Тибқи ин қонун ҳамаи захираҳои интернетӣ мисли сомонаҳо, чатҳо, блогҳо, мағозаҳои интернетӣ, китобхонаҳои интернетӣ ва ғайра ба воситаҳои ахбори омма баробар дониста шуда, дар назди қонун ҳамчун расонаҳои хабарӣ ҷавоб хоҳанд дод.
Розлана Таукина, сарвари Сандуқи дифоъ аз ҳуқуқ бо номи «Журналистон дар хатар» мегӯяд, «вай амалан шубҳа надошт, ки қонун аз ҷониби давлат фармуда ва ё таҳти фишори он қабул хоҳад шуд. Ва акнун фазои иттилоотии кишвар зери назорат қарор хоҳад гирифт ва ин ба вижа барои ҷавонону донишҷӯён, ки дар интернет гомҳои нахустин мегузоранд, маҳдудиятҳои зиёд эҷод мекунад».
Ин нуктаро Анастасия Новикова--сардабири сомонаи интернетии «Республика» низ тасдиқ намуда меафзояд, ки ин қонун ба рушди интернет дар Қазоқистон хати бутлон хоҳад кашид.
Саидқозӣ Матаев—раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон бошад, то андозае ҷонибдори назорати давлат бар интернет аст, вале ба андешаи вай, ин корро ба он сомонаҳое бояд кард, ки фаҳш, терроризм, бунёдгароӣ ва адовати милливу диниро таблиғ мекунанд. Назорати саросарӣ ба интернет, ба андешаи оқои Матаев, "амалест беҳуда ва душвор, зеро ин кор танҳо тавассути комилан қатъ кардани барқ имконпазир мегардад."
Дар мавриди он ки ин қонун хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ аст, Андрей Рихтер, коршиноси бунгоҳи марбут ба озодии васоити ахбори умуми Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ ибрози назар карда, таъкид кард, ки ин қонун ба талаботи ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест.
Вале ба гуфтаи Розлана Таукина ҳарчанд қонуни интернет қабул шуд, онҳо талоши хоҳанд кард, ин қонун лағв ва ё тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ислоҳ карда шавад.
Ёдовар мешавем, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва аҳзоби мухолифину журналистони Қазоқистон алайҳи ин қонун чанд тадбири эътирозӣ пеш гирифтанд. Аз ҷумла, онон ба нишони эътироз ба муддати як соат фаъолияти сомонаҳояшонро қатъ карданд. Ҳамчунин онҳо як ҳамоиши хомӯшонаи эътирозӣ бо даҳони баста доир карданд ва мегӯянд, муборизаи хешро идома хоҳанд дод.
"Амалест беҳуда ва душвор, зеро ин кор танҳо тавассути комилан қатъ кардани барқ имконпазир мегардад...