Ҳамчунин ҳисоби бонкии молик ва ношири рӯзнома ҷиҳати таъмини иҷрои ҳукми додгоҳ ба даъвои Бонки "Тӯрон-Олам" мутаваққиф карда шуд.
Бар пояи иттилоияи рӯзнома, чунин амали кормандони ниҳодҳои интизомӣ замоне сурат гирифт, ки аз содир гардидани ҳукми додгоҳ вақти зиёде нагузашта ва мӯҳлати додхоҳӣ то ба 24 сентябр аст.
Аз ин хотир забти адади нашри рӯзнома ба таври мустақим баёнгари таъқиби додгоҳ шумурда шудааст. Дар иттилоия зикр гардидааст, додвар, худи бонк ва болонишинҳо таҳти сарварии нахуствазир Карим Масимов ба таври возеҳ собит карданд, ки ҳадафи асосии онон танҳо бастани рӯзномаи «Республика» аст.
Ин нуктаро Сергей Уткин -- ҳуқуқшиноси рӯзнома низ дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ таъйид намуд. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, додгоҳ аслан бо дархости даъвогар метавонад моликияти рӯзномаро ба ҳабс гирад, вале ин кор бо адами риояти қонун сурат гирифт.
Оқои Уткин мегӯяд, ягона кори баҳсбарангези онон ин аст, ки рӯзи 11 сентябр ин ҳукм содир шудааст, вале мо дар ин бора танҳо имрӯз шабона огоҳ гардидем. Ба назарам, ин чандон дуруст нест.
Маъмурони додгоҳ ҳадафмандона амал карданд то нашри якрӯзаи рӯзномаро ҳабс намоянд.
Ба таъкиди оқои Уткин онон хостанд, ки рӯзнома аз як сӯ зарари бисёри молӣ бубинад ва дигар қоматашро рост карда натавонад ва аз сӯи дигар рӯзнома ва иттилои он ба хонанда нарасад.
Ин нуктаро Оксана Макушина-- муовини сардабири нашрия низ таъйид карда мегӯяд, ҳадафи ниҳоии даъвогарон албатта бастани рӯзнома аст ва инро хатти ҳаракату бархурди маъмурони додгоҳ, масъулини бонк ва кормандони пулис ҳамон шаб собит намуд.
Хонум Макушина таъкид намуд, ки онҳо ба намояндагони бонк пешниҳод кардаанд, ки ҳама адади нашрро бигиранд ва ба фурӯш расонанд ва маблағи ҳосилшударо ба бонк таҳвил намоянд.
Вале намояндагони бонк ин пешниҳодро рад карданд ва мо ба чунин хулоса расидем, ки ба онҳо на маблағ, балки бастани рӯзнома зарур аст.
Дар асл бошад додгоҳ тибқи даъвои бонки Турон Олам рӯзномаи «Республика»-ро барои чопи мақолае, ки гӯё обрӯи бонкро коҳиш додааст ва ба он зарари молӣ расонидааст, ба маблағи 60 миллион танга ва ё беш аз ним миллион доллари амрикоӣ ҷарима карда буд ва рӯзнома хост, ки 23 000 нусха адади нашри хешро, ки ҳар нусха 50 танга қимат дорад, барои ҷуброни андаки он ҷарима сарф намояд. Акнун бошад ин миқдор рӯзнома баъди як -ду рӯз ба коғазпора табдил меёбад.
Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин шумораи рӯзнома ҳама неруи хешро истифода намуд ва корманадони пулис ҳар мошини аз матбааъ беруншударо нигоҳ дошта онро талошӣ мекарданд, ки чунин амали онон, ба гуфтаи Сергей Уткин, хилофи қонун аст.
Дар маҷмӯъ, мегӯяд ҳуқуқшинос, чунин бархурд бо рӯзномаи мустақил дар арафаи ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава, ки соли оянда Қазоқистон сарварии ин созмонро бар дӯш мегирад, амали шармандаовар аст.
Нашрияи «Республика»-ро дар Қазоқистон яке аз рӯзномаҳои мустақил ва серхонанда медонанд ва дар саҳифаҳои ин нашрия мақолаҳои интиқодии зиёде ба табъ мерасанд ва акнун ин рӯзномаро хатари басташавӣ таҳдид мекунад.
Дар оғози сол бошад, нашрияи дигари мустақил—«Тасжарған», ки ба ду забон-- русиву қазоқӣ чоп мешуд, бо ҳукми додгоҳ бар пояи даъвои депутат Ромин Мадинов ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима шуд ва бо ин сабаб аз фаъолият монд . Рӯзномаи «Республика»-ро низ чунин сарнавишти талх таҳдид мекунад.
Аҳли назар ва масъулини созмонҳои ҳуқуқи башар ва дифоъ аз озодии баён чунин бархурдҳо алайҳи рӯзномаҳои мустақили кишварро фишор ба озодии баён ва фаъолияти нашрияҳои мустақил медонанд ва чунин амалро дар Қазоқистон хилофи демократия ва озодии баён арзёбӣ мекунанд.