Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ сол баъд аз лағви нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ


Имзои созишномаи сулҳи ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик
Имзои созишномаи сулҳи ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик

Даҳ сол пеш, дар рӯзи 3-юми августи соли 1999, Иттиҳоди мухолифони тоҷик эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳеҷ гуна нерӯи мусаллаҳ надорад.

Бахши аъзами мусаллаҳони оппозитсиюн ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон шомил гаштанд ва он афроде, ки ба хидмати низомӣ ноомода дониста шуданд ва ё синнусолашон гузашта буд, силоҳи худро супурда, ба ҳаёти осоишта қадам ниҳоданд.

Аммо зоҳиран ин раванд дар вақташ ва солҳои баъд ба таври бояду шояд ба иҷро нарасид. Ҳанӯз аз ҳамон соли 1999 сар карда ин ҷову он ҷо фармондеҳои саркаше зуҳур карданд, ки аз таслим кардани силоҳу муҳимот худдорӣ карданд ва ҳатто даргирӣ бо нерӯҳои давлатро идома доданд.

Дар бархе аз ҳолатҳо мақомоти давлат иддае аз мусаллаҳони собиқро, ки дар даврони нооромиҳо ҷиноят содир карда буданд ва баъдан ба ҳаёти осоишта баргаштанд, аз нав мавриди таъқиб қарор доданд ва сабабгори ин шуданд, ки мусаллаҳон дубора маънии зиндагии худро дар шӯришу ошӯб ва ҷанг ҷустуҷӯ кунанд.

Дар робита ба ҳамин солгард гуфтугӯе доштем бо раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, ки дар он зарурати ҳамоиши нерӯҳои мухолифин бо нерӯҳои расмӣ, татбиқи ин банди муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва мавзӯоти муҳими марбут ба ин масъаларо дар миён гузоштем.
XS
SM
MD
LG