Изҳороти муштараки вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи шиносоӣ шудани ҷасади панҷ ҳамлагар ба посгоҳи Ҳавзи Кабуди ноҳияи Тавилдара, ки гӯё шаҳрванди Русия будаанд, дубора суолҳоеро роҷеъ ба ҳуввияти ҷангиён дар Тавлидара ба миён овард.
Аз назари таҳлилгарон ин ҳодисаҳои камназире мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар ҷараёни кадом даргириҳое силоҳбадастон ё ҷангиёни хориҷӣ ва ё табааи Русия боздошт шуда бошад.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки агар ҳам изҳороти мақомоти интизории Тоҷикистон асос дошта бошад, ҳузури силоҳбадастони хориҷиро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон чӣ тавр мешавад шарҳ дод. Ин саволи авввали мо ба Брюс Панир, таҳлилгари минтақаӣ дар радиои Озодӣ буд. Вай гуфт:
"Ин ҷо ду фарзия буда метавонад: аввал ин ки Русия метавонад аз он қаноатманд бошад, ки ин ҳодиса дар берун аз хоки ин кишвар рӯй додааст ва дар Тоҷикистон бо ин ҷангиён тавре рафтор карданд, ки дар дохили Русия ҳам мекарданд. Аммо ба бовари ман, Русия вазъро ҳам дар Қафқози Шимолӣ ва ҳам дар қаламрави Ҷомеаи муштаракулманофеъ ором нишон додан мехоҳад. Вале пайдо шудани ин афрод акнун на фақат дар Қафқози Шимолӣ, балки дар Тоҷикистон ҳам маънои онро дорад, ки вазъ тавре нест, ки Русия гуфтан мехоҳад. Русия ҳоло намехоҳад нишон диҳад, ки масъала ҷиддӣ аст ва ҳоло ин мушкил дар қаламрави ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд тавсеа меёбад".
Брюс, то имрӯз хабарҳое, ки дар он роҷеъ ба роҳёбии ҷангиёни чечентабор ва ё аз Қафқози Шимолӣ ба Тоҷикистон қариб ки ба даст наомада буд. Ин як хабар ба назар бесобиқа аст, не?
"Албатта дар гузашта ингуна овозаҳо бисёр буд. Дар гузашта гузоришҳое ба даст меомад, ки дар миёни ҷангиёни Осиёи Марказӣ чеченҳову арабҳову дигарҳо ҳастанд. Ва мо дидем, ки ҷангиёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон низ даҳ соли пеш дар Тоҷикистон буданд. Аммо ба ёди ман ҳеҷ як ҳодисае намеояд, ки дар он дар бораи кушта шудани кадом як ҷангии хориҷӣ хабар дода бошанд. Дар Афғонистон дуруст аст, ки ҳузури ҷангиёни чечентабору арабҳоро сабт карда буданд. Ба назари ман, ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон ҷангиёни чечентабор кушта мешаванд. Аслан аз рӯйдодҳои ахири ин кишвар ҳамингуна хулоса кардан мумкин аст, ки қурбониҳои асосӣ хориҷиҳо мебошанд, яъне чеченҳо ё аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон. Ба эҳтимоли зиёд, ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонистанд тавассути хоки Афғонистону Покистон ба ин ҷо биёянд ва аз ин рӯ фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ тавр метавонистанд ҳатто ҷангиёни тотору қазоқ ҳам дар миёни онҳо пайдо шаванд".
Аммо бо ин вуҷуд, бархе мегӯянд, ин изҳоротро бо шубҳа бояд қабул кард, шумо чӣ назар доред?
"Бидуни як санҷиши бетарафона дурустии ин изҳоротро тасдиқ карданд душвор аст. Шояд ба ҳукумати Тоҷикистон ин фарзия бештар қобили қабул аст, ки гӯё ба шарқи ин кишвар ҷангиёни хориҷӣ на силоҳбадастони маҳаллӣ ҳамла кардаанд. Вале ин як иттиҳомоти хеле ҷиддӣ аст, давлати Тоҷикистон ба Русия хеле мӯҳтотона муносибат мекунад. Аз ин рӯ, пахши ингуна изҳорот ба таври ошкоро маънои онро дорад, ки онҳо камубеш мутмаинанд, ки воқеан ҳам он одамон чечен ё тотор ҳастанд. Раҳмон рӯзи шанбе дар Маскав буд ва ман мутмаинам, ки онҳо дар ин мавзӯъ ҳам сӯҳбат карданд. Эҳсоси ман ин аст, ки ҷангиёне, ки як замон дар Вазиристон паноҳ ёфта буданд, ҳоло дубора ба қаламрави Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ бармегарданд ва ин нахустин бор аст, ки мо рӯйдодҳои марбут ба онҳоро шоҳид мешавем. Ба назари ман, ҳоло ин танҳо оғози кор аст".