Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруфияти касбҳои хайётӣ ва ошпазӣ


Тайи солҳои ахир таваҷҷӯҳи духтарони тоҷик ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва пазандагӣ зиёд мешавад.

Ва онҳо ин касбҳоро на дар омӯзишгоҳҳои махсус, балки назди дӯзандагону ошпазҳо ва дар марказҳои омӯзишии созмонҳои ғайридавлатӣ меомӯзанд.

Дар ҳоле ки асри бисту як талаботи бештар ба омӯзиши касбҳои замонавӣ ва илмҳои муосир дорад, пас аксари духтарон бо кадом сабаб ба омӯзиши касби дузандагӣ ва пазандагӣ рӯй овардаанд? Оё бо ин касбҳо духтарон метавонанд дар оянда муваффақ шаванд ва аз касби хеш қаноатманд бошанд? Ва ё вазъи бади иҷтимоӣ духтарони хонаводаҳои камбизоатро водор ба чунин шакли омӯзиш кардааст?

Сомеа, ки феълан 15 сол дорад, мегӯяд, вақте ӯро дар синфи 6-ум барои ҳиҷоб доштанаш аз мактаби миёна пеш карданд, ба хотири он, ки дар оянда беҳунар намонад, касби дӯзандагиро омӯхтааст.

Даҳҳо духтарон имрӯз дар пайи омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва пазандагӣ ҳастанд. Зеро аксарияти онҳо аз сабаби камбизоатӣ имкони идома додани таҳсил дар мактабҳои олиро надоранд...
Сомеа дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, ки дар оила ҳамагӣ 3 нафар фарзанд мебошанд ва падараш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ беному нишон гардидааст ва зиндагии онҳоро бародари дар Русия муҳоҷир буда ва модараш пеш мебурдааст. Ва ӯ имкони таҳсил дар макотиби олиро надорад. Ба гуфти Сомеа, вай мехостааст, дар оянда табиб шавад ва касби дӯзандагиро аз ноилоҷи омӯхтааст.

Монанди Сомеа даҳҳо духтарон имрӯз дар пайи омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва пазандагӣ ҳастанд. Зеро аксарияти онҳо аз сабаби фақри хонаводагӣ тавони идома додани таҳсил дар муассисоти олиро надоранд. Аксаран ин духтарон баъди омӯзиши ин ду намуди касб дар бозорҳо машғули кор мешаванд ва аз ҳисоби ин зиндагии хонаводаашонро таъмин мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аксарияти 50 ҳазор хонандае, ки баъди синфи нуҳум таҳсилро тарк кардаанд, духтарон мебошанд.

Шаҳноза, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, ки ӯ дар яке аз ошхонаҳои пойтахт 1 сол кор кардаст ва пӯхтани баъзе намудҳои хӯрокро ёд гирифтааст. Имрӯз дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе савдогар аст. Ва ӯ ягон ҳуҷҷати ошпазӣ, яъне ихтисосӣ надорад.

Дар бахши касбомӯзии ҷавонон асосан созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъол мебошанд. Зарафо Раҳмонӣ, як нафар зани ҷавон ва роҳбари созмони навташкили «Нишот», мегӯяд, ки «аз рӯзи аввали таъсисёбии созмон ҳадафи мо ин буд, ки бояд бештар таваҷҷӯҳ ба омӯзиши касбҳо ба занҳои хонашин дода шавад. Вале вақте хоҳиш ва муроҷиати духтарон бештар шуд, дар мавриди дастгирии онҳо ва касб омӯхтан мо маҷбур шудем, ки давраҳои кӯтоҳи омӯзиши касби дӯзандагиро ба роҳ роҳ монем».

Ба гуфти хонум Раҳмонӣ, дар шароити кунунӣ омӯзиши чунин касбҳо барои занони тоҷик муҳим аст. Зеро дар сурати ба миён омадани баъзе ҳолатҳои мушкил ин духтарон метавонанд аз ҳисоби ҳунари хеш худро аз вартаҳои вомондагии иҷтимоии бароранд.

Ҷомеашиноси ҷавон Қурбон Гиёев мегӯяд, ки иделогияи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст ва табиист, ки ҷавонписарон роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд ва ҷавондӯхтарон бошанд пайи касбҳои севвумдараҷа мешаванд.

Ҷаноби Гиейев мегӯяд, ки хукумат тарҳи иделогияи иҷтимоиро ҳанӯз мушаххас накардааст ва ин аст, ки ҷавонон маҷбур мешаванд, ки касбҳои ғайри хоҳиши хешро мемӯзанд.

Ҷомеашинос мегӯяд, ки бояд давлат таваҷҷӯҳи бештар ба шакл додани иделогияи иҷтимоӣ диҳад ва шароити ҳадди ақал созгор барои насли ҷавон муҳайё созад. Вагарна зафъ гардидани иделогияи иҷтимоӣ боиси пайдо шудани дигар падидаҳоӣ манфӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG