо дар бораи иҷоза ба Исроил барои ҳамла ба Эрон ва бознигарии нақшаҳои ҷалби Теҳрон ба музокиротро рад кард.

Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ ҳушдор дод, ки агар ягон чунин зарбае аз ҷониби Исроил ба амал ояд, масъулият бар дӯши Вошингтон хоҳад буд. Ин ҳушдори Лориҷонӣ дар посух ба изҳороти муовини раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден садо додааст, ки гуфт Вошингтон ба Телавив тарзи бархурд ба баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон дикта нахоҳад кард.

Аммо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Ян Келлӣ ҳадсзаниҳоро, ки гӯё Байден ба исроилиҳо “иҷозат” додааст ба Эрон ҳамла оварад, беасос номид. Вай изҳор дошт, ки Амрико намехоҳад ба ҳеҷ навъи амалиётҳои низомӣ иҷоза диҳад.

Бо вуҷуди ин Келлӣ ақидаи Байденро ҳимоят карда гуфт, ки Исроил давлати мустақил ва ҳақ дорад тасмими мустақилонаи низомӣ бигирад. Вай афзуд, ки Амрико ба ҳеҷ кадом кишвар дикта карданӣ нест, ки ин ё он кор кунад. Келлӣ гуфт, кишвараш алоқаманди амнияти Исроил боқӣ мемонад ва мисли Исроил барномаи ҳастаии Эрон Вошингтонро низ амиқан нигарон кардааст.

Келлӣ иддаоро дар бораи он, ки суханони Байден ин нишонаи он аст, ки маъмурияти Обама аз мушорикати дипломатӣ бо Теҳрон даст хоҳад кашид низ такзиб кард. Вай гуфт, дар суханони Байден ягон мазмуни пинҳониро ҷустан лозим нест.

Дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии Эй Би-Си Байден гуфта буд, ки Исроил ҳамчун як давлати мустақил бояд худаш тасмим бигирад, ба Эрон ва ё ба кадом кишваре, ки набошад чигуна бархурд кунад. Байден афзуд, мо наметавонем ба дигар кишвари худмухтор, ки худро дар хатар ҳис мекунад, дикта кунем, ки чиҳо метавонад ва чиҳоро наметавонад анҷом диҳад.

Аммо дарёсолор Майк Мулен, сардори раёсати аркони Нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, дар мусоҳибаи ҷудогонааш ҳушдор дод, ки бо вуҷуди боқӣ мондани интихоби низомӣ дар сари миз, кадом зарбаи низоми, ки набошад ба Эрон паёмадҳои хатарнок хоҳад дошт.

Мулен, ки дар марказӣ пажӯҳишҳои стратегӣ ва байнулмилалии Вошингтон суханронӣ мекард, гуфт, барои кӯшишҳои дипломатӣ бисёр муҳим аст, ки роҳи ҳалли мушкил пеш аз соҳибшудани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ё зарбаи низомии Исроил ё Амрико пайдо шавад. Вай афзуд ки “равзанаи замонӣ” бисёр рақиқ аст. Мулен изҳори умедворӣ намуд, ки мушкили барномаи ҳастии Эрон аз роҳи муколама бартараф хоҳад шуд.

Вай мутазаккир шуд, ки бино ба баъзе пешгӯиҳо, Эронро аз даст ёфтан ба тавлиди бомбаи ҳастаи ҳамагӣ як сол ҷудо мекунад ва ақрабакҳои соат дар ҳаракатанд.
XS
SM
MD
LG