Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз вазъи маълулон


Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи маъюбон дар вилояти Хатлон мегӯянд, вазъияти афроди маъюбу маълул беҳбуд мехоҳад.

Бахтиёр Эргашев, раиси созмони ҷамъиятии мавсум ба «Мушфиқи маъюбон», мегӯяд, феълан аксари маъюбон шуғле надоранд ва ночор даст ба гадоӣ мезананд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти расмии кишвар барои коҳиши мизони нодориву бекорӣ миёни маълулон ва ҳифзи сиҳҳати онҳо талошҳои нокофӣ ба харҷ медиҳанд.

Ин аст, ки ба иттилои созмони «Мушфиқи маъюбон», ҳоло дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мизони бештар аз ҳамаи бекорӣ дар миёни маъюбон ба мушоҳида мерасад. Бахтиёр Эргашев, раиси созмони мазкур, мегӯяд, дар аксари мавридҳо ҳуқуқи маълулон ба кору меҳнат низ маҳдуд карда мешавад.

Вай гуфт, «ҳоло азбаски аксари корхонаву ширкатҳо шахсӣ шудаанд, корхонаҳои давлатӣ каманд, дигар ҳуқуқи афроди маълул ба доштани кори музднок гоҳе поймол мешавад. Дар гузашта дар ҳама корхона маъюбон ҷойи кор доштанд, ба онҳо имтиёз дода мешуд, ғамхорӣ мешуд. Аммо ҳоло мо ҳатто шоҳид будем, ки маъюбонро аз корхонаву ширкатҳо «ту корношоямӣ» гуфта, пеш кардаанд. Мо аз вазорати адлия мехоҳем, ки ҳангоми бақайдгирии чунин корхонаву ширкатҳо талаб кунад, ки дар оинномаашон додани кор ба афроди маъюбро низ ҷой диҳанд…»

Ба ғайр аз бекорӣ, ҳамчунин нафақаи ночизи маълулӣ, ки ба ҳисоби миёна ба 60 сомонӣ баробар аст, коҳиши имтиёзҳои давлатӣ, норасоии аробаҳои маъюбӣ ва мисли ин, аз мушкилиҳои аслии афроди нотавону маълул дониста мешавад...
Ба ғайр аз бекорӣ, ҳамчунин нафақаи ночизи маълулӣ, ки ба ҳисоби миёна ба 60 сомонӣ, муодил ба камтар аз 15 доллари амрикоӣ баробар аст, коҳиши имтиёзоти давлатӣ, норасоии аробаҳои маъюбӣ ва мисли ин, аз мушкилҳои аслии афроди нотавону маълул дар вилояти Хатлон дониста мешавад.

Ва аммо мақомоти расмӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ба афроди маълули маҳаллӣ ҳаддалимкон дасти кӯмак дароз карда мешавад.

Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, мегӯяд, феълан дар қаламрави ин ноҳия наздики 3200 нафари маълул ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли ҷорӣ 26 нафар аз маълулон соҳиби аробачаи махсус гардида, 28 нафари дигар ба осоишгоҳҳои дохили кишвар фиристода шудаанд.

Вай гуфт, «мо омода ҳастем, ки ба маълулони ниёзманд барои табобат роҳхат ба осоишгоҳҳои ватанӣ бидиҳем. Ҳамчунин тасмим гирифтаем, ки бо кӯмаки сарпарастон дар ҷамоати Заргари ноҳия дар авоили соли 2010-ум як маркази хуби омӯзишӣ барои маъюбон созмон диҳем, ки онҳо дар он ҷо тавонанд ба омӯзиши компутар ва забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон машғул шаванд…»

Раиси ноҳияи Бохтар ҳамчунин гуфт, ки нафақапулии маъюбони ноҳия ба 82 сомонӣ баробар шудааст. Аммо вай дар мавриди таъсиси ҷойҳои корӣ барои маъюбон ва ё ҷалби онҳо ба умури музднок чизе нагуфт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Бахтиёр Эргашев, раиси созмони ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон», тақрибан 25 дарсади афроди маълули кишвар дорои маълумоти олӣ ва зеҳни қавӣ буда, барои рушди ҷомеа метавонанд саҳми назаррас гузоранд.

Вай ба унвони далел, аз аъзои созмони «Мушфиқи маъюбон» мисол меорад, ки дар миёни дуввуним ҳазор узв шумори бештарашон дорои касбу ҳунари гуногун ва хатмкардаи макотиби олӣ ҳастанд.

Тибқи оморҳо, феълан шумори афроди маълул, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба 150 000 нафар баробар будааст. Афроди маълул вобаста ба дараҷаҳои маъюбиашон аз бархе имтиёзҳо бархурдоранд. Масалан, онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар манзилашон бенавбат хатти телефон насб кунанд ва бо пардохти 50 дарсади маблағ хонаашонро хусусӣ гардонанд.
XS
SM
MD
LG