Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишкадае дар зери фишори Вазорати маориф


Садриддин Акрамов, муассиси Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот, гуфт, дар ин ниҳод низ соли нави таҳсил оғоз ёфт.

Дар ин ҷашн ҳудуди 2 000 омӯзгору донишҷӯи ин донишкада ширкат кардаанд.

Қаблан Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судури як фармон хостори қатъи фаъолияти ин донишкада то моҳи ноябр шуда буд. Он мегӯяд, Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот бархе аз меъёрҳои муайяншуда дар иҷозатномаи ин донишкадаро риоят накардааст.

Аммо Садриддин Акрамов ин амри вазоратро ғайриқонунӣ донист ва гуфт, ки он ба ҷараёни таълиму тадрис дар донишкада халал ворид мекунад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, вазорат дар ҳоле ба меъёрҳои фаъолияти ин донишкада эрод гирифтааст, ки ҳамагӣ як сол пештар иҷозатномаи фаъолияти онро пас аз санҷишу баррасӣ худи ҳамин вазорат додааст.

Садриддин Акрамов гуфт, онҳо дубора аз болои ин амри Вазорати маориф ба додгоҳи Душанбе шикоят бурдаанд.

Баҳси миёни вазорати маориф ва ягона донишкадаи хусусии марбут ба ширкати "Садр" дар ҳоле дубора гарм мешавад, ки қаблан додгоҳи иқтисодии Душанбе баҳси рӯзада миёни ин ҳардуро ба фоидаи мақомоти донишкада ҳал карда буд. Вале Шӯҳрат Қудратов, вакили ҳуқуқии ин донишкада мегӯяд, додраси ин додгоҳ ҳамагӣ пас аз як рӯзи содир кардани ҳукмаш, таъиноти худро рад кардааст.

Сайвалӣ Қодиров, ҳуқуқдони Вазорати маориф дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки масъулони ин донишгоҳ тақозои аввалаи вазорати маориф дар бораи манъи қабули довталабонро риоя накардаанд. Ба гуфтаи вай, Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот бояд дар ин се моҳ фаъолияти худро бознигарӣ кунад. Оқои Қодиров мегӯяд, ин иқдоми взаорати маориф ба кори омӯзгорони донишкада таъсири манфӣ нахоҳад гузошт, зеро ба гуфтаи ӯ ин донишкада вазифадор аст, ки ҳуқуқи моҳонаи онҳоро бипардозад.

Баҳси рӯзада миёни Вазорати маориф ва Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот аз сӯи таҳлилгарон ҳам ба гунаҳои мухталиф ташреҳ мешавад. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки қазияи мутаваққиф шудани донишкадаи хусусии марбут ба ширкати “Садр”, аз як сӯ, ба рақобатҳои ба гуфтаи онҳо носолим дар миёни муассисаҳои омӯзишу парвариши давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҷалби донишҷӯён марбут аст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳузури фаъоли мухолифони давлат дар ин донишкада мақомоти давлатиро нороҳат кардааст.

Зимнан, Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини вай, дар ин донишкада аз фанни ҳуқуқ дарс медиҳанд. То замони даргузашташ Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши мардумии "Растохез", низ дар ин донишкада фаъолият мекард.

Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Феълан дар ин муассисаи таълимӣ ҳудуди ду ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки бештар аз 400 нафари онҳо имсол ба ин донишкада қабул шудаанд. .
XS
SM
MD
LG