Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳо доллар барои баромадан аз Ироқ


Низомиёни Амрико барои баромадан аз Ироқ омодагӣ мегиранд ва таҳлилгарон мегӯянд, дар таърихи муосир ин бузургтарин интиқоли сарбозон ва муҳиммоти ҷангӣ хоҳад буд.

Бино бар тахмини мутахассисон, амрикоиҳо аз Ироқ бояд беш аз якуним миллион адад муҳиммоти низомӣ аз танку чархболҳои ҷангӣ шурӯъ карда, то антеннаҳои мухобиротиро бароранд. Бо иловаи сарбозу афсарон, чунин фарохонӣ ба кӯчонидани як шаҳри хурд шабоҳат дорад.

Дар ҳоле, ки то мӯҳлати охирини хурӯҷи нерӯҳо, яъне 31 августи соли 2010, як соли пурра боқӣ мондааст, ин амалиёти бесобиқаи бузург аллакай оғоз шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки барои фарохонии пурраи артиши Амрико аз Ироқ миллиардҳо доллар зарур хоҳад шуд.

Пентагон мехоҳад то моҳи марти соли оянда даҳҳо ҳазор сарбоз ва 60 дарсади муҳиммотро аз Ироқ барорад. Муовини масъули фарохонии неруҳои Амрико аз Ироқ генерал хонум Ҳейди Браун таъин шудааст.

Қариб ҳар руз корвонҳои мошинҳои боркаш ҳомили мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои мухобиротӣ ва дигар намуди муҳиммот аз Ироқи ҷануби ба Кувайт ва аз ғарби он кишвар ба Урдун ҳаракат мекунанд. Тибқи қарордоди амниятӣ миёни Ироқ ва ИМ то 50 ҳазор сарбози амрикоӣ дар он кишвар то охири соли 2011 барои таъмини амният боқӣ хоҳанд монд. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфта буд, агар сатҳи хушунатҳо дар Ироқ афзоиш наёбад, ин сарбозон як моҳ пеш аз мӯҳлат ба Амрико бармегарданд.

Баъд аз ин, навбати фирқаҳои нерӯҳои баҳрӣ мерасад, ки дар умум 22 ҳазор сарбозро ташкил медиҳад. То айни замон аллакай нисфи сарбозон ва муҳиммоти ин нерӯҳо Ироқро тарк гуфтанд ва генерал иттило дод, ки дар тӯли шаш моҳ касе аз онҳо дар хоки Ироқ нахоҳад монд.

Пентагон инчунин нақша дорад, то моҳи сентябр шумораи нерӯҳояшро дар Ироқ аз дастикам 130 ҳазор то 50 ё 75 ҳазор коҳиш диҳад. Ба гуфтаи хонум Браун, сарбозони боқимонда масъулияти бештареро бар дӯш хоҳанд гирифт. Хонум Браун инчунин иттило дод, ки теъдоди пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар Ироқ то мӯҳлати муайяншуда ба таври чашмрас коҳиш меёбад. Ҳамин тавр аз наздик ба 300 пойгоҳи мавҷуда 50 ё ҳатто камтар боқӣ хоҳад монд.

Пентагон арзиши дақиқи фарохонии нерӯҳоро аз Ироқ ҳисоб накардааст, чунки ҳанӯз маълум нест, чӣ қадар муҳиммотро амрикоиҳо бо худ мебаранд ва чӣ миқдорро ба ҳукумати Ироқ ҳадя мекунанд. Баъзе муҳиммотро амрикоиҳо мехоҳанд ба Афғонистон интиқол диҳанд.

Бо вуҷуди ин Дафтари мустақили муҳосибаи ҳукуматӣ дар аввалҳои соли ҷорӣ ба Конгресс гузориш дода буд, ки барои ду соли хуруҷи нерӯҳо тахминан то 26 миллиард доллар зарур хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG