Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози занон дар масҷид: раво ё норавост?


Намозгузории занон дар масҷид мавзӯи тоза нест. Ин мавзӯъ ҳанӯз панҷ соли пеш дар миёни донишмандон, рӯҳониён ва ҳам матбуоти Тоҷикистон баҳс мешуд. Вале моро ба баррасии ин мавзӯъ намозгузории гурӯҳе аз занон дар масҷиди воқеъ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе овард.

ТАНҲО ҶОЙЕ БАРОИ ИБОДАТИ ЗАНОН

Ҳар рӯзи ҷумъа ҳудуди сад тан аз занону духтарон ба хотири адои намози ҷумъа дар баробари мардон ба ин масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ меоянд. Ҳамаи онҳо дар сар рӯсарӣ доранд ва ё бо ниқоб мегарданд. Ҷойи намозгузории онҳо аз ҷойи намозгузории мардон ҷудо аст ва ҳатто пеши он бо матое пӯшонида шудааст, то назари мардон ба занон наафтад. Ҳатто роҳ ё дарвозаи даромад ва баромади занон ба ин масҷид аз роҳи мардон ҷудо карда шудааст. Аксари ин занон мегӯянд, ба ин масҷид тавассути ҳамсояҳо ва дугонаҳои худ, ки бархе аз онҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд, роҳ ёфтаанд.

Замоне ки мо ҳам барои дидани ин воқеъият, пас аз адои намози ҷумъа, ба саҳнаи масҷид ворид шудем, занҳои бешуморе берун меомаданд ва ба хонаҳои худ мешитофтанд. Бархеи онҳо сӯҳбат дар бораи намозгузории худро ҷоиз надонистанд. Аммо бархеи дигарашон бо эҳсос сухан мегуфтанд ва хушнуд буданд, ки ҷое барои ҷамъ омадану вазъ гуфтан ва ибодат карданро доранд. Ин дар ҳолест, ки панҷ сол пештар занон дар чор масҷиди ҷомеи кишвар бидуни мушкил ибодат мекарданд.

НАМОЗ АЛАЙҲИ ФАСОДИ АХЛОҚӢ

Зарафо Раҳмонӣ, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар ин масҷид намоз мегузорад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки ҷомеа аз фасоди ахлоқӣ ранҷ мебарад, масҷид танҳо ҷойгоҳест, ки занонро тарбият медиҳад ва намегузорад, ки онҳо аз доираи ахлоқи накӯ, ки дини ислом талқин мекунад, берун оянд: “Имрӯз мебинем, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёдтар занҳо таваҷҷӯҳ доранд ва рӯ меоранд ба дини мубини ислом, ки ин падидаи хуб аст. Аз нигоҳи банда ин аст, ки вақте занҳо ба масҷид меоянд тарбият мебинанд. Ислом худ дини тарбиятгар аст, адолатпеша аст. Ва масҷид ҷоест, ки инсонҳо бояд тарбият бинанд, бояд онҳо аз ҳар гуна мавзӯъҳои мухталиф огоҳ шаванд. Пас, маҳрум кардан занон аз ин мавзӯъот ба манфиат нест. Чаро ки имрӯз ҷомеа натанҳо аз касодии иқтисодиву ақлониву, балки аз фасоди ахлоқӣ ҳам ранҷ мебарад. Фақат ягона роҳ ин масҷид аст, ки занонро ба ахлоқу тарбияи хуб ва ҳам фарҳанги аслии ташвиқ кунад”.

ЗАНОНИ БЕ ИМОМ

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, намози онҳо бидуни имоматии худи занон анҷом мешавад. Зеро ба гуфтаи вай имоматӣ барои занон ҷоиз набудааст. Аммо хонум Раҳмонӣ мегӯяд, онҳо ба имоми мардон иқтидо мекунанд, ки дар масҷиди паҳлуи онҳо бо баландгӯяк имоматӣ мекунад: “Зан дар ислом ҳеҷ вақт имом шуда наметавонад. Имом мард аст. Вале ба воситаи баландгӯяк мо аз имоми мард истифода мекунем. Бо ин вуҷуд, ки ҷойи ибодати занон аз мардон ҷудост”.

ФАТВОИ МАҶБУРӢ?

Намозгузории ин гурӯҳи занон дар ҳолест, ки баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ шӯъбаи фатвои шӯрои уламои Тоҷикистон намози занон дар масҷидро ҳанӯз дар панҷ соли пеш макрӯҳ донистааст. Пешниҳоди ин мавзӯъ аз сӯйи бархе аз домуллоҳои маъруфи кишвар дар миён гузошта шуда ва шоҳидони ҳол мегӯянд, онҳо бо далелҳои мӯътамад аз ҳадису китоби фақеҳони ислом аъзои шӯрои уламоро бовар кунонидаанд, ки намози занон макрӯҳ аст.

Худойбердии Эгамбердӣ, собиқ мудири шӯъбаи фатвои шӯрои уламои Тоҷикистон, ки ин фатво маҳз дар замони раҳбарии ӯ дода шудааст, мегӯяд, вай чандон мухолифи намозгузории занон дар масҷид набуд. Баръакс, вай мехостааст, ки занон ҳам дар баробари мардон намози худро дар рӯзҳои ҷумъа бо ҷамоат адо кунанд. Вале домулло Худойбердии Эгамбердӣ мегӯяд, пас аз пофишориҳои бардавоми шӯрои уламо онҳо як чунин фатворо содир кардаанд: “Як замон Эшони Халилҷон, ки дар Ҳисор аст, даҳ варақ матлаб навишта омаданд, ки намози занон дар масҷид макрӯҳ аст. Он мактубро барои раҳбари шӯрои уламо оварда буданд, вале ба ман дода рафтанд, то ман ба эшон расонам. Баҳси ин масъала аз ҳамин матлаб сар зад. Дуввум, ба назари ман, давлат ба ин масъала дахолат карда буд…”

Яке аз иллатҳои тасмими манъи ибодати занон дар масоҷид дар набуди шароити муносиб, ба мисли адами ҷой ва таҳоратхонаи алоҳида ва роҳу дарвозаи ҷудогона марбут дониста мешавад. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки ин ангезаи сиёсӣ дорад ва ба далели ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ташвиқот дар миёни занон дар масоҷид ин амр рӯи даст гирифта шудааст.

“НАМОЗИ ҒАЙРИҚОНУНӢ”

Дар ҳамин ҳол, Зарафо Раҳмонӣ ва дигар ҳамроҳони намозгузори ӯ мегӯянд, намози ҷамоати занон дар масҷиди воқеъ дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо як рӯз ва он ҳам дар рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Онҳо мегӯянд, намозҳои дигари панҷвақтаи худро дар хонаҳояшон адо мекунанд.

Ба саволи мо, ки оё то ин муддат касе монеи намозгузории занон дар рӯзи ҷумъа дар ин масҷид шудааст ё не, хонуми Раҳмонӣ чунин гуфт: “Албатта, ҳамаи он тартибу низоме, ки имрӯз мо ба ҷо меорем ва риоя мекунем, аз чорчӯби қонун берун нест. Ин масҷид масҷиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон аст, ки бо номи маркази фарҳангии он амал мекунад. Аз доираи қонун, чунон ки арз кардам, берун нарафтаем. Ба ин хотир то ҳол ягон зиддият ба вуҷуд наомадааст. Худо кунад, ки то ахир чунин идома кунад”.

Вале дар сӯҳбат ба барномаи “Ойини Мадоро”, масъули кунунии шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Қобилҷон Боев гуфт, ки ҳанӯз ин фатвои онҳо дар бораи намозгузории занон дар масҷид тағйир накардааст. Вай гуфт, онҳое, ки ин амри Шӯрои уламоро ҳимоят ва риоят намекунанд, пас, ғайриқонунӣ амал мекунанд: “Занон, ки рафтаншон макрӯҳ бошад, дар ҳар ҳолат макрӯҳ аст. Мо ҳеҷ гоҳ аз ин фатвои худ даст намекашем. Зеро ягон сабаб доштааст, ки дар вақташ чунин як фатворо додаанд. Онҳо, ки ин амрро риоя накарда намоз гузоранд, пас, ғайриқонунӣ амал мекунанд”.

“НАМОЗИ ЗАНОН ДАР МАСҶИД ҶОИЗ АСТ”

Дар бораи намозгузории занон дар масҷид фикру назарҳо мухталифанд. Ҳар нафар аз онҳо ба гунаи худаш ин масъаларо шарҳ медиҳад ва аз ҳадису китобҳои исломӣ мисол меорад. Масалан, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар китобаш “Ҷойгоҳи масҷид дар ислом” ба сураи Оли Имрон ишора мекунад, ки он ба воҷиб будани намози ҷамоат, аз ҷумла намози ҷамоати занон таъкид мекунад: “Эй Марям, мутеъ ва фармонбардори Худо бош ва намозатро ҳамроҳи рукӯъкунандагон (ё намозгузорон) ба ҷой овар”.

Вале бархе аз уламои дигар мегӯянд, ки рафтани занон ба масҷид барои намозгузорӣ савоби бештар дорад, вале фарз нест, мисле ки он ба мардҳо фарз гардонида шудааст. Барои мисол Абудовуд дар китоби “Сунан” мегӯяд, “Занонатонро аз рафтан ба масҷидҳо бознадоред. Ва намозҳои занон дар хонаҳояшон барояшон аз рӯи савоб аз намозҳое, ки дар масҷид мехонанд, беҳтаранд”. Ва ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар "Саҳеҳу ва заъифу сунани Абудовуд саҳеҳ гуфтааст.

Ва ҳам пойгоҳи интернетии “Кимиёи Саодат”, ки аксаран баҳсҳои диниро тавзеҳ медиҳад, навиштааст, “зане назди Расули Худо омад ва гуфт: Ман мехоҳам намозамро ба ҷамоат бо шумо бихонам. Ҳазрат фармуданд: Медонам, ки дӯст дорӣ бо ман намоз бихонӣ, вале бидон, ки намоз хондан дар хона бароят беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст ва намоз хондан дар масҷиде, ки ба хонаат наздиктар аст беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст”.

Дар ҳамин ҳол, Домулло Худойбердии Эгамбердӣ ҳам мегӯяд, ба масҷид рафтани занон ва намоз гузоштани онҳо дар масҷид воҷиб нест, аммо ҷоиз аст: “Вақте пайғомбар намоз мехонданд, бачаҳо гиря мекарданд ва эшон намозро кӯтоҳ мекарданд, гуфтанӣ ҳадисҳо ҳам ҳаст. Аз ин маълум мешавад, ки дар замони пайғомбар ҳам занон бо ҷамоат намоз мегузоштаанд. Дар ин бора дар китоби Қуръон ҳам ишора рафтааст. Воҷиб нест рафтани занон ба намози ҷамоат, аммо ҷоиз аст”.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз ин мавқеи домулло Худойбердӣ ҳимоят мекунад ва мегӯяд, ки гузоштани намози ҷамоат барои занон фарз нест: “Дар намози ҷумъа иштирок кардани занон фарз нест, аммо вақте ба масҷид меоянд, фарз мешавад. Мисли ин ки шахсони мусофир, бемор ва ғуломҳоро ба масҷид барои ҷумъахонӣ омаданшон фарз нест, вале вақте омаданд, фарз мешавад. Аз занҳо ҳам чунин аст. Агар наоянд, гунаҳкор намешаванд, аммо агар хостанд, ки биёянд, касе ҳаққи манъ кардани онҳоро надорад”.

“ИН ҲУКМ НИЁЗ БА ИСЛОҲ ДОРАД”

Аммо Зубайдуллоҳи Розиқ манъи намозгузории занон дар масҷидро нақзи ҳуқуқи онҳо медонад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки аз баробарии ҳаққи зану мард сӯҳбат мекунанд, пас, набояд ин ҳаққи комили занон сарфи назар шавад. Ба гуфтаи вай, иқдоми Шӯрои уламо барои манъи намозгузории занон аз рӯйи таъкиди бархе аз муҷтаҳидон дар қарнҳои миёна гирифта шудааст. Домулло Зубайдуллоҳ мегӯяд, ҳоло ин назар ва мавқеи муҷтаҳидон ниёз ба ислоҳ дорад: “Дуруст аст, ки бархе аз фуқаҳо дар асрҳои миёна ба сабаби вайрон шудани ахлоқи мардум ба намози шабона рафтани гурӯҳи занҳоро макрӯҳ гуфтанд. Онҳо ба ҷуз аз фасоди занон, дигар такя ба ягон далели шаръӣ надоштанд. Ин назари ҳамон муҷтаҳидон буд. Ва ҳар муҷтаҳид дар замони худаш бо риояи афкори қуръонӣ, риояи аҳодиси пайғомбар, риояи замону маконе, ки ӯ зиндагӣ мекунад, як масъала вазъ мекунад. Як ҳукм мекунад. Аммо як муҷтаҳиде, ки дар асри шонздаҳу ҳабдаҳ як ҳукм кардааст, он ҳукмро мо дар замони худ мебинем, агар мутобиқат кунад, амал мекунем, ва агар мутобиқат накунад, аз рӯйи он амал кардани мо воҷиб нест”.

Ҳамсӯҳбатони мо аз ҷумлаи занони намозгузор ҳам мегӯянд, онҳоро барои адои намози ҷамоат касе маҷбур накардааст. Онҳо мегӯянд, барои боло бурдани донишҳои динияшон ва ҳам дарёфти савоб ба намози ҷамоат ба масҷид меоянд

Бо ин ҳама, мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҳар гуна шарҳ дар ин бора худдорӣ мекунанд ва намозгузорӣ ҳам барои занон ва ҳам барои мардонро дар ҷомеаи мусулмонии кишвар ба манфиат медонанд. Аммо мегӯянд, вақте Шӯрои уламо, ба гуфтаи онҳо пуштибони аслии мусулмонони Тоҷикистон, баъд аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ ба ин натиҷа расидааст, пас, бояд аҳли суннат ва ҷамоат аз он пайравӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG