Солҳои қабл дар Қазоқистон ҳодисаҳои ба ғуломӣ гирифтор гардидани муҳоҷирони тоҷик зуд-зуд рух медод. Муҳоҷиронро ғолибан ҳангоми аз марз гузаштанашон ва ё сафар тавассути қатор ё мошин ба Русия дар роҳҳои кишвар боздошт карда, ба банди ғуломӣ меандохтанд.
Вале, тавре Алия Аликова, ҳамоҳангсози барномаи мубориза алайҳи қочоқи инсони созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, солҳои ахир онон ба азияткашидагони қочоқи инсон аз Қирғизистону Ӯзбакистон ёрӣ расониданд, вале дар байни чунин ашхос шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.
Ин нуктаро Салтанат Азирбек, сухангӯи идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато низ таъйид намуда мегӯяд, ки чунин ҳодисаи ба ғуломӣ гирифтор шудани шаҳрвандони тоҷик дар идораи онҳо низ сабт нагардидааст.
Вале ҳарду ҳамсӯҳбати мо чунин меҳисобанд, ки шояд муҳоҷирони тоҷики ба ғуломӣ афтода ба ниҳоди интизомӣ муроҷиат накарда бошанд ва ё чунин имконот ба онҳо даст надода бошад. Зеро, ба гуфтаи сухангӯи идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато, вақте ҷинояткорони қочоқи инсон касеро ба банди ғуломӣ бигиранд, мекӯшанд, ки аз ин воқиа касе огоҳ нагардад.
Хонум Азирбек ба таври мисол воқеаи чанд рӯз қабл ошкоршударо баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар Алмаато ду соҳибкори ширкати роҳсозӣ 2 моҳ ба ин тараф 26 шаҳрванди Узбакистонро дар таҳхонаи бино нигоҳ дошта, онҳоро маҷбур кардаанд, ки барояшон ройгон кор кунанд.
Ғуломдорони навбаромад онҳоро дар шароити басо сангин нигоҳ медоштанд ва ба хотири он ки онҳо фирор накунанд, посбонҳо гузошта буданд. Ғуломон имкони ба ҷое баромадан ва ба касе занг задан ё дар тамос шудан надоштанд. Маҳз ба шарофати ҳушёрии истиқоматкунандагони он бино кормандони ниҳоди интизомӣ аз ин ҷиноят огоҳ шуданд.
Ҳоло алайҳи ин қочоқбарони инсон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда бозрасӣ идома дорад.
Нарзулло Ҷомиев, яке аз фаъолони Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато, низ ба гуфтаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳоди интизомӣ мувофиқ аст. Вай мегӯяд, ки таи ду сол фақат боре муҳоҷирони тоҷик дучори чунин мушкилот гардиданд, вале бо ёрии вай онҳо музди хешро гирифтанд.
Аз сӯи дигар, ба таъкиди оқои Ҷомиев, алъон бисёр муҳоҷирон ба Қазоқистон бо роҳҳои ҳавоӣ меоянд ва онҳоро дар ин ҷо хешавандону дӯстонашон пешвоз мегиранд ва ҳатто бо кор таъмин мекунанд.
Вале ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо хатари рӯзафзуни қочоқи инсонро дар ҷаҳон ва аз ҷумла, дар Қазоқистон таъйид мекунанд, зеро қочоқи инсон яке аз сердаромадтарин амали ҷиноӣ аст ва аз сӯи дигар Қазоқистон кишварест, ки қочоқбарон ба он одамонро барои чун ғулом истифода кардан меоранд ва ҳам аз роҳи ин кишвар ба дигар мамолик шаҳрвандони хориҷӣ фиристода мешаванд.
Ғолибан қочоқбарон қурбониёни қочоқи инсонро аз кишварҳои ҳамсоя мисли Ӯзбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ин ҷо оварда, баъд ба Аморати муттаҳидаи Араб, Туркия, Исроил, Куриёи Ҷанубӣ, Юнон, Русия ва Аврупои ғарбӣ мефиристанд.
Онҳо агар занону духтаронро ғолибан бо мақсадҳои фаҳшо истифода намоянд, бисёр мардон ва баъзе занону кӯдаконро аз кишварҳои ҳамсоя ба худи Қазоқистон ва хориҷа барои дар сохтмон ва кишоварзӣ чун ғулом истифода бурдан меоранд.
Ба гуфтаи Зулфия Байсакова, раиси иттиҳоди маркази бӯҳроншиносии Қазоқистон ҷиҳати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта, солҳои ахир дар Қазоқистон шумораи қурбониёни тиҷорати инсон дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, дар соли 2008 ниҳодҳои интизомии кишвар 20 ҳодисаи қочоқи инсонро ошкор карданд, ки аз он 5-тоаш қочоқи ноболиғон аст. Чаҳор парвандаи ҷиноӣ барои дуздии одамон ҷиҳати истифодаи онон дар корҳои гуногун, 11 парвандаи ҷиноӣ барои ҷалб ба танфурӯшӣ ва 226 парванда барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо боз карда шуд.
Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо, яке аз сабабҳои ба чунин рӯзи сахт, яъне ба ғуломӣ гирифтор шудани муҳоҷирон ин аст, ки ағлаби онон на забони давлатиро медонанду на русиро ва ҳамчунин аз қонунҳои кишвар низ комилан огоҳ нестанд.
Аз ин хотир кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва муҳофизони ҳуқуқи инсон ҳушдор медиҳанд, ки барои ба дасти қочоқбарони инсон наафтодан ҳар шахс бояд бидонад, ки ба куҷо меравад ва ӯ бояд бо забони он кишвар сӯҳбат карда тавонад ва ҳатто ниҳоди интизомиро бояд дар ҷараён гузорад, ки вай ба кадом ширкат меравад.
Ҳамчунин қабл аз сафар нишонии ҷои кори оянда ва нусхаи шиносномаи хешро ба пайвандонаш бигзорад. Коршиносон таъкид мекунанд, муҳим ин аст,ки ҳангоми сафар набояд ба ҳар шахси бегона, ки ба шумо кор пешниҳод мекунад, бовар кард.
Агар мабодо ба дасти қочоқбарон афтед, бояд бо ҳар роҳе ба ниҳоди интизомӣ хабар диҳед ва ё агар ин ҳодиса дар Қазоқистон рух диҳад, ба телефони боварӣ, ки рақамаш 8 800 0800 015 аст, ҳамчунин бо телефони ҳамроҳ ба рақами 102 ва аз телефони шаҳрӣ ба 02 занг занед. Ҳамчунин дар Алмаато низ телефони боварӣ рақамаш 2544041 чун дигар телефонҳои ёдшуда шабу рӯз бетаваққуф кор мекунад ва ба шумо ёрии фаврӣ расонида мешавад.